Читать книгу: «Нигина ва Мирмалик», страница 39

Шрифт:

Руҷӯи ҳаштум

Эй маҳи меҳрлиқо, ҷойи ту дар об, дареғ!

Сарви афрохтаболи ту дар об, дареғ!!

Хабари марги пуразоб ва беқиёси Мирмаликро шунида, Нигина беҳад бетоқату музтарибҳол шуду ранг аз рухаш парид, дилаш сахт беҳузур гашту ақлаш беҳис гардид ва аз беҳушӣ бар хок фурӯ ғалтид. Вай як шабонарӯз ба худ наомад ва мо ғайр аз хомӯшию интизорӣ ва лобаву зорӣ бар Худованди меҳрубон дигар чора надоштем.

Бимастураю Абдулсайид – волидони даҳшатзадаи Нигина ва додараш Мирсайид сарҳисоби корро гум карда, ҷойи нишаст наёфта, дарун медаромаданду берун мебаромаданд, ба чеҳраи карахтгаштаи дурдонаи худ нигариста, бо овози пасту баланд илтиҷо бар Худо мекарданд. Аҳмадсайид аммо сокит буд, дар кунҷи хона сар ба зер афканда, ором менишаст. Вай ҳам муноҷот бар Худо мехонд, фақат дар дил ва бесадо. Мирмӯҳсин бошад, сар бар пойи модар ниҳода, гаштаю баргашта ҳасрати падар мекард:

Он, ки ӯ рафт, маро бекасу ғамхор гузошт,

Ӯ гузашту ҳамаро дар ғами тимор гузошт.

Ҳоли зори навҷавони падаргумкарда ва аз ҳоли модар тарсидаро дида, маро қофия танг омаду мурғи рӯҳ дар қафаси сина нағунҷид. Ғамзадаи сӯги бародархонд «мабод он лаҳза, ки дар дили тарабхоҳи Мирмӯҳсин ғами модар роҳ ёбаду аз андӯҳи гарон сусту бемор ва нотавон шавад» гуфтаму овози гиряҳои Мирмӯҳсин ҳини тифлӣ дар гӯшам дубора садо дод. Он вақт ману Саъдӣ ҷониби Фарғона мерафтему очаи Моҳсимо ақрабои хуҷандиро ба маъракаи чиллагурезони Ворух мебурд. Нигина аз дур моро бехато шинохту аробаро нигоҳ дошт ва ба таҳсини Саъдӣ сазовор шуд:

– Ҳазорон офарин бар чашми накӯят, эй нозанин! Ҳазорон шукру сипосу миннату иззат Худойро, ки аз ғояти карам ва лутфи хеш моро дар остонаи Исфара ба ҳам расонд!

Саъдӣ бо эҳтиёти том Мирмӯҳсинро рӯйи даст бардошта, аз пешониаш бӯсиду гуфт:

– Аз аҳди хурдӣ осори бузургӣ дар носияи фарзанди Мирмалик пайдо мебинам. Ба ин хурди бузургниҳод хурду бузурги оянда сари ҳурмат ва тоат мениҳанд:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар холист

Шояд, ки паланг хуфта бошад!

– Ман ҳам мӯътақид бар онам, ки дар сиришти Мирмӯҳсин тухми дузарда ниҳодаанд, – гуфтам дар пайравии Саъдӣ. – Ба пиндори ман, ҳар кӯдаке дар даври Чингиз бар даври замон омадааст, бандаи одии хокӣ нест. Ӯ дар маҳди ноз бароҳат нахобад, вале аз лутфи дояи иқбол бебаҳра намонад! Модари рӯзгор эдун кӯдаки ширхор бо меҳри даҳчанд парварад ва бузургмард созад, то ки ӯ айши душман заҳр гардонад! Аз пирон ва шоирон дуо:

Хатти ту то ҳашр зулфи шоҳиди иқбол бод,

Сурати тавқеъи ту бар рӯи давлат хол бод!

Аз забони килки мулкафрӯзи душмансӯзи ман

Кори хасмат пургиреҳ ҳамчун миёни нол бод!

Гарчӣ бошад рӯзу шаб таърихи умри дигарон,

Умри рӯзафзуни ту таърихи моҳу сол бод!

Саъдӣ низ даст ба дуо бардошт:

Ё раб, камоли офиятат бардавом бод,

Иқболу давлату шарафат мустадом бод!

Солу маҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр,

Бахтат баланду гардиши гетӣ ба ком бод!

Мирмӯҳсини бачилла, ки ба маънои шеъру сухан сарфаҳм намерафт, «ангу унг» садо бароварда, бетоқат гардиду беашк гирён шуд. Саъдӣ мисли доя тифлро алвонҷ дода, аммо шоирона ба навозиш пардохт:

– Баланд садо барор, эй тифли пок! Нури шамъ аз гиря равшантар мешавад! Эй нафисаи покиза, гиряи нозат ҳуҷаста бод!

Ҳоло он кӯдаки гирён навраси шонздаҳсола асту то дами вопасини бобокалонаш Шайх Бурҳониддини Валӣ аз ӯ сабақ омӯхт. Алҳол беҳтарин шогирди дабиристони Ворух асту қории хушсалиқаи «Қуръон» ва донандаи чордаҳ ривоят. Яъне, чордаҳ тарзи хондани каломи қудсиро бо риояти ҳамаи санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ азбар кардааст. Каломи адаб ва забони араб ба камоли балоғат ва фасоҳат азбар кардаасту дар ин ҷода маро устоди хеш меҳисобад.

Чашмони сиёҳу шӯъларез ва абрувони пайвастааш, пешонии фароху китфу бозу, гардани фароз ва сари бузургаш, тамкини гуфтор ва хандаҳои марғулаафканаш, аспсаворию гӯштингирӣ ва обнавардию бехато тир парронданаш айнан ба Мирмалики таҳамтан монандӣ дорад. Аммо чобукрафторию ҳозирҷавобӣ, шеърдонию муомилаи нарм, дили ҳассосу нигоҳҳои пурмеҳру лутфу шафқаташ, рухсораи зебо ва дандонҳои садафмонандаш шабеҳи Нигинаи нозанин аст. Ин бонуи ҳақгузори Худованди замину осмон қавлу қарзу вазифаю ҳақи модарӣ бо замири ҳақнавозу чашми ҳақпараст адо намуда, тифли нозуки ширхораро понздаҳ сол дар танҳоӣ бенуқс ба камол расонд ва паҳлавонписари оқилу доною забар- дасти навхостаро бо сари баланд ба дасти падар супорид. Мирмалик шоду масрур хурӯши фархундаю фаррух аз замир баровард. Вале… муғули беинсоф мурдаи Мирмаликро вожгун ба дарё партофту бахти Мирмӯҳсин дигарбора вожгуна гашт…

Хостам фарзанди бахтбаргаштаро бо нидои «Эй писар, бархезу рӯ бишӯю фурӯ мол ғамро!» бедор ва ҳушёр кунам. Вале зуд аз раъйи худ баргаштам. Зеро бо гӯши дил шунидам, ки Мирмӯҳсин беовоз вовайло дорад: «Падарам! Эй падари ранҷбарам!! Бе ту мо бар сари дардем, ту бе мо чунӣ?? Андар он зовияи тира – обгаҳи мавҳаши бе мӯнису ёр – эй мӯниси дилҳо, чунӣ?? Ҳама осори ту пайдову худ пӯшида шудӣ, бо нишоти сафари обӣ, эй фарзанди дарё, чунӣ?? Мирмӯҳсин орзуи дидаи бинои ту буду чун сарв даст баланд бардошта дуояш мекардӣ – бе ман, эй орзуманди гулписари номбардор, чунӣ??!»

Нигина рӯзи дигар, чоштгоҳон аз хоби гарон бедор шуд. Бо азоб сар бардошта, ҳаросон ба атроф нигарист. Маро диду лаб инҷ кард. Баъд баланд хандид. Вале амакбузургаш Аҳмадсайидро диду хӯсид, дасту пояш, ҳама аъзои баданаш ларзид. Дар ҳамин ҳолат падару модар ба чашмаш намуданд. Худро бедиранг ба оғӯши модар андохту бо овози хирросӣ «Бивиҷун, ташна шудам, ов те!» гуфт. Аз косаи оби зулол як қулт нӯшид. Лабашро бо пушти даст пок карду боқимондаашро… ба сару китфи падар пошид. Баланд хандид ва беибо нидо кард:

– Додоҷун, гушна шудам! Гӯшти кафтар биёред…

Ҳанги Абдулсайид канду бо чашми пурсавол писар ва бародарашро нигарист. Нигина ба онҳо аҳамияте надода, пеши ман омад.

– Салом шоир! Ту шеър хон, ман мерақсам. Шакархонум канӣ? Куртаи сафедамро биёрад. Ранги кабутар мерақсам.

Нағз мерақсам, то Шоҳзода хурсанд шавад. Подшоҳ тангаю тилло тияд! Мирмалик… Оъ… Мирмалик канӣ?! Тоҷи сарам канӣ?! Қуввати дилам канӣ?! Соҳиби сарам канӣ??!! Падари…

Дарвоқеъ, Мирмӯҳсин куҷост?! Шоҳписарам куҷост??!

Мирмӯҳсин, ки ба ҳоҷате берун рафта буд, тозон пеши модар омад.

– Писарам! Писаракам! Нури чашмам… Қаду бастатба мурам! Заҳраамро кафондӣ… Пештар биё, писарам. Дар бағалам биё, нури чашмам…

Нигина фарзанди яккаву ягона бо меҳри модарона бар оғӯш кашиду ба ҳуш омад. Ақли тирагаштааш равшан шуд ва навҳа оғоз кард:

– Падаратро аз даст додем, писарам. Паршикаста шудем, писарам. Дар хонаи бесутун бе муттако мондем, писарам… Дод аз дасти муғул!!

– Ором шавед, модар. Тақдир ҳамин будааст…

– Тақдир барвақт тир дар камон карда буд, писарам. Лекин бераҳмӣ аз ҳад гузашт, писарам… Дод аз дасти муғули бераҳм!

– Ором шавед, модар. Шукр гӯед, ки дидор ба қиёмат намонд. Ҳамдигарро дидем, аз ҷамоли падар чашмҳо мунаввар шуд…

– Аз он месӯзам, ки маро ҳангоми баргрези ҳаёт саломе доду рафт. Видоъ нокарда, васияте нагуфта, бебозгашт рафт. Дод аз дасти замона! Фарёд аз бахти вожгуна!!

– Дуруст мегӯед, модар. Замона дар дили мо захме чунон зад, ки марҳам натавон ниҳод. Лекин… аз оҳу дареғ гуфтан чӣ суд, вақте тир аз камон канда шуд? Дарди дил чӣ фоида дорад, вақте ки ҷон аз даст рафт?!

Худоё, бо лутфи хеш рӯҳи равони падарам шод гардон…

Ҳазор соли ҷалолӣ бақои умри Мирмӯҳсин бод! Кори душворе, ки на ҳар кас аз ӯҳдааш мебаромад, ин ҷавони навхати шонздаҳсола бо хунсардӣ ва хирадмандӣ иҷро кард! Дили кӯчидаю ақли парешони модари заифгаштаро аз қаъри хок бардошта, дар ҷояш ниҳод ва хотири моро ҷамъ овард.

Туғёни дили Нигина, ки аз дарди ҷонкоҳ ба фиғон омада буд, андаке паст нишаст. Бо лабони ларзон гуфт:

– Маро дар дил аст он чӣ дар ҷон турост, эй писарам. Дигар ҳаргиз ин қадар сахт фарёд намекунам, то гӯши дил кар нашавад. Гарчӣ аз ғам ҷон бар лаб расидааст, шукри ҷони фарзанд карда, падаратро аз оғӯши нафас суроғ мекунам ва танҳо «Ё муғису, ағисно!»154 мегӯям. Вале ту ҳаргиз ором нашин, писарам. Ҳамеша дар такопӯй бош. Тарсу нашав, аммо ҳушёркор ва оқибатандеш бош. Зеро ворисони Чингизи ҷоду, ки бунёди макр бар фалаки ҳуққабоз ниҳода, падаратро аз байн бурданд, акнун бармало бар мо кинавар шудаанд. Онҳо дер ё зуд кӣ будани ту ва дар куҷо буданатро фаҳмида, шамшер аз ғилоф мекашанд. Арвоҳи падар парешон мешавад, агар оқилона аксуламал накунем…

Нигина сандуқи чӯбини дар меҳроб ҷойгирифтаро кушоду чанд либосу латтапора берун кашида, Мирмӯҳсинро фармуд, ки халтаи чармини дар кунҷи рост бударо оҳиста боло кашида, рӯйи фарш гузорад.

– Тамоми боигарии раққосаи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар ин халта маҳфуз аст. Он аз хироҷи дусолаи мамлакат бештар арзиш дорад. Онро пурра ба ту мебахшам, писарам! Ту дигар парешонрӯзгору шикастахотиру ноумеду нотавон нестӣ, писарам! Ба беҳрӯзӣ умеди дил қавӣ дор ва чун рӯзу соати мувофиқ фаро расад, темор аз димоғи душман барор!!

Нигина хам шуда, аз байни тиллою лаълу марвориду ҷавоҳирот ангуштари дурахшоне ба даст гирифту оҳиста ба ангушти ишоратии Мирмӯҳсин андохт:

– Ин ангуштари тавқеъ аст, писарам. Мӯҳри подшоҳ, иқтидору азамати шоҳаншоҳӣ дар нигини он ниҳон аст. Шоҳаншоҳи олам тавқи заррин ба ман бахшиду ангушти таассуф газид ва нотавону бечораҳол шуд. Чингиз маро не, ана ҳамин ангуштаринро ба даст овардан мехост, то ҷовидон ҳукмрони ҷаҳон шавад.

Акнун ангуштари тавқеъ зеби дасти фарзанди Мирмалик аст, ки Ғазанфари олам буд. Ту Шоҳпаланги олам шав, писарам. Минбаъд дар Ворух истодани туро салоҳ намебинам. Туро ба амактағоят Сайфуддин месупорам. Вайро фарзанди рӯҳонӣ, дилбанди ҷонӣ шав. Ҳар ҷо бошед, дар амони Худо бошед…

– Шумо ҳамроҳи мо намеравед, модар?

– Ман аз Ворух дигар асло ба ҳеҷ куҷо намеравам, писарам. Чунки дар дигар ҷо рӯзгор бе малол гузаронда наметавонам. Дар ин ҷаннатмакон ҳангомаи марг баршикаста, роҳи тақво пеш мегирам ва пайваста ибодате шоиста мекунам, то ёди ёри меҳрубон ва поси хотири азизону бузургворон бо зикри хайр зинда нигоҳ дорам…

Синни ман ба сию панҷ расиду шукри Худо, ки ту шонздаҳсола шудӣ, писарам. Акнун ман домзада кабутарам, сояи боли ман доми бало барои муғулҳост. Аз навбаҳори ҳунарам накҳати андак мондаасту ҳар замон даст меҷунбонам, то коҳил нашавам. Аммо ту фаъол бош, зеро ҳарчанд ҷавонӣ, бо ҳама чиз оростаӣ! Домони поки амактағоятро ҳаргиз аз даст раҳо накун ва бираву орзую ормони падари худ ҳосил кун! Рӯҳи падаратро шод гардон, ки доимо ба шодӣ мегуфт: «Маро шоҳписарест, ки номи ман ба василати ӯ боқӣ мемонад!» Падарат…

Ку падарат?! Бадри тамом будаму аз фироқаш чун ҳилол шудиям… Дардо, ки аз ҷафояш шаб то шаб нимсӯхтаю борику торик мешавам… То ба кай кафтар аз ғами ғазанфар болканон менолад??!

Дидам, ки ваҷоҳати Нигина беҷо мешавад, зуд об бар оташ задам:

– Эй хоҳари ҷон! Дил аз фарзанд фориғ дор. Нигаҳдораш Худою нигаҳбонаш манам!

Рӯзгор аз фарри ӯ масъуд бод!

Чун абад умри ӯ номаҳдуд бод!!

Нигина гиряолуд хандид. Аз хайли хаёл фуромаду дигар сақате нагуфт. Аз ток обгинаи чинӣ гирифта, се бор шусту пок намуд. Дарунаш қадре шир рехт ва ба Мирмӯҳсин дароз кард:

– Бинӯш, писарам. Бикӯш, то дини исломро аз доғи кофирон чун шири модарон пок гардонӣ. Хайр, паноҳат ба Худо…

Бо исрори Нигина ба гурӯҳи савораҳои Фарғонарав пайваста, бо роҳи миёнабур лотаъхир равона гаштем. Маслиҳат чунин шуд, ки дар Исфара ҳафтае таваққуф карда, вазъиятро омӯхта, маркаб ба манзили дилхоҳ меронем. Аммо, чун ҳамеша гапи хона ба бозор рост наомад. Як рӯз қабл аз сафар шоир Абдулмаҷид оҷилан худро ба манзили мо расонд. Пиндоштем, ки ҳамсафарамон мешавад. Вале оҳиста ба даҳлез нишасту ҳазиновоз гуфт:

– Ҳарфи мотам дорам… Нигина ба риёзи ризвон хиромид…

Баъди гуселонидани шумо Нигина суфра кушода, аз орди сиёҳи осиё нони дегӣ рост карда, дар равған бирёнда, аз амакбузургаш хоҳиш намуд:

– Пас аз нон хӯрдан маро фотиҳа диҳед, ба мазори Оташон назр мебарам…

– Ҳамроҳ меравем, духтарам! – гуфт Бимастура. –Ман ду нони танӯрӣ мегирам…

– Не, бивиҷун. Ҳар гирда нун нест. Ҳар нарз қабул не… Ман нони фармуда ба Мирмалик мебарам…

Модар истодагарӣ карду вазъият тағйир ёфт. Ҳоли Нигина якбора табоҳ шуду ба худ печид. Баъди лаҳзае мисли вулқон ҷӯшиду хурӯшид. Гӯши додарашро сахт кашида «раву дар қалъаи обӣ шин! Лангарҳоя фуру ҳил! Киштӣ ба дарё барор!» гуфт. Баъд «Писарам, солим раву ғоним биё!» гӯён, худро аз ҳавлӣ берун гирифта, «Гурез, муғул омад!» гӯён дарвозаро аз берун занҷир баста, ғайб зад…

Дар мазори Оташон вайро наёфтем…

Кампираке гуфт, ки Нигинаро назди Санги Арӯс дидаасту «Манам Нозпарӣ, хушхиром чун кабки дарӣ» гӯён, рақс мекардааст…

Шикорчие гуфт, ки Нигинаро дар Гаҳвораи Заррин дидасту «Рӯйи ман насрин, мӯйи ман сунбул» гӯён суруд мехондааст…

Барзгаре гуфт: «Нигинаро дидам, ки доман пур аз гулу райҳон ва сунбулу займарон шитобон меравад. Пурсидам: «Куҷо равонаӣ?» Гуфт: «Ба Сияҳкӯл меравам. Ба аспи обӣ ғизо мебарам».

Чӯпоне гуфт: Нигинаро дар соҳили Сияҳкӯл дидам ва таъкид кардам, ки аз оби ях барин хунук эҳтиёт бошад. Хандон посух гардонд: «Оби Сияҳкӯл маро созгор аст. Аспи обӣ маро ба пеши париён мерасонад. Шоҳи париён маро ба шавҳарам мечаспонад. Чуноне дар зиндагонӣ бо вай будам, баъди марг ҳам бо вай бошам». Ин бигуфту худро ба об андохт…

Нақди ҳаёт ба қабули арвоҳ супоридани Нигинаро фаҳмида, садҳо ҷавонону обнавардон ба ҷустуҷӯ баромаданд. Аммо ба натиҷае нарасиданд – оби Сияҳкӯл ҳама кӯшишҳо хароб кард. Нури гетифурӯзи чашмаи ҳур дар қаъри кӯл хомӯш шуд. Фақат… дар ҷое, ки Нигина пардаи ҷон пора карда, худро ба об андохта буд, доғи хуни пои бараҳнааш мисли гули лола ба назар менамуд…

Абдулмаҷид лаб фурӯ басту фаҳмидам, ки бадри Ворух на бо роҳи хокӣ, балки бо роҳи обӣ ба паҳлуи садри Хуҷанд рафтааст…

Пас аз хатми қироат гуфтам:

– Анбата аллоҳу наботан ҳасанан! Парвардигор ӯро ниҳоли нек сабзонад!

Мирмӯҳсин мағзи дуоро пазируфт ва бо алам гуфт:

– Афсӯс, ки рӯи чу офтоби модарам ва сарви баландаёзи падарам зери об рафт… Ҳарчанд дар чашми ман аз гиря наме беш намондааст, дилам то қиёмат дуогӯи онҳост.

…Эй хоҳари ҳунармандам! Сухани писар шунидӣ? Дуои писарон дар ҳаққи волидон муассир асту мурдагон фахри фарзанди солеҳ мекунанд. Аз Мирмӯҳсин парешон нашав ва дамсозии Мирмалик туро бод! Шуққаи раҳмати Ҳақ ҳуллаи ғуфрони туву ҳамсарат бод! Зеро ҳар ду ёри ҳамдилу ҳамқирон будеду ҳамтақдир шудед: Малик наҳанги обӣ шуду Малак парии обӣ…

Водареғо, ки моро дидор ба қиёмат монд. Аммо ёди неки рафтагон суннати сонийа аст. Яъне ҳам оини дин, ҳам расми хирад ва ҳам одати писандидаи ниёкони арҷманди мост!

Эй хоҳари ҷавонмаргам! Нахустин мадҳияи булбули навпарвози Исфара Аҳмад ибни Муҳаммад сиюдусол муқаддам садо дода буд. Инак, вопасин марсияи андалеби гирёни Исфара Сайфуддини Исфарангиро бишнав:

Тоири садрнишин мурғи саҳархони ту бод,

Хозини хулди барин155 ҳаршаба меҳмони ту бод!

Ҳар куҷо дар ҳарами қудс кунӣ маҷлиси хос,

Ҷони Идрис надими дили пажмони ту бод!

Нур, ки аз савмааи рӯҳи амин қавс кашид,

Аламу куртаи беҷайбу гиребони ту бод.

Бар сари ҷилваи ҳурони биҳиштӣ шабу рӯз

Партави рӯҳи малак шамъи шабистони ту бод!

Ба ҷои охирсухан

Сайфуддин бори охирин ба кӯҳи Душоха назар афканду муддати мадид сукут варзид. Оҳе гарон аз мағзи ҷигар кашид. Гиряолуд табассум кард ва бо оҳанги умедбахш байти навин хонд:

Нури камол файзи дили рӯшани ту бод!

Ҳифзи Худою исмати Ҳақ ҷавшани ту бод!

Ин байтро ба Мирмӯҳсин бахшида, ҳамроҳ худи ҳамон рӯз ба роҳ баромада, баъди як моҳ ба Бухоро расиданд. Ағлаб мардумоне, ки аз зарби муғул ҳар сӯ гурехта буданд, бо занону фарзандон аллакай ба шаҳр баргашта, ҳаёти осуда доштанд. Онҳо дар ҳавлии шогирди шоирпеша Шамсиддини Маҳбубӣ сокин шуданд, ки аз зумраи пайвандони Шакархонум буд…

Боре дар омади сухан гуфт, ки аз ҷабру зулми аҷнабиёни кофир мардони ориятманд ба ҷунбиш омадаанд.

–Мардуми норозӣ ҳар шаб дар ҳавлии Маҳмуди Торобӣ ҷамъ омада, маслиҳат мекунанд, – гуфт Маҳбубӣ.

– Ӯ кисту чӣ кора?

– Ин марди элакбоф марди ҷасур ва ориятманд аст, илми ҳарбро хуб медонад, лекин дасташ кӯтоҳ…

– Вай модарзод дасткӯтоҳ аст? – пурсид Мирмӯҳсин, ки саргарми мутолиа буд.

– Дасткӯтаҳ ба дигар маънӣ. Вай барои харидани аслиҳаи ҷангӣ маблағ надорад. Тарафдоронаш ҳам камбизоат…

– Бисёранд онҳо? – якбора ба шавқ омада, китоб ба фарш ниҳоду наздиктар нишаст Мирмӯҳсин.

– Дар ҳар русто камаш сад ҷонибдор ҳаст. Дар Бухоро ҳам- фикрони Маҳмуди Торобӣ аз мӯйи сар бисёр…

Мирмӯҳсин саволомез устодашро нигаристу гуфт:

– Эй устод, мешунавед? Падарам тори сари мо истода, бо чашми дурахшон нидо мекунад: «Бархез эй фарзанд! Шамшери падар ва зари поки модар ба каф гиру пеши Торобӣ рав ва рағми душман баҳри озодии Ватан ҷиҳоди бузург оғоз намой».

Бо ишораи устод тозон берун баромад ва кисаи пурзар овард. Ба дасти Шамсиддин доду ангуштари тавқеъро бӯсид ва бо оҳанги савганд гуфт:

– Ман қавлу қасам кардаам, ки то қиёмат ҳарфе аз сухани модар фаромӯш накунам.

Нохалаф бошам, агар ҳамчун симоб ба ҷони муғул изтироб наандозам.

Фарзанди Мирмалик набошам, агар бар рағми душмани манҳус мубориза оғоз накунам!

Илтимос, маро ба манзили Торобӣ баред. Мехоҳам дасти дарози дӯсти шумо бошам!

Шамсиддин ва Мирмӯҳсин шитобон рафтанду шоири шӯрида хурсанд аз он ки байни онҳо ҷамъиятдилӣ пайдо шуд, чашм барҳам назада, ба тақозои дуо даст ба осмон бардошт:

– Эй умр, илтиҷо мекунам, чандон шитобон марав. Оҳиставу бомаром ҷорӣ шав, то фарзанди Мирмалик бар муроду мақсад расад, хунбаҳои падар гирад ва рӯҳи модар шод гардонад. Интиқоми ёрони падар ситонад ва бар тухми насли Чингиз қирон орад:

Аз дуди фано рӯйи ҳасуди ту сияҳ бод,

Аз хуни дил олудаву камумру дутаҳ бод!

Ҳар ҷо сипоҳи нусрати ислом биҷунбад,

Хатти ту зафарномаи таъйиди сипаҳ бод!

Аз муддати умри ту, ки ҷовид бимонад,

Си сол яке ҳафтаву сӣ қарн ду маҳ бод!

Ҳар ҷо, ки равӣ, дар канафи исмати борӣ

Пайки зафару нусрати Ҳақ собиқи раҳ бод!

154.Эй фарёдрас, ба фарёдам рас!
155.хазинадори биҳишт
Возрастное ограничение:
16+
Дата выхода на Литрес:
10 февраля 2023
Дата написания:
2023
Объем:
690 стр. 1 иллюстрация
Правообладатель:
Автор
Формат скачивания:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip

С этой книгой читают

Новинка
Черновик
4,9
170