Читать книгу: «Нигина ва Мирмалик», страница 36

Шрифт:

Ходимон дарҳол коғазу қалам ҳозир гардонданд ва Шайхи мулоҳизакор бешитоб номаи мухтасар навишт: «Ассалому алайка, ё азиз-ул-буния! Туро махфӣ ва пинҳон намонад, ки муколамаи мо ба некӣ анҷомид. Хуҷанд наҷот ёфту хуҷандӣ беосеб монд. Фақат қисмати тую ҳазораи ту норавшан аст. Подшоҳи бузурги замон Чингиз Ёғу, ки ӯро Худованди инсоф ва қавлу амал дарёфтам, Мирмӯҳсинро набера ва туро дар қатори Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой фарзанд хонданист, то бо лақаби Ирвес – паланг арҷманд гардонад ва амалҳои гаронманд фармояд. Агар мункир шавию гарданкашӣ идома додан хоҳӣ, боиси мазаммати Шоҳи булкарам хоҳӣ шуд ва ин қудратманд бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, туро бо Хоразмшоҳ ҳамтақдир гардонад. Агар ба ҷафои хештан розӣ бошӣ, охирин маслиҳати мо ин аст, ки ҳар чӣ тезтар ва зудтар аз мадди назари Шоҳи бузург ғайб занӣ ва шаҳри Хуҷанд ба дасти мо супорӣ. То даме, ки дар ҳудуди вилоят ҳастӣ, касе ба ту ҳуҷум намекунад. Чун ба занҷири ҳаёту мамот расидию ба шаҳр бозпас нагашта, аз ҳад гузаштӣ, туро ба Худо ҳавола карда, ҳамон соат Хуҷанд ба Чингиз Ёғу тақдим мекунам. Ал-боқӣ ва-д-доим ҳува ҷалла ҷалолуҳу. Алфироқ, ё азиз-ул-буния143»

* * *

Мирмалик наҷотулбаротро хонду аз ишоратҷумлаи охирин фаҳмид, ки бояд биравад. Бедиранг ба гармобаи кунҷи қалъа рафта, чанд сатил оби сард бар сар рехт ва тафти худ паст нишонд. Сипас ба иҷрои ҳукми Пири ваколатдори Хуҷанд шурӯъ намуд ва ҳар чизеро, ки коршоям буд, ба киштиҳо бор кард. Ёрони худро ба сафинаҳои ҷангӣ шинонд. Худ бо ҷамоати ҳамнафасон дар заврақ нишаст ва машъалҳо барафрӯхта, бо роҳи обӣ ҷониби Хоразм ҳаракат кард, то Султон Ҷалолиддинро дарёбад ва бар зидди урдуи муғул баҳри озодии меҳан набарди ному нангро дар сатҳи пирӯзӣ идома бахшад. Бо амри Парвардигор шамол аз самти шимол худ аз худ қатъ гашту боди ҷанубӣ тунд вазид. Сорбони ҳафтод киштӣ аз андӯҳ шитобон чун тири партоб равона гардид…

Киштинишинҳоро дар ҳудуди вилоят касе безобита накард. Муғулон аз соҳил паёпаи корвони обӣ мерафтанд ва фақат назорат менамуданд. Мирмалик киштиҳоро аз бод тезтар давонда, то Фанокат расид. Занҷире фӯлодин дар миёни об кашида дид. Заврақро нигоҳ дошта, лаҳзае ҷониби Хуҷанд нигарист. Чеҳраи нуронии Пири Бузургвораш пеши назараш омад, ки охирин ҷумлаи номаи наҷотро бо овози пичирросӣ бори дигар гӯшрас кард: «Алфироқ, дидор дар қиёмат, эй фарзанди азиз!»

Вопасин хитоби Шайхи азимулқадр ва маслиҳатҳои қаблии вай ишораи қотеъ ба идомаи роҳи мубориза барои ҷиҳоди бузурги динӣ алайҳи кофирон буд. Ғазанфари шӯрида фиғони дилро бо азобе фурӯ нишонд. Бо вуҷуди ин қатрае ашки хунин аз мағзи ҷигараш берун ҷаҳид ва ба оби Сайҳун чакид. Бо дарду алам табарзин мисли дирафши Ковиёнӣ баланд бардошту бар фарқи занҷир зад.

Бо як зарбаи Рустамона занҷир шикаста шуд!

Мирмалик завлонаро пора кард, то роҳ кушода гардад. Роҳи наҷоти Аҷам ва миллати мусулмон аз асорати кофирон…

Поёни китоби сеюм

ҒУРУБИ МОҲУ АХТАРОН

Пешгуфтори китоби чаҳорум. Ғамномаи ғамбарори андалеби гирёни Исфара

Сайфуддини Исфарангӣ дар панҷоҳсолагӣ маротибаи охирин ба Ворухи андалебнавоз омад. Дар сари болини Абдулмаҷиди бемор нишаст ва муколамаи шоирона бо байти зер оғоз намуд:

Дар назму наср лашкари иқбол рондаам,

Дар қалби он ба фахр алам даркашидаам!

Сипас ба кӯҳи Душоха нигаристу андалебосо нола оғоз кард:

– Айёми ҷавонӣ дар буни ин кӯҳи ошиқкуш орзу карда будам, ки дар боби ишқу муҳаббат достоне хоҳам навишт. Вале дар ин замона зи ҳар санге садои ғами ёре меояд бар дил… Лоҷарам, ғамнома мебояд навишт…

* * *

Тибқи одат, имшаб пас аз намози хуфтан ба саҳни ҳавлӣ баромада, моҳи осмонро нигаристам, ки рух ба хуни шафақ олуда, мисли шамъи танҳо дар хонаи торик аз фироқи зулфи сарбуридаи оҳувашони диёр хуноба мегирист. Барои ба риштаи тасвир кашидани ин манзараи ҳузнангез дар ҷойхоб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гаштаю хаста шуда, заргӯшвор хоб рафтам ва Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро дар хоб дидам. Гирён нола мекард: «Искандари Сонӣ, Санҷари замон будаме… Ангуштари тавқеъ ба Нигина бахшидаме… Ангуштари по шудаме…» Мисли гург нолиду ба хок афтид, рӯй бар хок молиду то ҷон дошт, баланд «Дод!» гуфт. Қад парида, аз ҷойхоб ҷастам ва бо алам гуфтам:

– Чашми маро ҳаршаба хобаш ҳаром бошад! Сабр дарди маро даво бахшад…

Касалманд наям ман, аммо як ҳафта мешавад, ки ҳар шаб хоби парешон дида, аз дарду гудоз ранҷ мекашам:

Шаб набошад, ки рух аз дида ба хун тар накунам

В-аз ҷафоҳои фалак хок бар сар бар накунам!

Ҳар шаб ба хобгоҳи шоири бедордил аз дӯсту душманон паёмҳои хелмахел меояд. Шайхи Бузургвори Хуҷанду Нигинаи ҳаросон, Мирмалику Ҷалолиддин, Турконхотуну Чингизхон, Зиёуддину Шамси Ҳола ва дигару дигарҳо аз ҷавру бедоди фалак, аждаҳои оташдаму сагони чорчашм, аҷали бераҳму теғи хунолуд, заҳри мори гурза ва ғайраю ҳоказо шикваю маломат ва шикоят мекунанд. Аз нафаси сӯзноки онҳо кулбаи эҳзони ман пур аз дуд шуда, аз чашми тари марҳумон ашки хунин гӯиё чун жолаи навбаҳор мерезаду хоки хушки фарши сиёҳ лой мегардад.

Имрӯз дар саҳаргоҳон мани мискин дида бо дарди сар кушодаю равзанаи ниҳонхонаи андешаро боз намуда, хостам ғазале гӯям. Вале тангии дил мурғи илҳоми андалебосои маро нагузошт, то шоҳпаре боз кунад. Лоҷарам чанд байте дардолуд гуфтам:

Кори дилро сар ба роҳе мекунам,

Ҳар замон аз дард оҳе мекунам.

Аз ғами ман кас надонад ҷуз Худой,

Он чӣ ман ҳар субҳгоҳӣ мекунам…

Мавҷи хунеро, ки мехезад зи дил,

Сӯи ҷӯи дида роҳӣ мекунам!

Хуни дил мерезаму бар ин гуноҳ

Субҳи содиқро гувоҳӣ мекунам…

Рости гап, Хоразмшоҳ ба хоб даромаду маро дунё бар сар сарозер гашт! Дар ҳарими замир баноти хотирот варақ гардонда, айёми ҷавонии хеш, бори аввал ба Ворух омадану сайри зардолузори Исфараю базм дар боғи Зумрадшоҳ ва шефта шуданҳои Шоҳзода Ҷалолиддин, сафар ба Ғӯрганҷу базмҳои осмонкафи Хоразмшоҳу Турконхотун, худписандию лофу газоф, мастию пастӣ, ҷаҳлу хатоҳои шоҳи арбадаҷӯ ва бо нишони эътироз тарки дарбор кардани худро ба ёд овардам:

Дардо, ки зи умр он чӣ хуш буд, гузашт,

Давре, ки аз ӯ диле биёсуд, гузашт.

Айёми ҷавонӣ, ки баҳоре хуш буд,

Чун хандаи барфу аҳди гул зуд гузашт…

Оре, Чингиз омаду аҳди гул хазон гашт ва дар риёзи офариниш бӯи гулзоре намонд! Бо касофати он бадхоҳи девсар, ки теғи қатлу ситам бераҳмона дар миён ниҳод, бозори барномаи иқбол даршикасту хоки сияҳ бар сари олам рехт. Аз ғавғои ҳодисот Шоҳаншоҳи олам ақлтира шуду Мирмаликро теғи зафар кунд гашт. Аксулсадо рӯи бахту карам сиёҳ шуду иқди сухан гусаст ва пушти ҳунар шикаст. Оқилонро гард аз мағзи сар баромаду мифхари замону осмон зери хок шуд ва дар паҳнои Мовароуннаҳр шоири тавоноро мухлиси харидоре, дӯсти бедоре, ёри вафодоре намонд…

Дар ин нилиқафас тӯтии шаккарсухан ва булбули шайдосухан лол гашту нолон:

Дар ҳама офоқ дилхоҳе намонд,

Мардуми якрангу яктоҳе намонд.

Корвони субҳхези оҳро

Роҳ барҳам шуд, чу ҳамроҳе намонд…

Мунқалиб шуд кори олам ончунон

Оқилонро ҷони огоҳе намонд!

Сафдаронро ханҷару бозу шикаст,

Сарваронро маснаду гоҳе намонд!

Дасти зулм андар ҷаҳон боло гирифт,

Доваронро ҳашмати ҷоҳе намонд.

Ойина чун айби мардум фош кард,

Роздори халқ ҷуз оҳе намонд…

Маро низ роздоре ҷуз оҳи оташборе нест! Ҳар рӯз ҷони нотавони ман ҷоми ғами ёре дармекашаду чун саҳар сад дами сард аз дили гарм бармекашад ва ман бо сиришк барои ояндагон розномаи дил менависам. Ин марсиятҳо, ё худ ҳашт руҷӯи андалеби гирёни Исфара, ки ба номи азизони дилу дида хитта-хитта пардохтаам, бигзор ҳар лайлу наҳор вирди санохонҳои номзиндадор бошад. Бигзор қиссаҳои дарди дили шоир саҳифае аз таърих шавад.

Руҷӯи аввал

Бар хатти умдаи мулки камол, Шамсуддин

Ҳар рӯҳи қудс кунад дар паи дуо омин!

Нахустин талафе, ки аз дили ман қатрае хун ба каф овард, бераҳмона нобуд гаштани шоири арҷманд ва гуҳари якдонаи Самарқанд Шамсуддин ал-Ҳаддодӣ ас-Самарқандӣ аст, ки бародарона Шамси Ҳола мегуфтамаш ва ҳар ду додархонди шоири мӯътабари замон Зиёуддин Масъуди Хуҷандӣ будему бо амри тақдир ин шумхабарро аз забони ӯ шунидам, ки шабе дар Исфара меҳмони мо буд, аммо басо бадҳолу парешонсухан. Муддате дар меҳмонхона ба рӯйи ҳама дар баста, ниҳон аз чашми ағёр гирён шуду андаке осуда гашт ва ашки талх дар ниҳонхонаи чашм нигоҳ дошта, бо овози пасти хирросӣ гуфт:

– Ҳуҷуми гиряро бар чашми мо сабаб он аст, ки сипеҳри фазли Самарқанд, бародари арҷманди мо Шамсиддин дар фитнаи муғул кушта шуд:

Фалаки ахтари маънӣ, садафи дурри яқин

Гавҳари воситаи уқди сухан Шамсуддин.

Фитна бар куштанат аз чарх муайян шуда буд,

Ба туфайли сухани ман гузар аз иллиййин…

Дасти ларзон бар китфи устоди сухан, афзали айём Зиёуддин ниҳода, пурсидам:

– Дигар чӣ сухан дорӣ аз соҳиби Ҷавзо ту? Мо ҳар ду ғарибонем, бо беҳунарон бекас ману танҳо ту мондаем. Акнун, ки ғами дил моро як лаҳза танҳо намегузорад, оё метавонем ҷон ба саломат бурдан?! Зеро хабари марги Шамсро шунида:

Ҳамчу шамъ аз ёди ӯ дилро забон оташ гирифт,

Зоҳиру ботин маро чун нордон оташ гирифт!

Оҳи дудоҳанги ман азбас чу барқе шӯъла зад,

Каргасони осмонро ошён оташ гирифт…

Нигина, ки дар сӯҳбати мо ҳузур дошт ва ба сони гули пажмурда моварои ду андалеби гирён сархаму нолон меистод, бо садои ларзон суол кард:

– Ин хабарро оё Шакархонум шунида бошад? Кадоме гуфта буд, ки вай се моҳ пеш ба Бухоро рафтааст…

– Шамсуддину Шакархонум дар Бухоро ба қатл расидаанд… Ҳар дуро як муғул сар задааст… Аз батни Шакархонум тифли думоҳа берун оварда, лагадмол кардааст…

Фарёду фиғони Нигина ба фалак печид! Холу хату зулфу руху оразу қомати хамгаштаи кабутари ҳарам баробари дилу ҷигару чашму гӯшу пою дасти кӯтоҳшудаи оҳуи ҳарам аз бори гарони талафоти азим ларзанда гашт. Азеро он хонуми нигаҳбон рӯзу шабон чун модари меҳрубон бар ҷони Нигина меларзид.

Маро низ давоту дафтару илҳому овозу дасту забон ба ларза омад!

Аз ҳам фурӯ рехтани гулбарги ҳаёти Шакархонум таъми шакарро дар забонам талх карду ҳаловат дар ком намонд.

Сухани бокира аз марги Шамси Ҳола бева шуд:

Дӯшина хаёли ту парешонам дид,

Тарсон зи ғамат омаду пинҳонам дид.

Андешаи бедори ту хобам барбаст

То беш туро ба хоб натвонам дид…

Руҷӯи дуюм

Фалакро дӯш пурсидам, ки эй ҷунбандаи беҷон,

Маро то кай чу худ дорӣ чунин бепову саргардон?!

Ин байт субҳи он шабе тавлид ёфт, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро дар хоб дида будам. Шоҳаншоҳи олам, ки қаблан бо сеҳру ҷодуи Чингизхон ба чормавҷаи васвос афтода буду аслан андар табор бузургӣ надошт, бо касе падруд ногуфта, аз Хуҷанд ба Самарқанд рафт. Он ҷо дар рикоби Шоҳаншоҳи олам чорсад ҳазор савораи вафодор буду чорсад ҳазори дигар ба ҷанги зидди Чингиз талабгор. Бо исрори Султон Ҷалолиддин шоҳаншоҳи оламро, ки ҳанӯз вақти зинда будани падараш Текиш бо лақабҳои «Қутбиддин» ва «Алоуддин» сарфароз гашта буду пасон Искандару Санҷари сонӣ шуд, андаке раги ғайрат ва орият ҷунбид. Вале надими содиқаш хабар овард, ки «бо амри Турконхотун шабона ба ҷони подшоҳ сӯйиқасд мешавад» Шоҳи тарсон ҳаросон гашту пардаи торикӣ фуромадан ҳамон худро аз хайма ноаён берун гирифт…

Пагоҳӣ хаймаро диданд, ки аз шиддати тирборон мисли ғалбер сӯрох – сӯрох шуда буд!

Ҳарос аз душмани хонагӣ ба тарс аз хасми берунӣ замима гашту Шоҳаншоҳи олам баръало роҳи гурез пеш гирифт. Вақте аз хандақи қалъаи Самарқанд мегузашт, бо гӯши худ шунидам, ки бешармона ба аҳолӣ хитоб кард: «Ҷамъе, ки қасди поймол кардани мо доранд, агар тозиёнаҳои худро дар ин хандақ андозанд, амбошта144 мешавад. Чораи кори худ созед, то эмин бошед!»

Ҳарфи гулӯсӯзи Санҷари сониро шунида, ҳисси нафратам аз он дуболо шуд, ки то дирӯз андар сарзаниши хасм забонаш гӯё буду Чингизхонро бозичаи дасти тавонои худ мепиндошт. Беихтиёр ҷониби Ғӯрганҷ нигариста, шоири дарбор будану мадҳу қасида гуфтанҳо ва инъому унвон гирифтанҳо маро ба ёд омад:

Шаҳаншоҳо, ба бӯи он ки фармони ту бинюшад,

Мизоҷи гулшакар гирад нафас дар коми аждарҳо!

Бале, он замон шеру аждаҳои олам дар хидмати вай буд, аммо ин замон вай дар коми аждаҳо… Ба шоҳи бахтбаргашта бо тараҳҳум нигаристаму сайрафии андешаро суфта, ба риштаи назм кашидам:

Эй пардадор, парда фурӯ каш, ки роҳ нест,

Ҳангоми бор додани шоҳ асту шоҳ нест!

В-эй навбатӣ, битарс зи хосони боргоҳ,

К-он шаҳнишин куҷост, ки дар боргоҳ нест…

Он гаҳ, ки дар даҳони шакар нӯш-нӯш буд,

Акнун зи заҳри ҳодиса ҷуз оҳ-оҳ нест…

Халқест дар шигифт, к-аз ин воқеа чаро

Хуршедро чу моҳ гилеми сиёҳ нест?!

Гар нек ё бад аст, зи даври фалак бидон,

К-он ҳукми Эзад аст, фалакро гуноҳ нест!

Андактар фаҳмидам, ки чун Бухоро аз рӯи олам нопадид гашт, Хоразмшоҳ аз Мовароуннаҳр фирор кард. Ончунон саросема аз Чингиз гурехт, ки барои ба киштӣ бор кардани ҳафтод кӯлбор тиллои Кирмон фурсат надоду фармуд, халтаҳои зари холис ба дарё партоянд.

Дар Нишопур ҳатто ду соат наистода, ба Бистом шитофт. Даҳҳо шаҳру деҳаи Дамованду Мозандаронро парастувор парида, назди қалъаи Фарозин писараш Рукниддинро дучор омаду дар паноҳи қушуни сиҳазораи ӯ ба қалъаи Қорун расид. Як қисм ҳарами хеш он ҷо гузошту худ ба қалъаи Сари Ҷаҳон рафт ва ҳафтае истод. Чун дастаи махсуси таъқибгари муғулҳо бо сарварии Ҷэбе Нуйон ба ин ҳисори дастнорас наздик омад, шоҳи гурезпочик деҳаи Даҳбӯйро миёнабур карда, худро андар баҳри Хазар андохт ва дар ҷазираи беодами Ашӯр Ота маскун шуд, то аз хашми Худову халқ осуда шавад. Вале баръакс шуд. Ҷумла аҳли байт ва ҳарам, сарони сипоҳ ва мулозимон чун рӯи наҳси подшоҳро бениқоб диданд, аз табу тоб ба хурӯш омаданду ғазабпешаву хашмтоб шуданд ва шоҳи оҷизгаштаро яккаву танҳо гузоштанд.

Танҳоӣ дар кунҷи бенавоӣ беасар намонду Қутбиддини собиқ шоҳаншоҳ андаке бемор гашт. Азбаски табибе набуд, касалӣ тад-риҷан хурӯҷ карду шоҳ аз пой афтид. Касе набуд, ки парасторӣ кунад…

Касе пайдо нашуд, ки дар лаҳзаи вопасин ба ҳалқаш қатрае об чаконад…

Касе пайдо нашуд, ки манаҳашро бандад…

Шоҳаншоҳи олам, ки аз нисф зиёди дунё дар ихтиёраш буд, дар ғарибию бекасӣ зору низор ва танлоғару дилфигор ҷон ба Ҷаббор супурд.

Бе дуою фотеҳа, бе гӯру кафан аз дунё рафт…

Тани сардаш болои реги сард бесоҳиб монд…

Шабе, ки ӯро дар хоб дидам, гӯиё нолаю фиғони косахонаи сарашро аз зери хоки сиёҳ бармало шунидам ва рӯи сафҳа овардам:

Гӯ, сабри ман озод зӣ, к-аз ҷону ҷонон бас шудам,

Тарки дилу ҷон гуфтаму аз кори эшон бас шудам.

Дар боғу бӯстон солҳо додам ба хубон молҳо

Чун шуд дигаргун ҳолҳо, аз боғу бӯстон бас шудам.

Акнун, ки дил бемор шуд, ҳар панҷ ҳис бекор шуд,

Дар дида гулҳо хор шуд, аз роҳу райҳон бас шудам.

Ҳамчун Сикандар дар талаб будам ҳама умр, эй аҷаб

Акнун, ки ҳастам хушклаб, аз оби ҳайвон бас шудам!

Якчанд гаҳ Яздони пок медошт саргардон маро

Чун шуд дигаргун ройи Ӯ, гаштам пушаймон, бас шудам…

Руҷӯи сеюм

Эй дар ғами ту халқ ба зорӣ гириста,

Бар ту ба навҳа абри баҳорӣ гириста…

Аз садҳо шоҳидони фикру маънӣ возеҳу равшан шунидаам, ки баъди аз марзи Хуҷанд берун рафтани Мирмалик ва ҳазор гурди гарданфарози ӯ Шайх Маслиҳатдин заврақсавор ба соҳили чап гузашта, ба аъёну ашроф ва уламою шуарои чашминтизор гуфтанд: «Ба шоҳи муғул иҷозат додем, ки якрӯза меҳмони мо бошад. Камо янбағӣ145 пазириш кунед» Ҳамагон сари итоат хам карда, Чингизхонро, ки дар ҳалқаи чил сипоҳи муҳофиз савори амуд аз дарё гузашт, бо тӯҳфаю бахшишҳо пешвоз гирифтанд.

Шоҳи муғул соате дар сӯҳбати Шайхи бузургвор буд. Ҳар чӣ гуфтанду шуниданд, асрори ниҳон монд…

Баъди сӯҳбат Чингизхон бо дасти худ қулфи дарвозаи Фарғонаро кушод. Аммо фақат ба сесад ҷанговари муғул иҷозати вуруд дод. Улоқ Нуйонро фармуд, ки муҳосираро хотима бахшад ва ба сафари ҳарбӣ сарбозонро омода гардонад. Фарзандаш Ҷағатойро иҷозат дод, ки қалъаи обиро вайрон карда, хишти бораҳоро аз ҳам резондаю ба дарё оқонда, несту нобуд кунанд, аммо ба дигар иморати Хуҷанд даст нарасонда, аз ҳисоби сарбозон ва ҷавонони шаҳр миқдори ҳашариёни талафёфтаро пурра карда, бедиранг ба фатҳи Фарғона шурӯъ намоянд.

Нисфирӯзӣ Чингизхон зиёфати расмӣ ороста, Пири муваккали Хуҷанд Шайх Маслиҳатдинро асқоқ – ҳокими вилоят ва ноиби қоони муғул дар Мовароуннаҳр таъйин кард…

Аз паёми сабз машоми ҷонам хуш шуд ва ҳокими Хуҷанд шудани Пири донодилу тадбирсоз маро, ки дар сухан раҳбари сад Уторидам, ба мақоми ваҷд овард! Зеро дар хатти ҷабини эшон нури маонӣ дурахшону гарчӣ навадсолаанд, корҳои мулку динро чусту чобук мекунанд. Ин бузургвор метавонанд, исломро аз зери пардаи узлат бароранд ва мо метавонем, сари гумкардаи риштаи зиндагӣ ба дасти эшон бикушоем… Яъне имрӯз фурсат мувофиқ асту пайвандони Мирмалик метавонанд, бе тарсу ҳарос ба Хуҷанд рафта, дар паноҳи Пири Бузургвор бошанд.

Ин нияти моро Зиёуддини Порсӣ напазируфт:

– Ман бар онам, ки пайвандони Мирмалик дигар асло ба Хуҷанд барнагарданд. Азеро дарахти макри Чингиз ҳазор тирреша дорад! Гумони ғолиб ин аст, ки паланги ваҳшӣ барои сайди ғизоли дастӣ дом гузоштааст. Агар пои зану фарзанди Мирмалик ба Хуҷанд расад, оҳу ва оҳубарра дастгир мешаванд.

– Кӣ онҳоро асир мегирад?!

– Имрӯз дарвозаҳои Хуҷандро он сесад сарбози муғул посбонӣ мекунанду омадурафти одамон дақиқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар шаҳр ҷавони коршояме намондаасту чил муҳофизи Чингизхон акнун ҳокими Хуҷандро нигаҳбонӣ мекунанд. Яъне ҳар қадаму ҳар сухани Шайхи мо таҳти назорат аст…

– Яъне ғалабаи Шайхи мо оғози саодати мо нест?

– Шайхи мо муваффақ ва муваққар146 шуданд, лекин муваққатан… Чингизхон вақти хайрбод гуфт, ки «то замони аз Ургенҷ баргаштани мо Шайх Маслиҳатдин подшоҳи ин сарзамин! Чун ғолиб баргаштам, баъди разм базм мекунем, рақси Нигинаро мебинем. Яъне, пас аз хусумат ҳукумат меронем»…

– Худо медонад, ки Чингиз ба Хуҷанд бармегардад ё не! Чунки аз Ғӯрганҷ баргаштани вай амри муҳол аст. Шоҳаншоҳи олам он ҷост, Турконхотун он ҷост, Султон Ҷалолиддин он ҷост! Ҳама қушуну қудрату яроқу аслиҳа он ҷост!!

– Чингизхон дастхолӣ не, бо лашкари гарон ба пойтахти Хоразмшоҳ равон аст. Онҳое, ки воқифанд, сипоҳи Чингизро сагсор мехонанду нӯйони муғулро паланги ҷангӣ…

Ишораҳои равшани бародари ҳампеша шасти моро шикасту ҳамроҳи Зиёуддин ба Хуҷанд нарафтем. Аммо Чингизхон ҳам наомад! Зеро муҳорибаи Ғӯрганҷ қариб як сол тӯл кашиду баъди то нафари охирин кушта шудани аҳолӣ ва ғорат гардидани тамоми боигарӣ Чингизхон садди Ҷайҳунро кушода, шаҳри вайрону валангорро зери об ғарқ намуд. Тасфи дилаш паст нашуд магар, ки бо лашкари гарон тарафи Балх рафту дар зарфи панҷ моҳ онро ба хок яксон намуд. Сипас ба Ҳирот лашкар кашид…

Ин шаҳри азим ва ободу озода маъвои дили Зиёуддини Хуҷандист. Зеро падараш Маҳмуд ибни Масъуди Хуҷандӣ вазири Хуросон буду ин ҷо иқомат дошт ва замоне ҳамроҳи Саъдии Шерозӣ меҳмони азизи ин мизбони баҳиммату қадршинос будему ҳаққи намак. Аз ҳамин сабаб, ҳама гапу кори дунёро як сӯ гузошта, ба кошонаи Зиё шитофтам, то дар лаҳзаҳои душвор ҳамнафас ва дилбардораш бошам. Вай, чун ҳамеша, бо табассуми кушод маро истиқбол гирифт, ҳарчанд чеҳраи коҳидаву ранги хазон ва дасту дили ларзон дошт. Барои шодкомӣ ва осоиши хотири дӯст аз мағзи ҷон кӯшидам, ҳикоёти латиф гуфта, ашъори зариф хондам. Вай ҳам чанд манзума хонд, ки ба шеърҳои қаблиаш монандӣ надошт.

Пурсидам:

Дар шеъри ту садҳазор туғён аз чист?

Чун з-они ту нест шеъри ту, он аз кист?

В-ар чангули зоғ нест нӯки қаламат,

Ин зодаи табъи ту парешон аз чист?

– Шаш моҳу шаш рӯз аст, ки ҷанги чингизиён бо ҳиротиён давом дорад. Ҳар рӯз хуни дил мехӯраму ғуссаи дил рӯйи сафҳа меорам… Дигар тоқат намонд… Паҳлуи падар меравам…

Баъди ин сӯҳбат Зиёуддинро дигар надидам. Аммо се рӯз пас аз тасарруфи Ҳирот гумоштаи махсуси Чингизхон, тоҷири машҳур Маҳмуди Ялавоҷро дидам, ки бо фармони шоҳи муғул ҳокими нави Хуҷанд таъйин шуда буд. Шайх Маслиҳатдин вайро ба хонақоҳ даъват карда, чанд маслиҳат дода, дар фуроварди сухан гуфтанд:

– Моро интизорӣ дар ин манзил ба он сабаб буд, ки шаҳр соҳиб надошт. Чун ту омадӣ, ки соҳибдиле мусулмони Худотарс ҳастӣ, Хуҷанд ба туву фарзандат месупорам ва хотирҷамъ меравам:

Аз рахнаи даҳр ҳамчу дуздон ҷастам,

Рахти сафари манзили дигар бастам.

Бо лошахари вуҷуд будам якчанд,

Гург омаду хар дариду аз ғам растам…

Пири Бузургвор ибораи «аз ғам растам»-ро се бор талаффуз намуда, осуда ҷон ба ҳақ таслим карданд. Шӯълаи ҳаёти азизулвуҷуд фурӯ нишасту ҳама бандагони субҳонӣ даст ба рӯй ниҳода, ҳой-ҳой мегиристанд. Аз марги Пири Бузургвор нафир аз дунё, оҳу дареғ аз синаи анқо, оби сиёҳ аз равзанаи дилҳо баромаду аз мавҷи ашк Сайҳуни дигаре пайдо шуд ва хати дарё то китфи кӯҳ расид:

Эй тоқи боргоҳ, ки зи гардун намунаӣ

Бе нури офтоби ҷамолаш чӣ гунаӣ?

Тобути ту, ки колбади ҷони хусравист,

Аз қолаби ту зинда чу тобути мӯсавист!

Расму оини мотам риоя намуда, ҳарчанд мояи суди маонӣ бебозгашт ба зиён омада буд, дар сафи навҳагарон барнакашида овоз карахт меистодам. Аммо Бибинурӣ бо ҷомаи сӯг беист навҳагарӣ мекард. Гоҳ худро болои тобут мепартофту гоҳ сар ба замин мезад, гоҳ аз ҷой барҷаста, мӯй кандаю рӯй харошида, фиғон ба фалак мерасонд. Нолаҳои осмоншикофи ин мотамзадаи ҷомадаридаро сабаб он буд, ки чанде қабл ҳамсараш Шайх Бурҳониддини Валиро пас аз бемории тӯлонӣ дар деҳаи Ворух ба хок супорида, ҳазорон оҳи хунин аз дил бароварда, бо андак орзую умедворӣ зери қаноти бародар омад, аммо мусибаташ дучанд афзуда, андӯҳу ғуссаи кампири беболу пар аз ҳад гузашт ва ҷаҳон барояш сар ба сар мотамкада гашт.

Бо чашми ашкполо медидам, ки Бибиотуни мӯътабари вилоятро ҷон бар лаб омадаву дили ларзон дунима шудааст. Гӯё ки валвала дар осмону зилзила дар замин афтода бошад, «Бе нури офтоби ҷамоли бузургворон дунё ба ман торик шуд!» гӯён даст ба сар мезаду аз мағзи ҷигар марсия мехонд: Нури ҷабини шумо рукни имони ман буд, панҷаи нарми шумо дасти амони ман буд, чашми пурнури шумо зиннати дунёи ман буд… Во ҳасрато! Во ҳасрато!! Во ҳасрато!!!»

Маҷоли сухан, ки надоштам, руҷӯъ дар замир кардам:

– Пири Бузургвори мо, ки бар ҳунару сухани воло ишқ доштанд, зери хок пинҳон шуданд… Чӣ ояд аз дасти мо?!

Рӯзи вафоти эшон аз сӯзи халқ оби дида баҳр гашт, ҳамин кофист. Ҳарчанд аз ҷунбиши тӯфони марги Пири Бузургвор боми хонаи қалби нозук фурӯ рехтааст, сар афшондаю даст бардоштаву ҳазор нолаю афғон кашем, суде надорад. Ин чора аз бечорагист.

Дар ин замона, ки фазлу хирад торик гаштааст, инсони хокӣ аз тару хушки он муҷаррад аст. Хубаш, зикри хайр кунем, ки хушоянди Худо бошад. Зеро рӯзи қиёмат аз кору кирдор пурсанд, на аз давлату сарвату хешу табор! Худи Худои таъоло фазл карду Пири Хуҷанд бо мадади нерӯи тавонои Шери Хуҷанд ёсои Чингизӣ ба шаръи Муҳаммадӣ ва шеъри Каломӣ он қадар моҳирона пайванд карда, ба қабзаи иқтидор дароварданд, ки ҳарчанд ҷони ширин ба олами бақо интиқол ёфт, аммо назми зиндагӣ пеш аз Худованди хеш завол наёфт!

Пири донои Хуҷанд «хуш дар дам» гуфтанду «назар бар қалам» фармуданд, яъне дониста сухан гуфтанро талаб намуданду муридонро ба поквиҷдонӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ водор сохтанд. Аҳли хирадро ба «сафар дар ватан» хонданду ҳамзамон ҷонибдори «хилват дар анҷуман» буданд, то шинохти Худо бештар имконпазир гардад. Қабл аз дигарон «дил ба ёр, даст ба кор» гуфтанду тинати бадхоҳон бо зулоли лутфу карам сириштанд ва дар баҳси мулкдорӣ бар Чингизхон ғолиб омаданд. Дар натиҷа, аз номи табарруки Пири мо дини ислом ҷамоле ёфт ва дар макони эшон аҳли исломро камоле афзуд. Аз равзаи хулқи поки Пири мо сӯи боғи Ирам насими тоза вазид ва пояи қадри эшон шоҳсутуни тоқи фалак гардид:

Осори ту кироми ҷаҳонро имом бод,

Таърихи аҳдномаи умри киром бод!

Ҷони туро, ки ҳамдами рӯҳи Масеҳ буд,

Дор-ул-қарор гулшани дор-ус-салом бод!

Тобути зиндаҷони туро аз сафои ту

Дар қуббаҳои нури Илоҳӣ мақом бод!

Хоки ту аз барои тавофи муҷовирон

То нафхи сур тавъами байт-ул-ҳаром бод!

Ҳар рукн аз мақоми ту андар миёни халқ

Чун Каъба қиблаву чу ҳарам некном бод!

Бо дархости ҷамоат ҷасади Шайхи Бузургвор Бадеуддини Нурӣ дар паҳлуи қабри саҳобаи гиромӣ Товуси Ҳарамайн дафн гардид. Зеро динро рукне ва мулкро ҳусне буд…

Рӯзи дигар боз як ҷаноза шуд – Бибинурӣ ҷон ба Ҳақ супорид ва дар деҳаи Унҷӣ паҳлуи модар зери хок оромид…

Ғам хӯр пас аз ин, ки ғамгусорон рафтанд,

Ҳастӣ маталаб, ки ҳақгузорон рафтанд…

143.Пояндаву мудом танҳо он Ягона аст ва бузург аст ҷалоли ӯ. То боздид, эй фарзанди азиз.
144.амбошта – пур
145.камо янбағӣ – чунонки мебояд
146.Муваффақ ва муваққар – комёб ва мӯҳтарам
Возрастное ограничение:
16+
Дата выхода на Литрес:
10 февраля 2023
Дата написания:
2023
Объем:
690 стр. 1 иллюстрация
Правообладатель:
Автор
Формат скачивания:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip

С этой книгой читают

Новинка
Черновик
4,9
176