Читать книгу: «Нигина ва Мирмалик», страница 2

Шрифт:

Овози шавҳар зани ҳайратзадаро ба худ овард:

– Рӯзат бахайр, бонуи дилам! Чаро дар мобайни ҳавлӣ сутун гаштаӣ?

– Дар шохи мирсанҷилӣ ҷинқарча дидаму…

– Ҷинқарча не, бонуи дилам, шахиш вай. Номи дигараш шахпарак. Ман ҳам дидам – аз субҳдамодам пештарак омада буд. Ба патвоз нишасту хеле суруд хонд. Ин фоли нек, бонуи дилам.

– Чӣ хел?

– Ин мурғаки нодир, ки фақат аз зираю кокутӣ ғизо мегирад, фақат пайки шодӣ меорад.

– Наход?

– Бовар кун, бонуи дилам. Дар «Китоб-ут-тайр» қосиди ҳумо тавсиф шудааст.

– Қосиди мурғи ҳумой?!

– Оре, бонуи дилам. Доноён навиштаанд, ки ҳар касе шахишро бинад, коми дил ба даст меорад. Агар шоирона гӯем, аз дарахти орзуи дерин меваи ширин ба бор меояд.

– Хеле аҷоиб!!

– Ягон аҷоибот намебинам, бонуи дилам.

– Аҷоибот он аст, ки намедонистам бо кадом забон, чӣ хел ба шумо пайки шодӣ расонам. Қосиди мурғи ҳумо аз ман пешдастӣ кард. Шодӣ кунед, додо мешавед…

– Асал ба даҳонат, бонуи дилам! – Абдулсайид аз муждаи деринтизор ончунон ба ваҷд омад, ки шарму ҳаёро фаромӯш ва урфу одатро сарфи назар карда, дастони меҳнатияшро чун шаҳболи уқоб васеъ кушода, ҳамсарашро гарм ба оғӯш кашиду аз рухсораю пешонааш паёпай бӯсид ва шаддаи марвориди яманӣ ба гардани зебои вай овехта, бо овози аз шодию ҳаяҷон ларзон хитоб кард: – Имрӯз чеҳраи ту хубтар аст аз ҳама рӯзҳои дигар! Офарини олам туро, эй бонуҷони дилам, ки мани пиёда ва сархамро шоҳсавори сарбаланд кардӣ! Дили яхбаста ва санггаштаи маро бо як сухан гарму нарм сохтӣ!

Шавҳари шодгашта дарҳол намози шукру сипос гузорид. Ба мазори саҳобаи гиромӣ гӯсфанди чорсолаи бахта назр намуду ба Муясарбону шоли заррин ва куртаю ҷомаи нав аз шоҳивори беҳтарин ҳадя овард ва ёру дӯстонро ба зиёфат хонд…

* * *

Дар яке аз рӯзҳои сеюмин моҳи ҳомиладорӣ Бимастура ҳис кард, ки сараш чарх мезанаду дилаш беҳузур гашта ва чашмонаш тира мешаванд. Дарҳол момодояро ҳозир карданд. Набзи беморро санҷиду тапиши дилашро гӯш андохт, кому забонашро муойина кард ва фаҳмонд, ки ин ҳолат барои занҳои ҳомила муқаррарист ва Бимастура чун дигарон сарторик шудааст.

– Аксар занҳои дуҷон ба туршӣ дилкашол мешаванду табъи баъзеҳо ширинӣ меҷӯяд. Як ҳамсояи мо дар чиллаи зимистон ба ғӯра сарторик шуда буду дигар занак – ба шири хар! Дили ту чӣ мехоҳад?

– Гӯшти кафтар…

Ин гап аз даҳони Бимастура баромадан ҳамон кабутари хонагӣ ноором шуда, ҷониби кадбону нигоҳи аҷибе афканду аз равзана фаррӣ парида, ба айвон баромад. Бори дигар бо чашми ҳаросон соҳибхонаро нигаристу бо тамоми қувват бол зада, ҷониби офтоббаро парид. Бимастура, ки амали кабутарро бо чашми нимторику дили пурғаш тамошо мекард, оҳи сарде кашида, гиряолуд, аммо бесадо гуфт: «Ҳамааш айби худам. Аввал ман хиёнат карда, ба гӯшти кафтар дандон тез кардам. Маро бубахш, кабутари сафедам, кафтараки умедам… Аз гуноҳам гузар…»

Момодоя, албатта, ҳарфи бесадои кадбонуро нашунид. Аммо ба ҳушёрию чаққонии кабутари рамида қойил шуда, базавқ хандид:

–Ҳақиқатан ҳам ҷон чизи ширин будааст! Паррандаи безабон чӣ хел фаҳмид, ки кадбону гӯшти вайро қайла кардан мехоҳад?!

– Гӯшти ин кабутар не! – гиряолуд овоз баровард Бимастура. –Ягун кафтари дигар ёбед.

Абдулсайид пичингомез гуфт:

– Оббо, ҷонвари доное! Оъ… агар натарсида, ором дар ҷоят меистодӣ ҳам, ман ба ту кордор намешудам… Ҳай-ҳай!, – гуфт пичингомез Абдулсайид ва бо таассуф сар ҷунбонда, саночу камон гирифту ба шикори кабутар рафт. Аммо дастхолӣ баргашт – то вақти говгум кофту кофт, ягон кафтар наёфт.

Субҳи дигар ба он тарафи кӯҳи Душоха гузашт, ки макони беодам буд. Ин ҷо гулу гиёҳу дарахтони ёбоӣ беадад мерустанд ва парандаю чарандаи хелмахел бехалал мезистанд. Лекин, ҳарчанд ҷустуҷӯ кард, лоақал як пари кафтар надид…

Шалпару ниммурда ба хона баргашту чор мурғи тазарв ва кабки ҳилол болои хон ниҳод яке аз дигаре фарбеҳу ботароват ва иштиҳоовар. Вале Бимастура, ки то ҳол намаке ба даҳон набурда буд, беҳолона «кафтар» гуфту аз ҳуш рафт.

Вақте ба худ омад, овози шавҳарашро шунид, ки бо алам мегуфт:

– Агар ин аҳвола медонистам, ун кафтари гурезпоя бо ресмон баста мемондам… Уфф… Агар ҳозир ҳамун кафтарак мебуд…

– Чӣ кор мекардед? – бо имои чашм пурсид Бимастура.

– Даррав пӯсту пора карда, ба дег меандохтам.

– Неъ! – Бимастура тамоми қувваташро ҷамъ оварда, пурсӯз нидо баровард. – Гушти ун кафтара хурдан мумкин не!! Вай… кабутари бахтовар…

– Бахтовар буд, марговар шуд! – сӯзи дил пинҳон дошта натавонист дуредгар. – Туро аниси беҳтарин буд, лекин… дар лаҳзаи заруртарин гурехт. Туро танҳо партофта, бенишон ғайб зад. Хиёнат кард ба ту!

Аз таънаҳои шавҳар маҷрои фикри Бимастура тарафи дигар тоб хӯрд ва гиряолуд гуфт:

– Рост мегуед, хиёнат кард! Вақте донист, ки гушти кафтар мисли нушдору ба ман зарур аст, ҳам худаш гурехту ҳамҷинсҳояшам гурезонд, ба тухми кабутар қирон овард! Шумоя сарсон, мана бесомон кард. Агар ин кафтари нобакор ба дастам афтад…

Абдулсайид бо тааҷҷуби ошкоро ҳамсарашро нигарист, ки ранги рӯяш аз ғояти ғазаб кабуди сияҳфом гашту дандонҳояшро ғачарос занонда, бо мадади кадом як қувваи ниҳонӣ аз ҷой нимхез шуд ва бехудона фарёд кашид:

– Агар ун кафтари бевафо ёфт шавад, бо дасти худам пора-пора карда, хомохом мехурам! Хунашро об барин дармекашам! Хезед мардак, ёбед вай кафтара…

Бимастура тамоман беҳолу бемадор гашту рӯйи ҷойгаҳ пару афтид. Момодоя бесаранҷом шуда, шавҳари саргарангро ба по хезонд:

– Аҳволи занак чатоқ! Агар то бегоҳ обу ғизо нахӯрад, кӯдак талаф мешавад. Хезед, аз таги замин бошад ҳам, ягон кафтарбача ёфта бед.

– Боз ба куҷо равам? Дар Ворух кафтархона ё кафтарбозор набошад…

– Кафтархона гуфтед? – якбора ба ҷони момодоя ҷон даромад. – Назар ба шунидам болотар аз Санги калон кӯҳе ҳаст номаш Кафтархона. Зуд бошед, аз шикорчиҳо пурседу тозед!

Шикорчии мумтоз Акбар-паҳлавон узр пеш овард, ки кори заруре дораду ҳамроҳ рафта наметавонад ва фақат роҳ нишон медиҳад.

– Шикорчиҳо Санги калона дарвозаи Кеҳ мегӯянд. Як фарсанг болотараш кӯҳи Гаҳвораи заррин ҳаст. Аз бараш як дарёчаи шӯх мегузарад, ки пули ларзон дорад. Аз кӯпрук гузашта, сесад қадам тарафи чап баройӣ, ба Кафтархона мерасӣ. Валекин бағоят эҳтиёт шав, ки пайроҳа лағжонаку хатарнок асту таги ҳар санг як мори калон хона дорад.

– Ин морҳо кафтарбонӣ мекунанд?

– Не, Гаҳвораи заррина посбонӣ мекунанд.

– Аз кӣ?

– Аз деву дад. Мегӯянд, ки гаҳвораи заррини дар мобайни кӯҳ будагӣ моли шоҳи париён асту дар гаҳвора фақат паризодаҳо ҳақи хоб доранд.

– Ба гаҳвора коре надорам, ба ман кафтар даркор.

– Ин хел бошад, натарс. Харсавор меравӣ ё пиёда?

– Аспакӣ.

– Ҷудо нағз. Бишитоб. Роҳи сафеду барори шикор…

Аспи бодпо соҳибашро зуд ба даромадгоҳи Кафтархона расонд. Аммо, қасди кор, кӯпрукро об бурда буду Абдулсайид ҳарчанд кӯшид, на пиёдаю на савора ба соҳили дигар гузашта натавонист. Аз қаҳру алам ба оби лойолуд туф карда, бечораҳол ба замин нишаст ва имдодталабона ба гирду атроф нигарист. Дар ин моваро теғи нигоҳаш ба Гаҳвораи заррин бархӯрд ва… мисли моргазида аз ҷой ҷаҳида хест: бо чашми сар баръало дид, ки дар он ғорчаи гаҳворамонанди мобайни кӯҳ кабутаре бовиқор нишастааст.

Усто кабутари сафедро дарҳол шинохт. Тоқӣ аз сар гирифтаю дастонашро ба ду тараф алвонҷ дода, аз бехи гулӯ овоз кашид:

– Эй-й кабутари уме-ед!! Поё-онн фаро-ооо!! Кадбонуят интизо-ооор!!!

Кафтар ҳам соҳиби овозро шинохт. Балки ӯро интизорӣ мекашид магар, ки бол афшонда, тирвор поён парид ва ба зини асп нишаст. Саҳле нафас рост карду ба китфи рости Абдулсайид гузашт ва зайли пешина «Курр-курр» овоз баровард. Ё «салом» гуфт, ё «рафтем». Ё ҳар ду…

Назди Санги калон онҳоро… Аҳмадсайид интизор буд.

– Ба Ҳазрати Бузургвор як сабад себу ноки яккачини Ворух ҳадя бурда будам. Аввал аз ҳоли Бимастураю кабутар пурсиданду андешанок гуфтанд, ки «кафтари тоқа дар танҳоӣ дер напояд» ва ду ҷуфт кабутар ба сабад андохтанд. Ба ту дуруди фаровон гуфта, хатчае навиштанду фармуданд, то оҷилан дастрас намоям. Аз ҳамин сабаб шитобон ба ҷустуҷӯят омадам.

Нома ҳамагӣ аз як ҷумла иборат буд: «Маслиҳат ин аст, ки агар зани ҳомиларо хӯрдани луқмаи шубҳанок зарур бошад – раво бошад». Абдулсайид моҳияти маслиҳати саривақтиро фаҳмиду сари кабутари мушкилкушоро сила карда, бо тамоми қувват аспро маҳмез зад. Мехост ҳар чи зудтар кабутар бо ду дасти адаб ба кадбону супорад. Вале паррандаи зирак пешдастӣ кард ва ба ҳавлӣ расидан ҳамон бо чусту чолокии ҳайратангез аз бағали аспсавор берун парид ва болои сандалӣ ором нишаст.

– Омадӣ? – пурсид Бимастура бо чашмони хунполо.

– Кур-р! – садо баровард кафтар ва ҷониби Абдулсайид нигарист.

– Ист, бонуи дилам! – саросема, аммо омирона нидо кард кадхудо. –Амакат аз Хуҷанд чор кабутар овардагӣ. Ҳозир мебиёрад.

– Не! Ба ман кабутари дигар даркор не. Ин бевафоя ҷазо метиям! Дӯсте, ки вафо накард, душмани мост!

– Сабр кун, бонуҷон…

Момодоя наздиктари кадхудо омада, аз оринҷаш дошт:

– Бо зани сарторик гапгузаронӣ накунед, соҳиб. Сар торик шавад, ақл тира мегардад. Сарторик аз девона пурхатар аст, вайро ба ҳолаш монед…

Бимастураи ҳалиму меҳрубон, ки то ба ин лаҳза ҳатто пашшаро озор намедод, ҳолиё дилраҳм набуд. Лабони парсингбаста бо пушти даст пок намуда, дандон ба ҳам совиду ғароиб хандида, мисли гурбаи ваҳшӣ кабутари таслимшуда ва ором истодаро дудаста ба чанг гирифту саросема сар аз танаш ҷудо кард. Ниму нимкора пар канду ҳарисона хунаш даркашид. Баъд лабу дандони карахт бо нӯги забон лесида, почаи кафтар ба даҳон андохт. Луқмаро нимхойида фурӯ бурду линги дигар ба даст гирифт. Баъд дилу ҷигар рӯйи каф гузошта, муддате ҷунбонду мисли талқон ба ком партофт ва нимхойида фурӯ бурд. Вақте навбати ҷиғилдон расид, шояд аллакай сер шуда буд, ки лаҳзае таваққуф карда, болою поён ва чапу рости онро бо кунҷковии бачагона аз назар гузаронд ва бо нӯги нохун пардаи ҷиғилдонро дарронд.

Момодоя низ гардан ёзонда, даруни халтадонро нигарист: чанд дона арзану гандум, ду-се ҷисми кирмшабеҳ, андаке баргу сабзаи гиёҳ ва сангпорае аз мош калонтар дид.

Бимастура ҷиғилдон ва ҳама лашу луши онро болои сандалӣ партофту фақат сангчаро нигоҳ дошт. Онро аввал бо нӯги ангуштон ламсида, баъд бо остин пок кард. Сангча дурахше бароварда, дар партави чароғ ҷило дод. Ҷилои рангоранг…

Аз ҷилои санг ақли тирагаштаи зани сарторик равшан гардид. Аз таги болишт ангуштари бенигинро бароварда, санги рахшонро шитобон ба чашми холии он ниҳод. Аҷаб нигине шуд созу мувофиқ! Аз шодӣ мисли гули баҳорӣ шукуфт ва «Нигин ёфт шуд!» гуфта, зангуладор хандид. Баъд кабутар ба ёдаш омад магар, ки гули хандон хазону чеҳраи шукуфон ҳазин гардид. «Во кабутарам!» гӯён, рӯйи чойгаҳ афтид ва баланду бардавом гирист.

Момодоя, ки сирри кабутар ва нигинро намедонист, аз гирдгаштҳои ногаҳонӣ дилтангу асабонӣ шудаю сарҳисоби корро гум карда, то ором шудани Бимастура лоубол истод. Андактар бо ҳадя- ҳои шоҳона ба ҳавлияш рафту расо баъди чор моҳу чор рӯз боз омад. Саҳеҳтараш, вайро бо илтимосу илтиҷои зиёд, аз ҷойгоҳи хобаш хезонда, нисфишабӣ ба сари болини Бимастура оварданд, ки аз шиддати дард печутоб мехӯрд.

Дили тарсхӯрдаи момодоя меларзид. Вале… таваллуди тифли ҳафтмоҳа беозор ва осон шуд…

Садои гӯшнавози меҳмони нав момодояи хоболудро ҳушёр кард. Вазифаи худ ба ёд оварда, ҳадаҳа тифлро рӯйи даст бардошт ва аз шодии ногаҳонӣ «Вай ман мурам! Ин духтарчая бинед, кафтарча барин. Майдаяк… Хушрӯяк. Сап-сафедак» гуфту баъди ба худ омадан паёми табрикӣ ба парокандагӣ изҳор кард:

– Меҳмони нав муборак бошад, духтарам! Илоҳо хушпою қадам ва тансиҳату хушбахт шавад. Чашмат ба дидори моҳи нав рӯшан бод!

Бимастура чашм кушода, дар дасти момодоя тифлаке дид мисли шир сафеду чун моҳи тобон дурахшон. Фаҳмид, ки равшании чашмаш аз талъати ин гулдухтар аст. Шод гашту бо лаби пурханда гуфт:

– Шукри беҳад, ки Соҳиби олам бо шарофати Пири Бузургворам ба ангуштарин нигин доду ба модари мискин Нигина! Шукри Худо, ки соҳиби сарам соҳиби фарзанд шуданд!

Вақте ин суханро Абдулсайид шунид, сабзу хуррам гашт. Гаштаю баргашта Офаридгорро сипосу сано хонд, ки ӯро ба мурод расонд, соҳиби зағораи тиллоӣ гардонд. Сипас шукри неъмат гузорид ва меҳмонхонаи гулкориро оростаю пероста гардонда, фаровон асбоби нишот фароҳам овард. Аҳли маҳалларо зиёфат доду ҳамроҳи ёру дӯстон ба дилхушӣ пайваст.

Дар авҷи зиёфат шавҳари момодоя, ки шоиртабъ буду бо тахаллуси Абдулмаҷиди Ворухӣ шеър менавишт, пой бар замин кӯфта, шоирона бонг зад:

– Эй мардум, маро гӯш диҳед!

Аз доямомо таърифи духтари Абдулсайидро бисёр шунидам. Гуфт, ки рӯи тифли нав чун моҳи нав тобон асту мисли парӣ зебо! Дарҳол як байти Фирдавсӣ ёдам омад:

Ҷудо гашт аз ӯ кӯдаке чун парӣ,

Ба чеҳра ба сони бути озарӣ!

– Ин хел нагӯ, шоир! – ҳадаҳа эрод гирифт Зарифи мударрис. –Бути зебое, ки падари Иброҳими пайғамбар Озар тарошидааст дар Ворух ҷой намегирад!

– Ин хел бошад, паричеҳраи нав бути Ворух аст!

– Дар хонаи Муяссари ҷоду як бути безеб ҳаст, ҳамон кофист!

– Он гаҷпора асту ин гулбадан! – паст наомад шоир. – Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Нигина бути Ворух мешавад. Яъне, аз бути Фархор зеботар, аз бути Яғмо раънотар, аз бути Чигил барнотар хоҳад шудан! Бузургтарин родмарди замон ба Нигина ошиқи шайдо хоҳад шудан!!

Аз ин каломи хуб хушҳолӣ дучанд гардид ва аксарият «Рост мегӯяд шоир, Нигина бадри Ворух, моҳи тобони Ворух, моҳи мунаввари шаби чаҳордаҳум дар осмони Ворух мешавад» гӯён дасти ҳиммат баланд бардошта, ба сари шоир борони дирам рехтанд.

Абдулмаҷид шод гашту нидо дардод:

– Шоҳи олам бандаи бути Ворух мешавад!

Чанд марди сармаст гапи шоирро лоғ пиндошта, «Бас! Дигар жож махой!!» гуфтанд.

Онҳо аз бехабарӣ чунин гуфтанд. Азеро ҳарфу ҳиҷои ин марди оташсухан ҳазён набуд. Вай мисли дигар шоирон шӯху далеру нотарс ва шартакигӯ буд, аммо ҳарзагӯ не: насибае аз ғайб дошту ҳини мавлудаш дар машриқи осмон бурҷи Савр ҷойгузин ва бинобар ин ҳар чӣ пешгӯӣ мекард – хоҳ ба ҳазлу шӯхӣ ва хоҳ ба оҳанги ҷиддӣ – рост мебаромад ё ба ҳақиқат наздик меомад.

Ин карат ҳам фоли шоир мутлақо дуруст баромад: дар шаҳри Гурганҷ намояндаи шашуми сулолаи Хоразмшоҳиёни кабир Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ маҳз дар рӯзи мавлуди Нигина-явми чаҳоршанбеи бистуми моҳи шаввол, соли 596 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба сеюми августи соли 1200 мелодӣ ба тахти подшоҳӣ нишаст…

Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз

Аз мавлуди Нигина ҳазор рӯз гузашт ва амакбобояш Аҳмадсайид ибни Маҳмадсайид ба ин муносибат зиёфате мӯҳташам орост бо номи «Ҳазора». Барои ҳазор нафар дастархон кушода, онро бо ҳазору як хел нуқлу наво оро дод. Чанд гову гӯсфанд забҳ шуду дегҳои қатор аз таомҳои гуногун лабрез гашт.

Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ҳавлии калони тоҷири бузург давра-давра менишастанд – занон дар айвонҳои дарозрӯяи гаҷкорӣ, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати паҳни соябондори мобайни ҳавлӣ пуродам набуд – ҳамагӣ чор марди хушлибос болои кӯрпачаҳои шоҳию бахмал ба лӯлаболиштҳои пари қу такя задаву меҳмони ифтихорӣ будани худро намоиш дода, бо кибру ғурур ба атрофиён менигаристанд. Онҳо кам мехӯрданду бештар гап мезаданд ва ҳар замон беибо қоҳ-қоҳ механдиданд.

Садри ин маҳфил амлокдори бозори Исфара Аҳмадбеки хушмӯйлаб дулунҷа гӯшт мехойид ва аз шарики тиҷоратӣ буданаш бо соҳибмаърака меболид. Кадхудои Ворух Иброҳимхоҷа, ки ғайриихтиёри худ вазифаи чойрезиро бар ӯҳда дошт, ҳар гапи вайро тамаллуқкорона тасдиқ карда, гаштаю баргашта «Бойбобо, марҳамат кунед!» гӯён, гӯштпораҳои равғанин ва меваҷоти беҳтарин наздаш мегузошту гоҳ-гоҳе бо чашми илтифот ба ду меҳмони рӯ ба рӯ низ менигарист, ки аз ҷониби падари Нигина даъват шуда буданд. Чанд сол муқаддам як гурӯҳ устоҳои ворухӣ дар сохтмони масҷиди ҷомеи Исфара чил рӯз тариқи ҳашар кор карданду тибқи тақсимот Абдулсайид шабҳо дар манзили Насриддини усто мехобид, ки қории мураттаби «Қуръон» буду ҳама бо эҳтиром Усто Мулло мегуфтанд. Ситораи ҳар ду ба ҳам рост омаду дӯстони ҷонӣ шуданд ва рафтуомади тарафайнро ба роҳ монданд. Устои сангтарош даъвати устои дуредгарро бо хушҳолӣ пазируфта, додарзодааш Аҳмадро ҳамроҳ оварда буд, ки кайҳо боз тамошои манзараҳои афсонавии ин деҳаи биҳиштиро орзу мекард.

Аҳмади шоиртабъ ба сӯҳбати бузургсолон ҳамроҳ нашудаю ҳар замон мағзе ё мавизе ба даҳон партофта, бо завқи зиёд ҳаракатҳои мавзуни раққосаи тахмин 14-15 соларо тамошо мекард, ки Бойбобо кафи саховатро калон кушода, ӯро ҳамроҳи дастаи мутрибони номдори исфарангӣ ҳадя оварда буд.

Вақте таронаи шӯх анҷом ёфту муғаниҳо аз лаҳни сигонаи Борбад тараннуми сурудеро андар ситоиши волидон оғоз карданд, ба раққоса имконият фароҳам омад, то лаҳзае нафас рост карда, обу ғизо хӯрад. Хиромон роҳ гашта, худро ба ҳалқаи занҳо расонду мурғи хаёли Аҳмад ба парвоз омад. Зеро ба назараш чунин намуд, ки ин духтаракро пештар дар куҷое дидааст. Хеле фикру хаёл карду оқибат дарёфт: соли охирини таҳсил дар мадрасаи Марғинон ҳамроҳи ҳамсабақони шоирпешааш ба дарбори подшоҳӣ рафта, бо сарпарастии вазири фозил ва фарҳангпарвар Баҳоуддин, ки соҳибдевон буд, базми сухан ва ҳунар оростанд. Ана дар ҳамон маҳфили бошукӯҳ ин раққоса низ иштирок дошту мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифт. Байғушоҳ, ки ҳам қуввати фазл дошту ҳам фазли қувват вайро «товуси навхиром» номида, диноре чанд пеши пояш партофта буд…

Мақоми тӯлонӣ анҷом ёфтан ҳамон оҳанги сабук баланд шуд ва «товуси навхиром» бо нерӯи тоза бол кушода, ба рақсгоҳ парид. Дар тан парниёни сабук саҳнаро давр зада, лаҳзае дар мобайн қарор истод, то авҷи рақсро шурӯъ намояд. Ҳамин асно аз байни занҳо Нигиначаи гулгунлибос бо чеҳраи шукуфон дартоз баромаду айнан мисли раққоса саҳнаро давр гашта, дар паҳлӯяш ором гирифт. Ҳама даҳон калон кушода, аммо нафас дарун кашида, интизор истоданд, ки идомаи кор чӣ мешавад.

Мутобиқ ба зарби доира раққоса китф ҷунбонду Нигина ҳам китф ҷунбонд. Раққоса даст бардошту духтарча ҳам даст бардошт. Пой ҷунбонад – пой меҷунбонд, сар афшонад – сар меафшонд.

Доду ғиреви мардум ба осмон печид. Ҳама баробар каф кӯфта, офарин мегуфтанду нидои шодӣ мебароварданд. Бойбобо мисли аспи ҷавмаст шиҳа кашида, як каф тангаи нуқра аз сари Нигина пошид. Часорати ногаҳонӣ ва тақлидкорию ҳаракатҳои ширини кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шир меомаду имрӯз ба ҳама гуна нозу нуз ва эркагию густохӣ ҳақ дошт, аксариятро ба по хезонд. Аҳмад ҳам ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз кат фуромада, «духтарчаи хушрӯча»-ро озод аз замин бардошту дар ҳаво давр занонда, оҳиста поён фаровард ва навозишкорона аз пешониаш бӯсид. Сипас бо овози ҷарангосӣ гуфт:

– Мебинам, ки дастафшонию пойкӯбии ин кафтараки навбол ҳамаро шӯр ангехт. Ман ҳам сахт шодмона шудам. Бадоҳатан як рубоӣ эҷод шуд, ки ба Нигина мебахшам:

Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,

Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.

Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз

Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат!

Шеъри шоирро кадхудои деҳа ба дуо гардонду ҳама баробар омин гуфта, бо шавқи тоза хушҳолиро идома бахшиданд. Абдулмаҷиди Ворухӣ – ҳамон шоири ғайбдон, ки Нигинаро ҳангоми кӯдаки бачилла буданаш «Бадри Ворух» унвон дода буд, ширакайфу чеҳрагулгун лаби тахтакат омаду одоби саломро нопурра баҷо оварда, бетакаллуф паҳлӯи Аҳмад нишаст ва ба тахтапушташ тап-тап зада, мастона гуфт:

– Ман ҳам усулу бозии Нигинаро дида, як шеъри зӯр бофтанӣ будам. Офарин ба ту, ки пешдастӣ кардӣ. Биё, ҳамин шеъри туро хушрӯ навишта, ба падараш тӯҳфа мекунем. Усто хурсанд мешад.

Хоҳиш дарзамон иҷро гашту Абдулмаҷид аз коғазпора рубоиро бо овози баланд хонда, ба Абдулсайид бахшид ва шодиёна гирифт. Сипас бори дигар бо кафи даст китфи Аҳмадро тап-тап «навозиш» карда, дар лаби дарёча ӯро ба сӯҳбат кашид:

– Бахудо, ки шеъри нағз эҷод кардӣ! Ту чанд сол боз шеър менависӣ?

– Се сол боз… Аз чордаҳсолагӣ машқи шеър мекунам.

– Устодат кӣ?

– Бародарам Шаҳобиддин.

– Шаҳобиддини Булбул? Писари қозии Тамохуш?!

– Бале.

– Вайро нағз мешиносам. Чандин бор ҳамроҳи Усто Мулло ба Ворух омадагӣ. Мо якҷоя бисёр кӯҳу дараю ҷоҳои зеборо тамошо кардагӣ. Лекин туро якум бор мебинам.

– Шаш сол дар Марғинон будам, муҳассили мадраса…

– Шаҳобиддин чаро наомад?

– Вай ҳозир дар Самарқанд. Аз Ворух баргардем, наздаш меравам.

– Барои тамошо?

– Не. Таҳсилро давом додан мехоҳам. Боз… дар он шаҳр шоирони зӯр бисёр…

– Рост мегӯйӣ. Афсӯс, ки ҳамроҳат рафтан наметонам.

Шоирам ман, шоирам ман,

Шеъри ман дар қуллаи кӯ.

Аз сари сангу сари ҷӯ

Мезанад рӯ, медиҳад бӯ.

Агар хоҳӣ, ҳамроҳ Ворухро чарх мезанем. Ҷойҳои Шаҳобиддин дидагиро мебинӣ, илҳомат ояд, шеър менависӣ.

– Саломат бошед, ако, ки табъи дилам сухан гуфтед. Ман барои зиёфатхӯрӣ не, барои тамошо омадагӣ. Бародарам гаштаю баргашта мегуфт, ки «то Ворухро бо чашми дил набинӣ, шоири асил намешавӣ!»

– Гапи Шаҳобиддин ҳақ асту рост. Ворух манзараҳои зебо бисёр дораду таърихаш қадимаю бою рангин. Дар бағали ҳар санги Ворух як қисса асту ҳар ғор пури асрор ва ҳар қуллае соҳиби як ҳикмате…

– Муболиғаро ба ҳадди ғулувв расондед, акои Абдулмаҷид! –беғаш хандид меҳмон. – Масалан, қуллае, ки тори сари мост, чӣ ҳикмат дорад?

– Ҳикмати ин қулла – як номаш Тешазадагӣ – басо талх асту мағзаш аз ишқи ҷигарсӯз бармеояд. Номи дигари ин кӯҳ Душоха асту ба ишқи Фарҳод пайванд:

Ошиқам ман, ошиқам ман

Дарду доғам бод бурда.

Банди дил ҳамчун Душоха

Тешаи Фарҳод хурда.

Мегӯянд, ки замонҳои қадим дар Ворух як гулдухтари нозанине машҳури олам буд бо номи Парихон. Қадаш сарви равон, лабаш гули хандон ва рухаш моҳи тобон будаасту Ширини моҳҷабин дар хирмани ҳусни вай хӯшачин. Бисёр ҷавонҳо аз дуру наздик ошиқи ин парипайкар шуда, хостгор аз пайи хостгор мефиристоданд. Вале ҳама ҷавоби рад мешуниданд. Зеро ин духтар Фарҳод ном деҳқонписари дилхурӯш ва орзупарварро дӯст медошту ҳар ду ошиқи ғош буданд ва савганди садоқат ба забон оварда, ки агар ба висоли якдигар нарасанд, тарки дунё мегӯянд. Падари духтар аз ин ишқи ифротӣ огоҳӣ дошт. Аммо на духтар ба Фарҳод додан мехосту на духтар аз даст додан. Рӯзу шабон фикр карда-фикр карда, тадбире ёфт ва ба ҳама хостгорон чунин шарт гузошт:

– Ҳавлии ман соярӯ – соле ёздаҳ моҳ ҳавояш хунуку рӯшноияш тунук, фақат як моҳи чилаи тобистон рӯйи офтоб баръало намоён мешавад. Чунки қуллаи сабили рӯ ба рӯ пеши офтоба гирифтагиаш гирифтагӣ. Ҳар касе ин қуллаи бахила паст карда, манзили мана офтобрӯя кунад, Парихон ҳаққи ҳалолаш шавад!

Ин шартро шунидан ҳамон ҳамаи хостгорҳо бо алам ба қуллаи баланд нигаристаю «зӯри беҳуда миён шиканад» гуфта, ноилоҷ дасту дил шустанд. Фақат Фарҳоди ориятманд путку теша ва обу тӯша гирифта, чун ҷавоншери маст худро ба тори кӯҳ расонд, то қуллаи баландро паст гардонад ва коми дил ба даст орад. Ҳафтае чанд обу арақ резонда, пайваста путку теша зада, аз ду тарафи қулла камар кофт, то кӯчонидани қулла осон гардад.

Мардуми деҳа аз ҳарбу зарби деҳқонписари шердил бо кӯҳи бахил ба таҳрик омада, хайрхоҳона даст ба дуо бардоштанд. Зеро аз поён баръало медиданд, ки агар Фарҳод боз андаке заҳмат кашад, рахна васеътар гашта, кӯчидани қулла осонтар мешавад. Аз дуову санои мардум рӯҳ гирифта, ошиқписар солор аз ҷой хесту бо тамоми қувват, Рустамвор, путки гарон ба сари санги калон кӯфт. Он чорпора гашту ба ҳар тараф пош хӯрд. Тамошогарон оҳи сабук кашиданду Фарҳод шодмона ончунон наъра зад, ки аз акси садояш кӯҳ ларзид. Сипас пешонабанд аз сар кушода, арақи гардану рӯй пок карду латтапора мисли Дирафши Ковиёнӣ алвонҷ дода, ба чашминтизорон ва дар навбати аввал ба Парихон нахустин пайки зафар расонд. Шӯру ғиреви ошиқнавозон ба фалак печид ва дастафшону пойкӯбон паёпай «Офарин!» мегуфтанд. Парихон низ дар болои бом болу пари шодӣ кушода, рӯймоли ҳарир аз сар ба даст гирифту чун ливои ошиқон ба ҷилва овард.

Ҳама суруру тантана доштанд, ғайр аз Хусрави бойбача. Вай ҳам талабгори ашадии Парихон буду аз он ки рақиби сарсахташ Фарҳод ба фатҳи қулла қариб омадааст, чун мӯйи сӯхта ба худ мепечид.

Падари сарватманди Хусрав аз ҳоли зори фарзанди нолон ҷигарбирён шуда, дартоз пеши падари Парихон омад ва ҳадаҳа гуфт:

– Ҳавлии калони сари баландиро, ки чор хонаи барҳавою равшан дорад, бо ҳама фаршу колояш ва боғу гулзораш пурра ба ту бахшидам. Ин макони дилкушо ва офтобрӯяро мегирӣ?

Аз ҳадяи ногаҳонӣ падари Парихон пакар гашту пеши пойи падари Хусрав дузону нишаста, замини хидмат бӯсид ва шоду хандон гуфт:

– Бо чону дил мегирам ва аз мағзи дилу ҷон розӣ мешавам, ки фарзандони мо ақди никоҳ баста, ба муроду мақсад расанд!

Ин номардӣ барқвор ба гирду атроф паҳн гашту хурду калон дилсиёҳ гашта, андӯҳнок ба хок бознишастанд. Тағйир ёфтани ҳолати мардум Фарҳодро ба таҳлука андохт. Хавотиромез ҷониби ҳавлии маҳбубаи хеш нигарист. Дид, ки Парихони навакак чеҳрахандон болои бом парӯ хобида, дасткӯбон зор-зор гиря дорад. Дилаш таҳ кашид. Зеро медонист, ки навҳаи номуборак нишонаи мусибат асту гиряи маъшуқа мотами ошиқ мешавад.

Ҳазор афсӯс, ки чунин шуд: Парихон гирён-гирён рост хесту ба қуллаи кӯҳ нигарист ва бо аломати видоъ даст афшонда, аз боми баланд худро каллапо ба замини сахт партофт. Фарҳод, ки ин фоҷиаро аз боло бо чашми хунполо медид, «мардона мурдан дар роҳи ишқ кори мардони мард аст!» гӯён, бо ангушт Парихонро ишорат карду аз қуллаи тешазадааш худро сарозер поён афканд.

Кӯҳкамари бо зарби теша кандаи Фарҳод ба қабри ошиқи номурод табдил ёфт…

Аҳмад қиссаи афсонавиро бо мароқи том шуниду зери лаб ғурунгид:

– Ин ғам, ки аз Хусрав ба дӯстдорон расид, аз чашму дили газоф- кори падарон расид. Рӯзаш ва рӯяш сияҳ бод нохалафро!

Рости гап, дар бораи ишқи номуроди Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун қиссаҳо бисёр шунида будам, вале саргузашти Фарҳоду Парихон басо шигифтовару дилхарош аст. Сад афсӯс, ки тешаи Фарҳод дили сангро шикофт, аммо ба дили сангин асар накард. Ҳазор афсӯс, ки номардӣ теша бар решаи ишқварзӣ зад… Худо агар хоҳад, вақту соаташ ояд, перомуни ин қисса достоне пуршӯр хоҳам набишт!

Эй набзшиноси ошиқон ангуштат,

Олуда ба хун аз раги ҷон ангуштат!

В-эй чанги Парихони сабукдилшударо

Ҳар дам чу парӣ дода забон ангуштат!

Рӯзи дуюми саёҳат шоирон ба тамошои дараи Патар рафтанд. Дар себаргазори хушнакҳати лаби ҷӯйбори Лор, ки оби ширину зулолаш аз чор чашмаи кӯҳсор қатра-қатра ҷамъ мешуд, муддате бофароғат нишаста, кӯфти роҳро бароварданд. Аҳмад аз тамошои манзараҳои яке аз дигарӣ зебо ва хониши мурғони хушилҳони кӯҳистон шайдочашму шефтадил гашта, пиёлаи пудиначой то қатраи охирин нӯшид ва бо шеваи ҳайратомез пурсид:

– Ин мавзеъро чаро Патар мегӯед?

– Ман аз куҷо донам? – бо ангушти ишорат буни гӯш хорид Абдулмаҷид. – Ҳатто намедонам, ки Патар чӣ маъно дорад?

– Патар калимаест, ки тилисму таъвизу тӯморро дар якҷоягӣ фаро мегирад, – шарҳ дод шоири Исфарангӣ. – Тилисм чизест, ки ё бахту саодат меорад ё бадбахтию фалокат. Таъвиз дуои дафъи балост. Тӯмор низ балогардон асту хаташ ончунон дарҳаму барҳам, ки агар сад сол ҷон коҳонӣ, ҳарфе хонда натавонӣ. Яъне, «патар» вожаи нохуб аст, аммо ҳайронам: макони биҳиштӣ чаро Патар ном дорад?

Абдулмаҷид чашми имдод ба ҳамроҳон дӯхт. Деҳқони солхӯрдае риши кӯтоҳашро бо ангушт шона зада, барои ҷавоб кӯшид:

– Замоне ин ҷо сайргоҳи наварӯсон ва гулдухтарон буд. Ҳар рӯзи чоршанбе тӯда-тӯда барои чархзанӣ меомаданд. Бо худ дегу коса, нону қанд, биринҷу равған ва доира оварда, то ош пухтан ва баъди таом хӯрдан рақсу шодию обпошӣ мекарданд. Он рӯзи нишаст чоршанбеи муродбахш ном дошту ҳузури мардон ва ҳатто писарбачаҳо қатъиян манъ буд. Занҳои калонсол, махсусан кампирҳо низ аз маърака берун буданд, ки ин ғашу ғазаби онҳоро ҷунбонду ҷӯшонд ва сар шуд тӯморборон, тилисмбандӣ ва сеҳру ҷоду. Дар натиҷа сайргоҳ ба ҷангҷой табдил ёфт: духтарон ба ҷойи рақсу шодӣ аз барои дупула гап арбадаю муноқиша мекардагӣ шуданд, ҳини рафтуомад дасти яке мешикасту пойи дигаре ланг мешуд. Арӯсаке тифли ношуд мезойиду дигараш аз бефарзандӣ пушти даст мехойид. Баъде, ки дар паси харсанге як ҷавонро бо духтаре ҳамоғӯш ёфтанд, корд ба мағзи устухони волидон расид ва онҳо «Патар хатар дорад!» гӯён духтарони худро иҷозат надоданд, ки дигарбора ба сайргоҳ раванд ва роҳи онҳоро ба мавзеи Беди каҷ гардонданд…

– Патар ҷойи хатар бошад, хезед, ки рафтем! – шӯхиомез нидо кард кадоме. Ҳама бо нигоҳи савол меҳмонро нигаристанд. Вай аз оби мусаффои ҷӯйбор чашм наканда, хаёломез аз Абдулмаҷид пурсид:

– Ҳоқонӣ ном шоирро медонед, ако?

– Ҳа. Қасидаҳои хуб дорад…

– Вай ба Ворух омада бошад ё не?

– Инашро намедонам. Чӣ буд кӣ?

– Як байти шоир ёдам омад дар бораи Патар. Гӯш кунед:

Чашми бад, к-аз патари оҳанӣ таъвиз нагашт,

Банди таъвиз бибурреду Патар боздиҳед!

Шумо ҳам аз чашми баду тӯмору таъвизи кампирҳо наҳароседу банди тилисм бибурред ва роҳи Патар фарох бикушоед, ки аҷаб нишастангоҳи олиҷаноб асту аз Каҷбед беҳтар! Макони дилкушо набояд ҳайф шавад. Сидқан бикӯшед ва сайргоҳ ба соҳибдилон боздиҳед.

Деҳқоне, ки таърихи Патарро ҳикоят карда буд, бо чашми пуршарар аз ҷой хест ва даст болои дил ниҳод:

– Барои ворухӣ сухани шоир баробари фармони амир қадру қимат дорад! Ин дафъа биёед, Худо хоҳад, болои шоҳкат мешинед, сайргоҳро пуродам мебинед ва даҳчанд лаззат мегиред.

Ҳама баробар дасти омин бардошта, бо дили шод роҳи сафар идома бахшиданд.

Рӯзи сеюми саёҳат аз тамошои Рахнаи Оташон оғоз ёфт, ки дар ҷониби шимолу шарқии деҳа воқеъ буд. Вазифаи роҳбаладиро мударриси мадраса Зарифи Доно бар ӯҳда дошт. Ин марди таърихдон ва олими забардаст ҳамроҳонашро лаҳзае аз роҳгардӣ боздошту бо ангушти ишорат тарафи офтобшинамро нишон дода, гапро аз дуриҳои дур оғоз бахшид:

– Ҳу, ана он кӯҳи сарсафедро мебинед? Дар бари доманаш гӯри муғ ҷой гирифтааст. Шояд бипурсед, ки чаро гӯристон ё қабристон не? Барои он ки пайравони дини зардуштӣ баробари оташу офтоб заминро низ муқаддас дониста, майит дар хок намегӯронданду фақат устухонҳои аз гӯшт ҷудошударо ба новус андохта, дар дахма мегузоштанд. Дар ин кӯҳкамар бошад, маъбади оташпарастон ҷойгузин буду агар ба ҳисоб гирем, ки дар Ворух салтанат беш аз чаҳор ҳазор сол пеш ба габрону муғон тааллуқ дошт, пас ба хулосае метавон расид, ки ин дайр хеле қадимист.

– Оре, оташкадаи Ворух маъруф ва машҳур буд, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Аҳмад. – Дар китобҳои қадима сабт шуда, ки ба ин дайри муғон аз Бухорову Самарқанду Истаравшан низ мубадону коҳинон ва ҳатто мубади мубадон ташриф оварда, манзумаҳои «Авесто» месуруданду тафсири «Занд» мехонданд.

Мударрис бо ишораи сар шарҳи шоирро тасдиқ намуд ва бо шавқи аввала афзуд:

– Боз як чизи дигар: ҳама ҷашну маросимҳои хурсандӣ, маҳфилу тантанаҳои муғон дар ин оташкада баргузор мешуд…

– Ҳатто базми арӯсӣ? – пурсид ҷавоне.

– Бале. Дар ин маҳфили муборак зардуштиён аз оташи ҳамеша фурӯзони дайр гулхани бузурге афрӯхта, шоҳу моҳ, яъне арӯсу домодро гирди он давр занонда, занону мардон баробар мерақсиданду суруд мехонданду шодкомӣ мекарданд. Авҷи аланга, яъне спаниш лаҳзаи висол буд.

– Ин одат ҳоло ҳам дар Ворух давом дорад, – луқма партофт Абдулмаҷид. – Фарқаш ҳамин, ки имрӯза домод саллаю тоқӣ дораду арӯс фаранҷӣ.

Возрастное ограничение:
16+
Дата выхода на Литрес:
10 февраля 2023
Дата написания:
2023
Объем:
690 стр. 1 иллюстрация
Правообладатель:
Автор
Формат скачивания:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip

С этой книгой читают

Новинка
Черновик
4,9
171