Читать книгу: «Нигина ва Мирмалик», страница 38

Шрифт:

Руҷӯи ҳафтум

Аз мурдани ту модари дунё ақим шуд,

Ҳар ҷо суханварест, муғулро надим шуд…

Шигифто! Дар панҷоҳсолагӣ аз заҳри ғами замона, ки бо хуни дил менӯшам, пир гаштаам… Дигар тоқати дам задан аз дарди фироқи ёрон надорам ва намедонам, пас аз сӯгу сӯхтанҳо мурғи илҳому саманди амалро чӣ кунам?

Нури диле зи шамъи ҷавонӣ наёфтам,

Бӯи хуше зи субҳи амонӣ наёфтам.

Будам чу Хизр ташнаи оби бақо басе

Ному нишон зи равонӣ наёфтам.

Чун мӯй гаштам аз ғами афзуние чу мӯй

Як орзуи ҳардуҷаҳонӣ наёфтам!

Сатрҳои норавони нав аз дил таровидаро дар варақи алоҳида сабт карда, лаҳзае саргаранг мондам: ин таркиббанд ба муаллиф нисбат дорад ё ба Мирмалик?! Зеро аз ашъор ва гуфтори Зиёуддини Хуҷандӣ медонистам, ки Мирмаликро оғози кор аз фазли Яздон баромад. Чун дар қалъаи обӣ ватан сохт, ҳар он тир, ки баҳри қути адӯяш андохт, муғулро ба мағзи ҷон даромад. Ба ҳукми ӯ ҳазор сарбоз аз як гиребон сар бароварда, сарфароз шуданду Ҷағатойи сархуш ва сармаст сарпаст гардид. Ба қавли Хоҷа Зиёуддин:

Муаттал чунон шуд зи адли ӯ ханҷар,

Ки зангор аз рӯйи сӯҳон баромад!

Тани ҳар мубориз ба ҷавшан фурӯ шуд,

Сари ҳар диловар ба хафтон баромад.

Зи як ҷунбиши теғи Баҳромфеълаш

Дусад мавҷи хун то ба Кайвон баромад!

Зи борони тири ӯ аз хок з-он пас

Ба ҷои гияҳ шохи пайкон баромад.

Фалак бод маддоҳи ӯ, чун дилашро

Мурод аз фалак ҳар чӣ буд, он баромад…

Баъде ки ғазанфари Хуҷанд занҷир пора карду киштисавор ба ҳудуди Фанокат даромад, лашкариёни муғул аз ду соҳил ҳамлаҳои шадид оғоз карданд. Лекин хуҷандиёни қодирандоз бо тирҳои ҳадафрас онҳоро дур меронданд ва киштиҳоро чун бод медавонданд. Мегӯянд, ки дар ҳудуди Фанокат миёни соҳилиён ва киштинишинон дувоздаҳ муҳорибаи хунин ба амал омаду садҳо нафар қурбон шуданд.

Ҷӯҷӣ аз фирори Мирмалик хабар ёфта, худ ба соҳили Сайҳун омаду ба сипоҳиён фармуд, ки назди даромадгоҳи Борҷиликқанд дар ду тараф камин нишинанду аз заврақу чӯбу киштию манҷаниқу аррода даруни дарё садди искандарӣ созанд ва ба гарданшахҳо имкони ҳаракат надиҳанд. Мирмалик, ки дигар илоҷи пешравӣ надошт, ҳама одамону аслиҳаю озуқаро аз об берун овард. Далерони ойинғурури тоҷик ба хоки Ҷанд қадам ниҳодан ҳамон бо муғулҳои нишаста дар камин пайкори хунин оғоз намуданд. Онҳо бо теғу тир хасмро аз сари бору буна дур андохта, аммо дар паҳнои биёбон бӯйи хуше аз амонӣ наёфтанд. Ҳама орзуҳои наҷиби шеру шербачаҳо дар чӯли тасфон чун гули армон пажмурда гашт…

Паланги обӣ баъди дарёнавардию дарёнабардӣ бабри биёбонгард шуда, дар бодияи сард ва пурдард аз мобайни реги сурх бо машаққати тоқатшикан роҳи ҳаёту мамот кушода, бо хасми бодияпарвардаи сершумор ва таҷрибадор, ки паёпай ҳамла меовард, ҷангҳо бо шамшер ва дандон карда, бору бунаро аз даст дода, бе обу ғизо монда, баъде ки ҳама ёронаш биёбонмарг шуданд, тани танҳо бо се тири камон – якеаш бепайкон ба канори водии марг расид. Ҷон бар лаб, бо чашмони камнур ва безиё ба қафо нигарист. Дид, ки се муғул шитобон аз паяш меоянд, тири бепайкон ба камон ниҳоду зеҳро кашид. Дидаи як муғул аз зарби хаданг мумул шуд, яъне аз дидаи бино маҳрум гашту ҳамроҳонаш аз тарси ҷон мисли шағол қафо гурехтанд. Шери Хуҷанд, ки аз ҷонаш рамақе монда буд, баъд аз се шабонарӯз хазидану тапидан ба Ғӯрганҷ расид ва аз осмон дуои Саъдиро шунид:

Гараш вилояту фармону ганҷу мол намонд,

Бимонд раҳмати Парвардигори ғаффораш.

Бузургвор Худоё, ба фарру давлату ком

Давоми умр бидеҳ солҳои бисёраш!

Дар пойтахти мамлакати ҷангзада бесомонӣ ва харҷу марҷи том ҳукмфармо буду саг соҳибашро намеёфт. Аксар сипаҳсолорҳо сар аз ҳадди паймон берун бурда, ҳар кадом ба кори дилхоҳи худ машғул буданду Мирмалики саргардон ҳазору як дарро кӯфта, аз байни лашкариёни собиқи хеш ҳамагӣ сесад марди ҷангӣ ғун карда тавонист. Вай аз ҳасрату афсӯсу надомат пушти даст мегазид, зеро лашкари пароканда наметавонист бо барқи теғи алмос дасти тавонои Чингизи васвос бибуррад:

Иқбол куҷоӣ, ки маро ёд кунӣ,

Ё хирмани ғамҳои маро бод кунӣ!

Эй бахти бадам, умед намурдаст, биё!

То бар сари гӯр ҷонам озод кунӣ!

Муаррихи пурдида Шаҳобиддини Насавӣ он рӯзҳои душворро муфассал ба ман қисса карду мухтасар мегӯям:

– Мирмалик, ки раги оби Сайҳунро бо ҷавонмардӣ ёфта, ба хуноби ҷигар борҳо аз сари тӯфони бало даргузашта буд, дар ғарибхонаи даргумшуда билкулл ноумед нашуд. Аз ёрони қадимаи ҷангозмуда, ки дилпур буд, мурғи ғайраташ пар афшонду сози корзор кард. Ба Шаҳрканд ном мавзеи аз ҷониби душман ишғолшуда ногаҳонӣ ҳуҷум овард. Аввал шиҳнаро сар заду сипас хунрезие ҳалол карда, ҳама ҷангиёни муғулро кушт. Аз ғалабаи нахустин дар давраи нави мубориза рӯҳбаланд гашт, аммо бо хотири парешон зуд ба Ғӯрганҷ баргашт. Зеро аз паймони пинҳонии Хумор Тегин ва амирону шарикони ӯ дар бобати дастгир ва маҳв кардани Султон Ҷалолиддин воқиф гардид. Ғазанфари Хуҷанд подшоҳи бетахту кӯлоҳ ва бесару сомонро аз варта наҷот дод, лек фаҳмид, ки баъди ин ҳама номардиҳо осоиш аз дунё набояд чашм дошт, зеро чун нигин аз мақомаш бархезад, қир дар ангуштарин монад!

Султон Ҷалолиддин ва нигаҳбону раҳнамояш Дамир Малик тавонистанд, биёбони моварои Хоразму Хуросонро таи панҷ рӯз миёнбур кунанд. Ҳол он ки корвониён ин марҳиларо дар муддати шонздаҳ рӯз мепаймоянд. Муғулҳо бо амри қоони худ аз Марв то Шаҳристон биёбонро ҳалқапеч карданд, то лочинҳоро асир гиранд. Наздики Насо ҳафтсад савораи муҷаҳҳази муғул омодаи ҳарб меистод. Ҷалолиддин дудила буд, аммо Дамир Малик далеру чолок бо онҳо ҷангид. Барои шикасти душман шамшерзанӣ ва найзапартоӣ ба ҳадди имкон расонд. Муҳорибаи шадид, вале нобаробар бо шикасти муғулҳо поён ёфт. Аз онҳо ҳамагӣ чанд тан бо фирор худро халос карданд ва дар канораҳои русто пинҳон гаштанд. Рӯзи дигар кишоварзон он гурезаҳоро ёфта, сар аз тан ҷудо карданд.

Ин дуввумин муҳориба бо лашкари Чингизхон буд, ки Мирмалики мусофир зафар ёфт. Ин карат шамшери мусулмонон бо хуни бутпарастон бештар олуда гардид ва пораҳои бадани бадмазҳаронро дар реги биёбон парешон кард. Муждаи зафар мухлиси дуогӯйро ба таҳрик овард:

Таъйиди Худой ҳофизи ҷони ту бод!

Дасти ҳама дар байъати фармони ту бод!

Ҳиндуи Зуҳал, ки посбони фалак аст,

Чӯбакзани боми кохи девони ту бод!

Идомаи корзори Мирмаликро аз Саъдӣ шунидам:

– Маро ҳазор забони фасеҳ боистӣ, то васфи диловарони замон кунам. Ба чашми худ дидам, ки сипоҳи Ҷӯҷӣ беқиёс буду сарбозони Ҷалолиддин андак. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯй дар ҳамдигар оварданд, ҷамоате мардони зинсавор буздилӣ карда, зин ба пушт шуданду оҳанги гурез намуданд. Мирмалик шамшер дар даст аз ҷой хесту наъра зад: «Эй мардон! Бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!» Ҷанговаронро аз хитоби ғазанфари Хуҷанд орият ва ҷасорат зиёдат гашту аҳлона ҳамла бурданд ва бар муғул зафар ёфтанд. Ёрони чобуксавори Мирмалик аз қафои душман чун бод бадар ҷастанд ва дасту пойи садҳо муғул бар китф бастанд ва ҳамаро назди хаймаи Ҷалолиддин оварда, пеши пояш партофтанд…

Боз аз бисёр дӯсту душман шунидаам, ки ёрони навини Мирмалик, онҳое, ки ба вай даъвии вафо кардаанд, ҷонҳои хеш ба ризо фидои қадами ӯ карданд! Замоне ки кунгураи қасри хусравӣ даршикаставу шоҳи навро боргоҳи олӣ намонда, то парда фурӯ кашанд, реги биёбон аз оташи теғи родмардони Мирмалик ба ҷӯш омад! Душмани ғамнок аз ӯ парешон ва ношод гашту вақте таҳамтани тоҷик наздик ояд, нуйони муғул ба лашкараш мегуфт: «Мабош! Аз Ирвес гурез! Қочмаган номард!» Яъне бародархонди ман ахтари корзор ҳам дар Сайҳун шуду ҳам дар Ҷайҳун ва он шоҳбайте, ки сӣ сол муқаддам Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар ҳузури мо ба ҷаҳонпаҳлавони бистсолаи хуҷандӣ Мирмалик ибни Мирраҳмат эҳдо карда буд, ягон зарра муболиға надорад:

Агар Сом будӣ дар айёми ӯ,

Набиштӣ бар андоми худ номи ӯ!

Оре, анд ҳазор сол муқаддам Соми Наримон дар Самангон бузургтарин бузургмарде аз халқи ҷаҳон буд, алҳол Мирмалик аз оли Сомон ба ин мартаба расида! Ҳайҳот, ки имрӯз дар фурқати он рӯйи чу хуршеди Соми Хуҷанд мисли абри навбаҳор гоҳ механдаму гоҳе хуноба мегирям, ки баъди ғайб задани Ҷалолиддин дар арса танҳо монду аз бекасию бесилоҳӣ ва безарӣ дасташ ба ҷое нарасид ва ночор ҷомаи қаландарӣ пӯшид…

Сайҳун, ки аз дасти ҷавони ӯ ба фиғон омада буд, аз хурӯш бозмонд. Аммо қалби ноороми ман ҳамоно дар ҷӯш буд:

Садру сариру маснаду айвон гузоштӣ,

Сад моҳу офтоби дурахшон гузоштӣ.

Бе разми худ мулуку салотини аҳдро

Чун шамъи шабгузошта пажмон гузоштӣ.

Мулке, к-аз эҳтимоми ту назме гирифта буд,

Дар дасти рӯзгори парешон гузоштӣ…

Рафтиву аз маосири худ ном то ба ҳашр

Дар сад ҳазор дафтару девон гузоштӣ!

Мирмаликро дар мулки Шом соле чанд рухсор пур аз гард ва рӯзгор пур аз дард буд, дилаш аммо аз меҳр сард нашуд. Аз ҳирқаи дарвешон ниқоб сохту баъде ки фитнаи муғул андак фурӯ нишаст ва ғавғои куштору алангаи сӯхтор хомӯш гашт, маҳз меҳри диёри арҷманд, муҳаббати ёри дилписанд ва шафқати лоязоли падар бар фарзанд вайро ба хоки Ватан овард. Ҳокими барӯманд ва бузургмарди қудратмандро на дар пӯшоку абзори ҷангӣ, балки дар либоси тозаю озодаи урфӣ дидан бароям ғайричашмдошт буд, вале шукр гуфтам, ки саломат ва бегазанд мебинамаш! Пас аз сартарошию гармоба рафтан бо мадади машшотаю дарзӣ зайли пештара озодаю олуфтаю шукӯҳманд гардид ва ҳар ду бо армуғонҳои гаронмоя озими Ворух шудем.

Пас аз дидори зану фарзанд ва бишкастани ташнагӣ бо исрори Мирмалик мо ба зиёрати қабри тағояш рафтем. Бар сари турбати Шайх Бурҳониддини Валӣ, ки дар ҷавори масҷиди ин бузургвор зиёратгоҳи орифони диёр аст, зикри хайр ба ҷамилӣ ва соирӣ анҷом дода, сипас бо дӯстони собиқ ва содиқ лаҳзае дар бӯстонсарои лаби дарё сӯҳбат оростем. Мирмалик, ки бағоят дилхаста шуда буд, саргузашти худро мухтасар ҳикоят карду ҳамагон ба шавқ омада, мепурсиданду посух мешуниданд. Аммо ман, бо ҳама даъвои шоирӣ, сомеъ шудаму гӯш кардам ва аз ҳазору як гуфтушунуфт якеро намуна меорам.

Шоир Абдулмаҷид бо таҳайюри ошкоро гуфт:

– Бо ҳазор разманда ба муқобили ҳафтод ҳазор сипоҳи муғул ҷангидану ҳатто як нафар талаф надода, дастболо шудани шуморо ғайри ман шояд дигар ягон кас бовар накунад. Ман чӣ гуна ба набераю абераҳо исбот кунам, ки дар Хуҷанд мардумоне намиранда буданд, ки онҳоро ҳазормард хондандӣ ва ин ҳақиқат аст, на лофу газофи афсонавӣ?!

– Агар саҳеҳ ва беғараз нигарем, дар таърих такрор бисёр аст. Ҷадди бузурги мо Исмоили Сомонӣ, ки амири Бухоро буд, роҳкушо ва илҳомбахши мост, – бо табассуми малаҳ лаб ба гуфтор кушод Мирмалик. – Таърихро ба ёд оред: Исмоил ибни Аҳмад азм дуруст гардонид, ки бо Амр ибни Лайс мухолифат кунад. Ҳама лашкаре дошт, ҷамъ оварду шумурд, ки ду ҳазор савор баромад. Аз ду яке сипар дошту аз бист мард яке ҷавшанпӯш ва аз ҳар панҷоҳ сарбоз яке соҳиби найза… Бебок аз руди Ому гузашту ба Марв ҳамла овард. Шаҳнаи шаҳр гурехту ба шоҳи худ хабар кашид, ки Исмоил талаби мамлакат мекунад. Амри Лайс хандиду ҳафтод ҳазор савор сафарбар кард ҳама баргустувондор бо силоҳу уддати тамом!

Ҳарифон дар Балх ба якдигар расиданду масоф карданд. Иттифоқ чунон афтод, ки Амр ибни Лайс ба дарвозаи Балх шикаста шуду асир афтод ва ҳафтод ҳазор сипоҳи вай ҳазимат карданд. Аммо аз лашкариёни Исмоили Сомонӣ ҳатто якеро ҷароҳат нарасид!

Чаро чунин шуд?

Исмоили Сомониро халифаи Бағдод, амиралмӯъминин Мӯътамид Алалоҳ ба лашкаркашӣ ҳидоят карда, гуфта буд: «Хуруҷ кун бар Амр ибни Лайс ва мулк аз дасти ӯ бурун кун, ки ту ҳақтарӣ аморати Хуросону Ироқро, зеро ин мулки падарони ту будааст. Дигар ин ки сурати ту писандидатар аст. Сеюм ин ки дуои ман дар қафои ту асту Эзиди таъоло туро бар вай нусрат диҳад. Бад он манигар, ки туро уддату лашкар андак аст, бад он нигар, ки Худои таъоло мегӯяд: «Кам мин фиатин қалилатин ғалабат фиатан касиратан биизниллоҳи валлоҳу маассобирин» Яъне борҳо шудааст, ки гурӯҳе андак бар лашкари бисёр ғолиб омадааст бо фармони Худованд ва Худованд бо сабурон бошад»…

Муҳорибаи Хуҷанд такрори ин аҷоиботи олам асту Пирам Подшоҳмарди Валӣ қибланамо, уқдакушо ва мисли Халифаи ислом дуогӯи ман буданд. Ҳам дар Хуҷанд ва ҳам берун аз ватан: дар ҷанги Ҳирот ҳафт тоҷики гарданкашу лашкаршикан иштирок доштему ҳамроҳи панҷ тан аз диловарони ҳиравӣ ба сипоҳи ҳаштсаднафараи Бахтути «баҳодур» ҳамла оварда, корзоре ҷонон нишон додем! Интиқоми шоир Зиёуддин ва падарашро ситондем ва тамоми муғулҳои паҳлавонтарошро хоку туроб карда, вориси ҳақиқии Рустами Достон будани худро фаҳмондем.

Агар мадад аз Худованди меҳрубон набудӣ, ман дар ҳарбу зарб бо муғулҳо асло дастболо нашудаме! Зеро аз аввал то азал ба ҳар як аз соири бандагон хидмате муайян аст ва бе хости Худованди олам барге аз шохи дарахте сарозер наафтад…

Абдулмаҷид қонеъ ва шукуфон гардиду гуфт:

– Исмоили Сомонӣ бораи Бухоро буду қалъаи Хуҷанд шумоед, эй язнаи қаҳрамон!

Худойгони кабир, Малики раҳмату дин,

Зиҳӣ, ҷамоли ту ороиши мусулмонӣ!

Зи ҳодисоти ҷаҳон бод ҷонат осуда

К-аз туст халқ-ул-Хуҷанда дар таносонӣ.

Мирмалик дар Ворухи биҳиштосо ду ҳафта ором гирифта, ҳоли парешони зоҳиру ботин ба ифоқа овард. Бовар кард, ки диёр осудаю муҳит бе ситез аст. Он гоҳ азми сафари Хуҷанд кард ва хост зану фарзанд бо худ барад.

Волидон дар ҷавоб чизе нагуфта, ба пири хонадон нигаристанд. Аҳмадсайид, ки ҳамоно бардаму баландгуфтор буд, ангушт ба чакка ниҳод ва аз нигоҳи мӯшикофи домоди доно чашм ба ҷониби дарё гурезонда, маслиҳатомез гуфт:

– Ворух ҷойи тинҷ. Зану фарзанд дар пеши чашматон. Ягон моҳи дигар бе ғаши дил дам гиред. Дар ин муддат ман ба Хуҷанд рафта, бо Маҳмуди Ялавоҷ гапро пазонам. Мо ошнои қадима, нози якдигарро мебардорем. Ба шумо пайза гираму суюрғол…

– Чӣ мегиред?

– Пайза, яъне рухсатнома. Бе ин ҳуҷҷат муғулҳо ҳеҷ касро ба сайру сафар иҷозат намедиҳанд. Суюрғол ҳуҷҷати буду бош дар улуси Хуҷанд… Муғул вилоятро улус мегӯяду ҳокимро басқоқ, вале мардум осонакак булуси улус мегӯянд Маҳмуди Ялавоҷро, ки дар Хуҷанд истода, Мовароуннаҳрро идора мекунад.

– Чағатой куҷост?

– Вай қоони Мовароуннаҳру Хуросону Туркистон. Тоҷиконро чашми дидан надорад. Дар оби равон бадан шустану забҳи гӯсфандро манъ фармуда, хафа карда куштани чорворо ҳалол меҳисобад… Қудқоон гумоштаи вай дар Хуҷанд…

–Ба ман пайза-чайза даркор не! Найзаи ман пайзаи ман аст! Маҳмуди Ялавоҷ ҳам масъалаи маро ҳал карда наметавонад. Ман бояд бо Қудқоон рӯ ба рӯ сӯҳбат кунам. Миёни Пирам Шайх Маслиҳатдин ва Чингизхон аҳду паймон шуда буд, ки агар Мирмалик муҳорибаро бас карда, ба Хуҷанд баргардад, амон меёбад. Муғулҳо ӯҳдадоранд, қавлу лафзи нахустподшоҳи худро нигоҳ доранд.

– Ин хел бошад, муомила ранги дигар мегирад ва мо метавонем вилоят хостан! Ҳар дуямон ба Хуҷанд меравем. Агар масъала табъи диламон ҳал шавад, он гоҳ Нигинаю Мирмӯҳсинро ҳозир мегардонем.

Ин қарордодро ман ҳам маъқул донистам ва ҳамроҳашон рафтам…

Муғулҳои дарвозабони Хуҷанд кӣ будани Мирмаликро чу донистанд, дарҳол ба дастонаш завлона зада, назди Қудқоон расонданд, ки дар фароғатгоҳи Исток бо ёронаш айшу нӯш дошт. Гирдогирди хони муғул ҳафт-ҳашт сарҳангу маъмурони ширакайф менишастанд, ки бесилоҳ буданд. Аммо андаке дуртар дастаи сарбозони мусаллаҳ ҳушёру тайёр меистоданд. Ясовули Қудқоон, ки вазифаи тарҷумониро ҳам адо мекард, Мирмаликро нихта зада, фармуд, то ба зону нишаста, бо таъзими заминбӯс эҳтироми хони бузургро баҷо орад.

– То имрӯз ба касе заминбӯсӣ накардаам ва нахоҳам кард! – монанди шери жиён ғуррид Мирмалик. – Агар ин ҷо Чингизхон ҳузур медошт, вайро шоиста эҳтиром мекардам, ки бузург асту шоҳи шоҳон! Аммо агар бори дигар маро нихта занӣ, андоми туро бо лагад бисоям, ки ба ҷуз ин дигар ҳеҷ чиро сазовор нестӣ!

Қудқоон ясовулро аз гапу ҳаракати зиёдатӣ нигоҳ дошта, ба Мирмалик рӯ овард:

– Зону задан шарти маҷбурӣ нест! Гуфтанӣ бигӯ!

– Эй қоони рамузфаҳм, ба мағрурӣ айбам макун! Ҳама медонанд, ки паймоншиканӣ ба Чингизхон нисбате надорад. Вай маро ваъдаи амон додааст!

– Инро ҳама қоонҳо ва пайвандони Ёғу медонанд. Амри он аълоҳазрат дар ёсоқи Улуғ Ҷағатой махсус таъкид шудааст. Мо ягон амру насиҳат ва сухани нахустодподшоҳи худро фаромӯш намекунем…

– Агар сухани Чингизхонро ба хоки сиёҳ напартоед, чаро дасти ман андар завлона банд аст? Оё маро амон нест?!

– Ирвес, ки ба таслим омадааст, дасташро аз банд озод кунед! Агар хоҳӣ, худи ҳозир бархезаму ба девон равам, то барои ту пайза ва суюрғол навишта орам…

– Эй қоони некрой, ишрати имрӯз ба фардо магузор. Агар метавонӣ, ҳозир маншуре бидеҳ, ки ивази хати амонӣ бошад.

Бо ишораи Қудқоон ясовул ба амонёфта пайзаи чоркунҷаи филизӣ ҷудо карду дар пешу қафояш ному насаби Мирмаликро бо ҳуруфи форсию муғулӣ сабт намуд.

Қудқоон бо заҳрханд пурсид:

– Акнун бовар кардӣ, ки мо амри Ёғу – қоони бузургро бекаму кост иҷро кардем?! Боз чӣ мехоҳӣ?

Мирмалик даст ба сандуқи сина ниҳода, бо нишони миннатдорӣ сарашро андак поён хамонд.

– Бовар кардам, миннатдорам ва қоони дурустпаймонро аҳсант мегӯям. Иҷозат аст, ки равам?

– Саросема куҷо мешитобӣ? Имрӯз, ки фурсат ҳасту амон ёфтӣ, дами беғам бизан! Май менӯшӣ?

– Кайҳост, ки май наменӯшам. Тарки шаробу соғар кардаам…

– Баъди мағлуб шудан тарки шароб кардӣ?! Оъ… вақти шер будан гов барин менӯшидӣ… Баъде ки саг барин саркӯфта шудӣ, шароб аз гулӯят нагузашт?! Ҳа-ҳа-ҳа!!!

– Шароби ноб аз гулӯям мисли об мегузарад. Лекин… бо хару хук наменӯшам!

– Ҳой Ирвес! Аз ҳад нагузар!! Мо туро амон додем, акнун миёни ману ту ниқор нест, чаро мисли саг ак-ак мекунӣ?!

– Саги зирак шағоли ваҳмакро бинад, барои тарсондан аккос мезанад!

– Шағол нею рӯбоҳ гӯй. Саги нодон рӯбоҳи зиракро бинад, аз нодонӣ ак-ак мекунад, бехабар аз он, ки аз пасаш бабри дамон меояд…

Ҳой Ирвеси саг, ба қафоят нигар!

Мирмалик чобук гирд гашту даҳ қадам дуртар муғули қадпастеро дид якчашма ва рӯйбурида, ки аз шиддати хашм ва қаҳр беист меларзид ва оташи ғазаби ваҳшиёнааш аз як чашми танг берун меҷаҳид. Дар китф камоне ва дар даст тири бепайконе дошт.

Хони муғул аз ҷой хесту паҳлуи камондори якчашма омад ва лакнатдор пурсид:

– Эй Ирвеси лаънатӣ, ин сарбозро шинохтӣ?!

Биёбони гарму ҷангҳои сахти пайдарпай, талвосаи ҷонканию набарди мушту хекиртак, таъқиби се муғулу бо се тири камон, яке бепайкон танҳо монданаш ва мумул шудани ин муғули қадпасту гурехтани дуи дигар тира-тира Мирмаликро пеши назар омад. Аз нохуни по то фарғи сараш тасфид ва овози баланди Қудқоонро бо душворӣ шунид:

– Мо аҳду паймони қоони бузурги худро як сари мӯ нашикастем ва ягон хуҷандиро озор надодем. Фақат… ба ин сарбози ҷабрдида… зани туро бахшидем! Бубин ӯро!

Бо садои гӯштароши нақора аз паси парда Ойчечак ларзон берун омаду бо ҷилваи нозебо гирди сарбози якчашмаро чарх гашта, худро ба пеши пойи ӯ партофт ва дигар сар набардошт.

Чашми Мирмалик тирафом гашт. Ёдаш омад, ки пас аз таваллуди Мирмӯҳсин ҳамсари аввалаш Ойчечакро дигар илтифот накард. Вайро ғам бар ғам афзуд ва аз ранҷурӣ бемор шуд. Ҳолаш напурсид. Ба Ғӯрганҷ рафтан хост. Иҷозат надод. Маълум мешавад, ки хато кардааст…

Муғулҳо қарсак мезаданду фарш меларзид. Аз он бештар вуҷуди таҳамтан меларзид. Замин намекафид, ки Мирмалик дарояд ва аз шарму хиҷолат наҷот ёбад…

Овози Қудқоон аз пештара мутантан садо дод:

– Мо аҳди қоони бузурги худро бешикаст нигоҳ доштем ва ҳокими Хуҷандро амон додем. Қавли худро нигоҳ медорем ва, натарс, туро намекушем. Аммо хунбаҳо меситонем. Ба ин сарбози ҷабрдида имкон медиҳем, ки интиқом ситонад ва бо тири бепайкон чашми туро ҳамранги чашми худ гардонад…

Мирмалик дид, ки якчашма камон аз китф мегирад, саросема фарёд зад:

– Агар тавонад, хунбаҳо мегирад! – ин бигуфту сӯи муғули қадпаст пайзаи филизӣ башаст ҳаво дод, ки мисли тир париду чашми дуюмашро хуншор гардонд.

Ҳама ба по хестанду сарбозони мусаллаҳ ба сари Мирмалик тохтанд. Ғазанфари Хуҷанд баланд ҷаҳида, Қудқоонро ба фарш афтонд ва шамшери ясовулро соҳиб шуда, худро ба мобайни нуйонҳои ширакайф зад. Онҳоро сипар сохта, даҳ сарбози ҳамлаварро ба ҷаҳаннам фиристод. Вале панҷоҳи дигар ба сараш тохтанду аз захму зарбаи бисёр беҳол гашт ва гурзе, ки аз пушт ба гарданаш фурӯ рафт, риштаи ҷонашро бурид. Зодаҳулоҳу улувван152.

Асари дарди ту ҳангомаи дармон бишикаст,

Ғаму андешаи ту пушти дилу ҷон бишикаст.

То зи ту дасти аҷал бозгирифт оби ҳаёт

Хизрро орзуи чашмаи ҳайвон бишикаст.

Ҷони оҳандилам аз оташи марги ту битофт,

Шишаи сабри маро бар сари сандон бишикаст.

Рӯзи бозори сухан тез ба айёми ту буд,

Чун ту бастӣ дари дӯкони сухан, он бишикаст!

Он замоне, ки лаби лаъли ту аз ханда бимонд,

Дили бесангу хирадро лабу дандон бишикаст.

Хостам, то қаламе бар сари сӯги ту кунам,

Сӯги ту нӯки қалам дар сари туғён бишикаст…

Хостем Мирмаликро дар ҷойгоҳи ҳисори обӣ ба хок супорем. Аммо Қудқоони алайҳилаъна иҷозат надод. Бо тамоми қуввате, ки дошт, наъра кашид:

– Чауш, Ирвес ол! Сув урвес қол!!153

Қудқоони дӯзахӣ бо лафзи муғулӣ хост суханбозӣ кунад. Гуфт, ки паланг ба коми наҳанг андозед, то азоби ҷаҳаннамро кашад. Аммо баръакс шуд: руди Сайҳун, ки наҳанг надошт, соҳиби моҳии бузург ва сутург шуд!

Шери Хуҷанд ба Наҳанги Сайҳун табдил ёфт, наҳанге зери об шуду кавкабе рӯйи об! Вайро шоирон «Наҳанги зери хафтон» гуфтанд ба маънои шамшери обдор, «Наҳанги наём» номиданд ба маънои шамшери дар ғилоф, «Наҳанги сабз» хонданд ба маънои шамшери ҳаётбахши Хуҷанд…

Наҳанги сабзи Сайҳун бомаром ва ҷовидона аз саргаҳи дарё то поёноб шино мекунад. Чун ба ростои Хуҷанд мерасад, сар боло кашида, марсияи ҷовидонӣ мехонад. Насими рӯҳбахши рудбори пурасрор охирин хитобаи фарзанди дарёниҳодро аз қаъри дили дарё ба гӯши дили мардум мерасонад:

Ман чун мурдам, зиндаи ҷовид шудам!

В-аз ҳар чӣ – ҷуз аз Худой навмед шудам…

Сар аз чилаи додани ҷон чун шустам

Покизатар аз ҳазор хуршед шудам!

152.Худованд мартабаи ӯро баланд гардонад.
153.Сарбоз, Паланги обӣ бардор ва ба наҳанги обӣ парто!
Возрастное ограничение:
16+
Дата выхода на Литрес:
10 февраля 2023
Дата написания:
2023
Объем:
690 стр. 1 иллюстрация
Правообладатель:
Автор
Формат скачивания:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip

С этой книгой читают

Новинка
Черновик
4,9
176