Читать книгу: «Нигина ва Мирмалик», страница 37

Шрифт:

Руҷӯи чаҳорум

Уқди низоми мулки ҷаҳон, гӯ, гусаста бош!

Чун дев бар мақоми Сулаймон муқим шуд…

Дев дар ин байт Чингиз аст. Шояд талаффузи дурусти ин номи бемаъно Ҷингиз бошаду дар ҷавонӣ Темуҷин мегуфтандаш. Яъне, аҷинаи сангдил…

Ҳар киву ҳар чӣ набошад, дар умри панҷоҳсолаи хеш ин балои бадро бо чашми сар надидаам. Дар паҳлӯяш нишаста, гапашро нашунидаам. Обу намакашро нахӯрдаам ва забонкӯтоҳ нестам! Дар васфаш шеъре нагуфтаам ва ягон мисраъ нахоҳам навишт. Зеро чархи ҷодупеша дарунхолӣ асту бар сухандонон аз Чингиз мадеҳа гуфтан нанги эшон бошад…

Оре, шоирон бо шоҳи муғул дарнамехӯранд. Чунки маҷлиси унсаш фасли сарморо мемонд. Доим мегуфтааст, ки «ғайр аз муғулӣ дигар забонро намедонам ва боқӣ намемонам!» Ин сухан аз Саъдӣ шунидаам.

Ҳолдонҳо мегӯянд: Чингиз филкуши сагпарвар аст. Вақте аз Хоразмшоҳ сӣ пили ҷангӣ ғанимат гирифт, аз нодонӣ пурсид: «Фил чӣ мехӯрад?» Гуфтанд: «Алаф». Гуфт: «Ба чарогоҳ сар диҳед!» Ходимон чунин карданд ва ҳама пилон мурданд. Хандиду гуфт: «Саг алаф намехӯрад, зеро аз фил доно аст!» Вай кабудранг шерсаге дошт бузургҷуссаю сахтчангол, лоғармиёну фарбеҳсурин, чашмкалону буридагӯш, афкандадуму аспсина, филзӯру гургтоз ва мурғбоз… Чингиз ин ҳайвонро аз зану фарзанду модари худаш бештар дӯст медошт…

Шоҳидон мегӯянд: ончунон сурати дилгир дошт, ки агар нақши вайро бар девори хона овезӣ, аз тарс дев қафо мегурезад! Он қадар сангдил буд, ки агар ҳазор касро дар пеши чашмаш сар занӣ, пинакаш вайрон намешуд…

Боз мегӯянд: борики қоқи дароз буд вай, бедил чу най… Рӯяш мисли санги гӯр сарду пурғубору пурчин… Косахонаи чашмаш монанди косаи сарқутхӯрии саг ношустаю дилнокаш…

Мегӯянд ки шоҳи муғул мағал надошт, яъне хобу истироҳат надошт ва пайваста фикр мекарду кор ва амал меҷусту тазвир! Боз мегӯянд, ки шоҳи муғул муғол мехост, яъне ҳам дар аснои фикрронӣ ва ҳам вақти амал фақат барои ғалаба мекӯшид ва агар илоҷе наёбад, муғолата мекард, яъне ҳамсӯҳбаташро ба ғалаткорӣ ва гумроҳӣ тела медод.

Шоҳидон мегӯянд: пас аз сӯҳбат бо Шайх Маслиҳатдин бо чашми ҳазин «аз муғули кӯчманчӣ чунин олими донишманд намебарояд» гуфту яке аз набераҳояшро «бика» унвон кард ва фармуд:

– Ту мисли Шайх Нурӣ домулло, яъне бика! Ба аспи сафед савор шаву куртаи сафед пӯш! Байни ҷамоат аз ҳама боло нишин! Фикру хулосаи туро бояд ҳама муғулҳо эҳтиром ва иҷро кунанд!

Хотунҳо мегӯянд: суханаш бенамак буду аз ях тунуктар, аммо зоҳиру ботинаш аз оташи май нимсӯхта… Аз хӯрдани хун зиндадил буду вақти дашном додан – Ҳотами Тай…

Вақти забт намудани пойтахти Чин шаст ҳазор гулдухтар аз болои девори баланд худро ба замин партофта, бо баҳои ҷон бакорати хеш нигоҳ доштанд. Кӯчаҳои шаҳр аз рехтани хуни бисёр лағжонак шуд, яъне Пекин шуд…

Боз мегӯянд: Чингизхон наркуши модапарвар асту чор зан дораду ҳар кадоме соҳиби як ҳавлии калон ва кадбонуи сад хидматгор. Аз онҳо бисту ду писар дораду бисту панҷ писари дигар аз маъшуқаҳо… Ғайр аз ин дар ҳарамаш доимо ҳазору як канизаки нозанин ҳасту бо ҳар кадоме се шабу се рӯз вақт мегузаронад…

Боз чӣ гӯям? Дилам аз зиқӣ парт мекафад, зеро бо чунин шаклу шамоил ин бадбахт гули хандони моро, Нигинаи нестандарҷаҳонро талабгору харидор шуд!?? Панҷсад хурҷини уштур тилло маҳр пешниҳод кард… Лекин аҷаб кори хуб шуд: рӯйи Нигинаро надида, аз олам дилкашол рафт. Яъне ба ҷуз ҳасрат аз дунё чизе набурд…

Саъдии ширинкалом дар Димишқ боре ба тамасхур ҳикояте гуфт:

– Қабл аз мурдан Чингизро пурсиданд, ки аз ҳама шоҳони пештар оламро бештар ба даст овардӣ, аз Искандар чор карат зиёдтар кишвар гирифтӣ. Шод меравӣ ё ғамгин? Гуфт: «Шод аз онам, ки дар тамоми муҳорибаҳо дастболо шудам, илло се ҳарби танбатан: дар масоф бо Кубро тиҳидаст мондам, дар набард бо Нурӣ ба созиш даромадам; дар талоши Нигина мағлуб шудам…»

Марги Чингиз мармуз аст, яъне пӯшида. Фарзияҳо бисёр, аммо ҳақиқат якест ва ба шикор пайванд аст. Ҳангоми шикор дар соҳили Чирчиқ аз асп афтид ва қариб мурда буд. Фарзандон бо дилсӯзӣ гуфтанд: «Пир шудед, шикор бас кунед.» Хандиду «тарки одат амри муҳол» гуфт ва боз ба сайдгоҳ рафт. Заргӯше дилхоҳ сайд кард. Фармуд, ки дар ҳавои кушод кабоб пазанд. Пухтанд, аммо намак набуд. Сипоҳие тезгард аз муҳофизони содиқи хеш ба русто фиристод, то намаки тоза орад. Аз қазо он сипоҳӣ дар канораи деҳа бо Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ вохӯрд, ки дар бар либоси чӯпонӣ гӯсфанд мечаронд. Аммо дар асл бо амри Мирмалик шоҳи муғулро қадам ба қадам дунболагирӣ мекард. Намаки заҳромез ба сипоҳӣ доду он беинсоф баррае фарбеҳ сарборӣ гирифт…

Чингиз заҳролуд шудани худро аз писари калониаш Ҷуҷӣ гумонбар шуд. Зеро аз эркафарзандаш Чағатой шунида буд, ки Ҷӯҷӣ боре дар мастӣ ба шӯхӣ гуфтааст, ки мехоҳад, вақти шикор падарро кушта, ба ҳайвону паррандаҳо осоиш бахшад.

Аз бистари беморӣ нахеста, Ҷуҷиро барои сӯҳбат ҷеғ зад. «Беморам» гуфту наомад. Вале ҷосусҳо хабар оварданд, ки саломат асту машғули шикор. Падар сахт оташин шуду бар сари фарзанди бегуноҳ «шикорчӣ» фиристод.

То хабари марги Ҷуҷии чилсоларо нашунид, ҷон надод…

Худро бо азобе ба ҳафтоду дусолагӣ расонд…

Чун фавт шуд, касе аз фарзандонаш наомад, нагирист, парвои падар накард…

Эй пир дар оташи ҷавонӣ мурда,

В-эй боқувват, ба нотавонӣ мурда!

В-эй мурда, ба ҷони ошноӣ зинда,

В-эй ташна, бе оби зиндагонӣ мурда…

Руҷӯи панҷум

Эй халқ, ал-ғиёс, зи марги Ҷалоли дин,

Дорои мулк, ҳам валиаҳди ростин…

Ин субҳ маро дил хост, то ҳадиси гунбади гардон бо исми шарифи Султон Ҷалолиддини Манкубернӣ руҷӯъ кунам, ки дар сулолаи хоразмшоҳиён ягона фарди маҳбуби умум эътироф шудааст. Аз ин боис дигар аҳли хонадон вайро бад медиданд ва Турконхотун тавонист, аз валиаҳдӣ барканораш созад. Бо вуҷуди ин падар бе маслиҳати шоҳписараш амал намекард. Алғараз, то замони сар бардоштани Чингиз, толеи маймун ва бахти ҳумоён доимо роҳкушояш буд ва номи мавзуни сипаҳсолори ғаюр дар ҷаҳон ба некӣ паҳн гашта буд. Султон Ҷалолиддин сарвару раҳнамо, устод ва мураббии Мирмалик асту маро тақдирҷунбон ва ашъорамро харидору талабгор, Нигинаро парварандаю пуштибон, яъне муттакои се ахтари навтулӯъ:

Бе ту ҳумои фатҳу зафар паршикаста бод,

Ҳангомаи давоту қалам баршикаста бод!

Гар дар санои ғайри ту з-ин пас забон диҳад,

Ҳамчун қалам забони суханвар шикаста бод!

Чингиз аз ҷой ҷунбиду Хоразмшоҳ парокандааҳволу ошуфтакор гашт. Хато аз паи хато содир карду Ҷалолиддин дилафгор шуд. Ҳолати бад то ҷое расид, ки падару писарро на раҳнамой ба кор омаду на толеъгир ва на фолбину хобгузор… Аз тилисми Чингизу макри Турконхотун падари тираақл ҳама пешниҳоди фарзанди размовари хеш рад кард, ё ба таъхир андохту худро ба тағофул зад. Вақте Мовароуннаҳр аз даст рафт, Султони ҷавон гуфт, ки «ҳама қушуни худро ғун карда, хайма бар тарфи Ҷайҳун занем ва Хуросонро нигаҳ дорем, то дар даҳани мардум бар сарзаниш набошем».

Аммо падар боз худро ношунида гирифт ва баҳона пеш овард, ки «чун маро толеъ ёр нест, ба ҳеҷ кор даст задан созгор нест!». Яъне, шоҳаншоҳи олам аз ҷанги Чингиз тарсиду на фақат фарзандашро, балки ҳама раъиятро шӯрбахт гардонд.

Тарзи дигар гӯем, падар аз ҷаҳолат андар ҷаҳон оташ заду дудаш чашми фарзанд кӯр кард ва шамшерҳои фитна сардаркаши ӯ шуд:

Ку он забон чу шери фалак баркушоданаш,

Ку он қалам гирифтану дафтар кушоданаш?

Ку он ба базми ганҷ гуҳар барфишонданаш,

Ку он ба иззат уқдаи ахтар кушоданаш?

Вайрона шуд иморати эҳсон ниҳоданаш,

Афсона шуд хазинаи гавҳар кушоданаш!

Навмед шуд умед аз ташриф доданаш,

Барбаста монд ганҷи зар аз дар кушоданаш…

Ё раб, куҷост он сару сардори сарварон

В-он сафкашида кавкабаи моҳпайкарон?!

Хайрият, ки подшоҳи пурнӯш ва пурнуф147 дар поёни умри худ басо печон ва пушаймон гашту сари қадам ҳамроҳи писаронаш Ҷалолиддину Оқшоҳ ба Ғӯрганҷ омад. Бузургони ҳукумат ва сарони дарборро дар Боғи Хуррам ҷамъ оварда, мухтасар амру наҳй кард:

– Аз касофати Чингизи ғаддор дар рӯзгори давлати мо чашми бад расид. Аз шаомат148, куфрони неъмат ва шарри муғул ба ҷон омадаем. Мебинам, ки аз тири тақдир лашкари андӯҳу ғам бар макони дуру наздик ва хонадони турку тожик ҳисороти бисёр меорад. Аз ин шанъат149 чунин панд бардоштам, ки минбаъд дида нодида ангоштан хатост ва бо ақлу ройи равшан чораву тадбир дуруст бояд андешид, то мору каждум аз кошона ронда шавад. Узлоғшоҳи ҷавон камтаҷриба, вай наметавонад, кори гиреҳ дар гиреҳ афтодаи моро бикшояд. Вайро аз валиаҳдӣ маъзул медорам. Дар Хуҷанд фарзанди бузургам Ҷалолиддинро валиаҳд хонда будам ва имрӯз мустақиман амри олиро ба самъи аркони давлат мерасонам. Султон Ҷалолиддин далер асту ҷангдида, оқил асту корозмуда, номвар асту шоҳи корзор! Аз ҳамин лаҳза шоҳписари сазовори мо подшоҳи Хоразм асту чорасози мо. Бахт ёру Худо мададгораш бод!

Шоҳи пурғурбат, ки аз шарру шӯри ҷаҳондорӣ хаста гашта, дами беғам ва фароғи ҳол мехост, аз пойтахт ба узлат рафт. Аммо Ҷалолиддин – ҷавонмарди бошавкат, хушсавлат ва босалобат, ки пешонии борику рӯйи дароз ва бинии теғадори барҷаста дошту аз ин сабаб Манкубернӣ лақаб гирифта буд, лоақал мисли Ҳазрати Одам подшоҳи нимрӯза нашуд!150 Ҳатто ним соат ҳукмронӣ натавонист кардан…

Бародари Турконхотун, сипаҳсолори чирадасту тирақалб Хумор Тегин, ки навад ҳазор сарбози сарсупурда дар итоати шахсӣ дошт, фармони подшоҳиро лагадмол намуда, ҷулуси боҳашамат орост ва худро подшоҳи ягонаи Хоразм хонд!

Ин густохӣ ва беҳаёӣ ба назараш кам намуд магар, ки бо дигар амирону вазири лаббайгӯяки хоҳараш аҳду паймони махфӣ баста, ҳабс ва қатли Ҷалолиддиншоҳро ба нақша гирифт. Бо ишораи сипаҳсолор Инанҷхон аз сӯйиқасди бадхоҳон Мирмалик сари вақт огоҳ гашту ҳамроҳи сесад сарбози содиқулқавли хеш валиаҳди нокомро пуштибонӣ намуд ва сиҳату саломат аз доми бало берун оварда, дар Насо ба қушунаш пайваст. Шоҳзода бори дигар ба додархондаш сари таъзим фуруд овард ва гуфт, ки то ҷон дар рамақ дорад, бар зидди чингизиён набард меозмояд:

Матарсон бешам аз куштан, ки ман аз ҷон маяндешам,

Сипар дар рӯ кашам аз ҷон, зи марг чандон маяндешам.

Ҷалолиддини озурда интизорро карона надида, бар зидди муғулҳо панҷ сол мардона такопӯй ва ҷалодат кард. Борҳо зафар ӯро ёр гашту ҳатто дар як муҳорибаи лаби дарёи Синд бо худи Чингиз ҷангида, қариб буд шоҳи муғулро асир гирад. Лекин яке аз саркардаҳо хиёнат карду шикаст андар шикаст омад: писари ҳафтсолаашро куштанду модар, зан ва хоҳаронашро маҷбур кард, ки худро ба оби Ҳинд андозанд, то ба дасти муғул наафтанд…

Як сабаби барор нагирифтани пайкораш он буд, ки додараш Ғиёсиддин дар ҳолати мастӣ Малик Нусрат ном сипаҳбуди содиқу шуҷоъро кушт ва аз ако рӯйгардон шуда, тарафи душман гузашт. Андактар Буроқҳоҷиб ном ҳокими дастнишондаи падараш дар Кирмон исён бардошту пояи салтанати навро сахт ҷунбонд. Дар ин моваро ҳокимони Шом ва Осиёи Сағир аз ёриву дастгирӣ рӯй тофтанд…

Хиёнати наздикон фалокати азим ба бор овард. Сипоҳиёни сершумори муғул дар як шаби тор ба урдугоҳи Ҷалолиддини қавиҳол ногаҳонӣ ҳамла оварда, қариб ҳама лашкариёнашро куштанд. Он мавзеъ чӯли Ҷалолӣ ном гирифту худи шоҳзода аз миён ғойиб гардид ва касе намедонист, ки кушта шуд ё тавонист гурехтан…

Чанде қабл таърихнигори дарбори хоразмшоҳиён Муҳаммад Насавиро дучор омадам. Аз нақли вай маълум шуд, ки Султон Ҷалолиддин дар дили шаб дили пур аз оташ ба бод дода, ҳама орзуҳо дар дил фурӯ шикаста, дили гарм аз мубориза сард карда, аз подшоҳӣ дил кандаю дар танҳоӣ дилсӯхтаю дилмурда моҳи шавволи соли 628 ҳиҷрӣ дар Диёри Амид ном шаҳри Осиёи сағир ба дили хок рафтааст…

Сухани таърихнигорон сабуку хурд ва бетаъсир набошад, хоса каломи Насавӣ, ки заррабини даврон аст! Дуруст мегӯяд ӯ, ки ёдгори чунин марди муборизро зоеъ нашояд кард. Ман низ бар онам, ки дунё гузарон асту на мулк ҷовидон монаду на вазир, на тавонгару на фақир… Аммо афсӯсу сад дареғ, ки ҷони азизи ин Шоҳзодаи асилро на душманонаш, балки хешовандонаш бар бод доданд, решаи давлати навбедорашро сӯзонданд ва хуни шарифи ин покмардро бар хоки сиёҳ рехтанд:

Рафтиву мондӣ маснади садру сарири хеш,

Бурдӣ ба хок ҷуду карам дастгири хеш…

Руҷӯи шашум

Ёрӣ чу накард бахти шӯрида, чӣ суд?

Шодӣ чу надид ин дили ғамдида, чӣ суд?!

Турконхотун аслан номи қабилавӣ ё меросии Хоразмшоҳиён нест. Он исми мубораки зани Маликшоҳи Салчуқӣ буда, дар радифи Равшанаку Сипӯз, Шаҳрнозу Арнавоз, Хафсою Субкарӣ яке аз ҳафт шоҳхонуми нозанини олам ба шумор меравад. Яъне номи модари Шоҳаншоҳи олам ориятӣ асту мисли унвон ва лақабҳояш сохтаю бофта… Аммо аз он рӯзе, ки ӯро шинохтам, саҳеҳ медонам, ки хотуни басо сарватманд ва савлатманд буда, чор ҳазор ғуломи сурхқабои ҷоннисор ва чор ҳазор ғуломи сафедҷомаи вафодор ҳамеша дар чапу росташ қарор доштанд. Панҷоҳ канизаки моҳрухсор бо чангу чағона пайваста дар хидматаш меистоданду панҷоҳ канизаки гулрухсор хушовоз суруд мехонданду ҳамқаду ҳамранг мерақсиданд. Бар замми ин, сад ҳазор лашкари ҷаррор ва сад фили ҷангӣ дар ихтиёр дошту аз бонгаш ҳафт андоми шоҳу гадо меларзид.

Даҳҳо шоирони гандумнамои ҷавфурӯш ба хидматаш камар баста, сухани каҷро ба хотири Хотуни олам рост, аммо ростро каж менамуданд. Бо мушоҳидаи чоплусию шармандагиҳо хотири ман хаёлхона гашту ҳолиё мехоҳам, ба пеши ҷаҳониён қиссаи вопасини умри Турконхотунро дар миён ниҳам, ки баъди тарк гуфтани дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ шоирро чун саги ҳар даре хомтамаъ лақаб дода буд.

Мегӯянд, ки вақте Чингизхон барои забти Ғӯрганҷ гом бардошт, дар биёбони гарми Хоразм боди самум бархосту чангу гарди бисёр барангехт ва ҷаҳон торик гашту роҳ маҳв гардид. Вале инҷиқии табиат барои элчии махсуси хони муғул садди касногузар нашуд. Ҳамон Донишманди Ҳоҷиб, ки бо забони шево Зарнухи Бухоро ва чанд шаҳри дигарро бе ҷанг ба Чингизхон таслим карда буд, аз бод тезтар ба пойтахти Хоразм даромад ва ба дасти Турконхотун номаи шоҳи муғулро супурду гуфт:

– Қоони бузург ба Худованди бонувони олам арҷ гузошта, афсӯс мехӯрад, ки фарзанди нохалаф ба шаъну шавкати Улёҳазрат иснод овардааст. Чунин рафтору гуфтори носазо яке аз сабабҳои лашкаркашии мост, вале қоони муғул фақат бо подшоҳи Хоразм ҷангидан мехоҳад, на бо модари ӯ! Агар Турконхотуни рамузфаҳм пешниҳоди созиш ва муколамаро қабул фармояд, Шайх Кубро ҳамроҳи мо фиристад барои гуфтушунид. Қоони бузург кафолат медиҳанд, ки дар ҳолати бе ҷанг таслим шудан вилоятҳои Хоразму Хуросон ба Махдумаи Ҷаҳон вогузошта мешавад.

Дар хотимаи сухан Донишманди Ҳоҷиб ба шаҳри Зарнух элчӣ шудани худро хотиррасон кард:

– Зарнухиён дархости Чингизхонро пазируфтанду амон ёфтанд, Зарнух Оқбалиқ, яъне Хуррамшаҳр шуд. Қоони мо Ғӯрганҷи шуморо Ургенҷ ном кардааст, нагузоред, ки Мобалык, яъне шаҳри аблаҳон – Аблаҳобод шавад.

Турконхотун туфи даҳонашро базӯр фурӯ бурд. Итоат ва фармонбардориро пешниҳод намудани гурги маккори пӯсти гӯсфандпӯшида ба дили шоҳхотуни тавоно ва пурғурур бағоят сахт расид. Зеро барои мудофиаи пойтахт, ки ба қалъаи дастнорас табдил дода шуда буд, лашкару аслиҳаи ҷангӣ беш аз зарурат вуҷуд дошту ба замми ин, сокинони Ғӯрганҷ аз қадимулайём ҷасуру ҷонфидо ва ҷангараи соҳибтаҷриба маҳсуб меёфтанд. Ҳанӯз ҳам ҷаҳон аз салобати модарбузурги Хоразм пуровоза буду ҳокимону амирону сипаҳсолорҳои сутург наздаш кӯзапушт мешуданд, то кафши пояшро бибӯсанд. Яъне фақат ин хотуни кабир қудрат дошт бадеро бикушад ва халқи мусулмон аз балои Чингизхон бираҳонаду фарзандашро аз азоби Худой!

Аз ровиёни ахбор шунидам, ки Шайхулшуюх Наҷмуддини Кубро ба унвони Махдумаи олам таъҷилан номае ирсол кардааст: «Эй Маликаи олам, бидон ва огоҳ бош, ки рӯбарӯи балои бад мардона мақом дорӣ! Аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб муборизони ислом ишораи туро интизоранд ва омодаанд, дини мубин ба ҷавонмардӣ ҳимоят кунанд. Азм ба разм ҷазм намо, ки Худои бахшандаро дар ниҳон бахшоишҳост. Гар намедонӣ, бидон: душман чу аз ҳама ҳилате фурӯ монад, силсилаи дӯстӣ биҷунбонад, пас он гоҳ ба дӯстӣ корҳое кунад, ки ҳеҷ душман натавонад!»

Ба ман гуфтанд, ки Турконхотун номаи шайхро хонда, дар ҷамоли ҳайрон дам басту муддате хомӯш нишаст. Лиҳозо мехост ҳила ё тадбире андешад. Аммо баъд ба ҳайҳот ҳой-ҳой гиристу чашмаш чашма шуд ва «Дигар шукуфа нахандад ба боғи пирӯзӣ! Филу каркадан бо Чингиз натавонад муқовимат кардану аз дасти зан чӣ ояд?!» гӯён, шармандавор қарор кард, ки аҳли ҳарам ва тамоми хазинаю дафинаро ҳамроҳ гирифта, ба макони бехавфу хатар гурезад. Гумони ғолиб он аст, ки Чингизхон бо номаи булъаҷаб ва сеҳри сухан ин бонуи мардафканро чашмбандӣ тавонист кардан! Зеро ба рӯяш назари пурсаодати чашми ҳамешабедори хусравӣ худ аз худ баста шуд ва идомаи кораш мисли хати доира дарҳам фитод.

Бадаҳдии он аҳдшикан бо кӣ тавон гуфт?

Аз ҳолати шӯрида сухан бо кӣ тавон гуфт?!

Мардум ҳама афсунгари дарди сари хешанд,

Онро ба гаҳи теғ задан бо кӣ тавон гуфт?

Сарҷумлаи норафтани ҷон бо кӣ тавон хонд?

В-аз ҳосили номондаи тан бо кӣ тавон гуфт?!

Гирам, ки зи ғам ҳар чӣ бувад, бо ҳама гуфтам,

Ранҷе, ки маро ҳаст зи ман, бо кӣ тавон гуфт?

Чун аз ҳама офоқ касе маҳрами мо нест,

З-ин ҳодисаи мардфиган бо кӣ тавон гуфт?

Рости гап, мисраи охиринро бо душворӣ навиштам. Чунки ибораи «ҳодисаи мардфиган» ба тафсир ниёз дорад, яъне шарҳи муҳашшо151 мебояд…

Бо дарду алам шарҳ медиҳам, ки «ҳодисаи мардфиган» охирин ваҳшати пурдаҳшати Турконхотун асту ҳама ровиёни ахбор бо забони бастаю сакта дар овоз нақл мекунанд. Пои ваҳми тезрав аз маликаи худкома ақлу шуур ва идроки инсонӣ дур афканду ҷинояти гӯшношунид содир намуд. Аз хатари фош гардидан ва ба тамоми олам овоза шудани сирри давлатӣ – фирори шармандавори Маликаи бонувони олам шармидаю тарсида, фармуд, то ҳама шоҳидони бегона – амирону вакилону ҳокимону меҳмонҳои дар Ғӯрганҷ ҳузурдоштаро ҷамъ оварда, ба пою гарданашон сангҳои гарон баста, дар оби Ому ғарқ намоянд! Амри аблаҳона бо чолокии туркона иҷро гардид ва заврақи умри бисту шаш бузургмарди Аҷам дар ваҳшаткадаи хотуни зол бодбон барнакашида, ба қаъри дарё фурӯ рафт.

…Аз эдун ваҳшонияти беадил чашми инсу ҷинси заминӣ хунполо гашту абри сапеду сиёҳи осмонӣ аз ғуссаву шарм об шуда, ба замин рехт! Хун андар хун дарёи хурӯшон гашту Турконхотунро ба коми худ фурӯ кашид…

Махдумаи аз тахту бахт маҳрумгашта хун аз дида резон ба қалъаи Илал гурезон шуд. Вай аз ҷангу ситез бо шамшери тез, тири симобрез ва азоби растохез сахт метарсид, аммо намедонист, ки арсаи маҳшар паноҳгоҳ надорад! Чингизхон аз фиребу найранги кампири шӯъбадабоз сахт оташин гашта, фармуд, ки ӯро бо кадом роҳе набошад, зинда дастгир намоянд ва кашон-кашон наздаш биёранд. Фиристодаҳои қоони муғул аз боди биёбон тезтар вазида, ба Илал расиданду ин қалъаи ҳақиқатан ҳам дастнорасро чор моҳ ба муҳосира гирифтанд. Онҳо гирдогирди қалъа девор бардошта, дарвоза шинонданду ҳатто омаду рафти паррандаҳоро ба ҳисоб мегирифтанд. Лекин Турконхотун парвои олам надошт, зеро дар ин ҳисори сангин тамоми ашё, молу коло, либосу озуқа, теғу тир ва дигар лавозимоти заруриро барои се сол захира карда буд!

Рост гуфтаанд: касеро, ки аз ӯ бахт баргардад, дар ӯ шикаст андар шикаст гардад! Дар қалъа ҳама чиз фаровон буд, ғайри об, ки аз бориши барфу борони зиёд дар ин мавзеи баландкӯҳ захира мешуд. Аммо… ноомади кор чунин шуд, ки аз рӯзи омадани Турконхотун лоақал қатрае борон нарехт ва оби сарҳавзи калон гурехт! Қалъанишинҳо ноилоҷ дасти таслим бардошта, дарвозаро кушоданд ва… ба зӯри Худованди ҳозир, нозир ва қодир қоил шуданд: ҳамин ки сарбози муғул ба дасти аҷузкампир завлона заду ба гарданаш расан печид, осмон пурабр гашту раъд ғуррид, барқ дурахшид ва ончунон борони шадид борид тасаввурнопазир!

Наъраи Турконхотун аз раъд баландтар садо доду ашки чашмаш аз борон бештар рехт ва дасти баста ба сар мезад. Аммо, аллакай дер шуда буд…

Аҳли хонадону ҳарами Хоразмшоҳ асири шоҳи муғул шуданд. Бо амри Чингизхон сари ҳама фарзандон аз тан ҷудо гардиду ҳама занҳо ба нӯйонҳо бахшида шуд. Турконхотунро шоҳи муғул хидматгори худ кард ва гуфт: «Туро қаблан авф кардем ва умед додем аз он боис, ки зани подшоҳу модари подшоҳ будӣ. Туро нагуфтем «ба ман аҳд кун, ки хилоф намекунӣ». Туро нагуфтем «савганд хӯр, ки ғадр намекунию макр намесозӣ». Туро ҳурмат ниҳодем ва хос-тем вилоят додан! Вале худат ба ризқи худат зомин шудӣ. Ҳалол хӯрдан нахостӣ, акнун ҳаром хӯр!!» Ин бигуфту пасмондаи хӯроки худро ба вай хӯронд ва маҷбур кард об аз мундӣ нӯшад…

Барои Худованди бонувони олам ҷаҳон пашшахонае шуд, ки он ҷо ҳар рӯзи Худо вайро анкабуте неш мезад. Дасте, ки қаблан тавоно буд, аз ғами нон меларзид ва ба чорае намерасид. Дили сиёҳаш, ки аз дарозии умри бадфарҷом сонияе беғам набуд, ягон мӯнису ғамхору ҳолпурсе надошт. Аз бадгуфтаю бадкардаҳои худ ҳазор пушаймон гашта, мехост узри ом гӯяд, лекин касе набуд, ки узри беваи бечораи бенавою ғамкашро ба оламиён расонад.

Аз зиндагии сагона сили бамарг шуда, бо лафзи қипчоқӣ вовайлои пинҳонӣ мекард:

Аз омадшуди ту сер шудастам, эй нафас,

Як раҳ ба дил фурӯ шаву бо оҳ ҷон барор!

Мотами дили модашери ба модасаг табдилёфта дувоздаҳ солу анде давом кард. Баъди вафоти Чингизхон хоклеси суми аспи Ҷағатой шуда, ҳар рӯз аз субҳ то шом оҳи оташин мекашиду ҳар шаб то саҳар аз оҳи гарми ҷигар лав-лав месӯхт, аммо на дар поёну на дар боло фарёдрасе надошт.

Басо сахтҷон баромад он аҷузаи оҷизгашта! Ҳарчанд аз заъфи пирӣ сахт менолид ва кораш ба охир омада буд, то хабари марги Султон Ҷалолиддинро нашунид, намурд!!

Ин хабарро шуниду… хандид. Баъд осид ва тосид…

Мурдаашро ношуста, куртакӯҳнаи ҳазордарбеҳашро кафан карда, пӯсту устухони ҳаромашро пеши сагони гулхани дӯзах партофтанд…

Бемори беилоҷ ва рангзарду косалес шудан, аз гуруснагӣ ва беқутӣ оҷизу ҳаромхӯр шудан ва ба корҳои шуққа – ҷорубкашию саргинафканӣ машғул шудани Маликаи бонувони олам муҷозоти Худованди ҳамабин аст.

Аз мурғи бадназар канда беҳ болу пар!

Ку он даврону он кӯлоҳдоришон?

В-он боди буруту мардумозоришон…

Бемори адовати хеш буданд, валек

Шуд марги фаҷо илоҷи беморишон!

147.пурнуф – пурсадо
148.шаомат – бадбахтӣ, наҳсу шум
149.шанъат – зиштӣ, кори бад.
150.Азбаски Ҳазрати Одам ҳамагӣ ним рӯз дар биҳишт будааст, вайро бо киноят Подшоҳи нимрӯза мегӯянд.
151.шарҳи муҳашшо – шарҳе, ки дар канораи саҳифа ё дар поёни матн навишта мешавад.
Возрастное ограничение:
16+
Дата выхода на Литрес:
10 февраля 2023
Дата написания:
2023
Объем:
690 стр. 1 иллюстрация
Правообладатель:
Автор
Формат скачивания:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip

С этой книгой читают

Новинка
Черновик
4,9
176