Читать книгу: «Нигина ва Мирмалик»

Шрифт:

КАБУТАРИ БИҲИШТӢ

Пешгуфтори китоби якум. Саргузашти зани фарзандгадо, ки суратан афсона асту афсун, лек сиратан достонест ростмазмун

Абдулсайид як дуредгари одӣ буд. Вале ворухиён вайро Устои гулдаст меномиданд. Зеро дару тирезаҳои зебо, сандуқу гаҳвораҳои таърифӣ, хонаю айвонҳои барҳаво месохт. Гову гӯсфанд, бузу хар, аспу мурғи бисёр дошт. Аммо фарзанд надошт. Ҳар замон аз мағзи ҷигар оҳи пурдард кашида, «манам орзуманди якто зағора» мегуфту пайваста дуову ибодат ва хайрот мекард, садақа медод, муроди мискинҳоро мебаровард, дарвешонро менавохт ва аз Офаридгори олам илтиҷо мекард, ки мушкилтарин мушкили ӯро осон гардонаду барояш калу кӯр бошад ҳам, нохуне ато кунад.

Ҳоли ҳамсараш Бимастура аз вай бадтар буд. Дар танҳоӣ гиря мекарду нолаву зора, аз корафтодаҳо маслиҳат мепурсиду аз доноҳо тадбир меҷуст. Ошкору пинҳон сӯхтаю пухта, обу адо мешуд. Аз он ҳайрон буд, ки Парвардгор якеро фарзанди бисёр нохоста медиҳад, аммо хоҳишу нолиши чорсолаи ӯро намешунавад: дар талаби фарзанд пеши сад табиб рафту саду як хел алафу гиёҳ хӯрд, назру ниёз бурду лобаву зорӣ карду хун гирист, лек бефойида – ҳамоно зунг асту гунг – буғуз1 не…

Боре як ҳамсоя ба Бимастура маслиҳат дод, ки пеши холаи Муясарбону равад. Ин кампираки ҷину паридор ва аз сеҳру ҷоду бархӯрдор фол мекушод, мушкилкушо мекарду хобгузорӣ, ҳам табибӣ. Одамонро ба якдигар гарму хунук карда, бо афсун пеши кор мебасту бо сеҳр садди роҳ мекушод, ба фарзандталабҳо хоку оби шифо, ба беморҳо ғизою давои худсохта медод, захми чашмро бо кӯрдуд рафъ карда, пулу чизи гумшударо бо мадади ойина аён месохт. Дар канораи деҳа, сари баландие тани танҳо, бе ягон ҳамсоя зиндагӣ мекард. На шавҳар дошту на фарзанд. Калбузе дошту як ҷуфт мурғ ва сагеву пишаке, ки хеле бамуросо рӯз гузаронда, ҳама фармоиши кампирро бекаму кост иҷро мекарданд.

Кулбаи кампираки дудафкан ҳамагӣ се ток дошт. Дар яке кӯзаи лабшикастаи сафолӣ меистоду дар мобайн – китоби қадима ва хеле фарсудаи «Қуръон» ва дар токчаи канорӣ – ҳайкалчаи аз гаҷ сохташуда. Кампираки сеҳргар ин муҷассамаи занонаро бути Ворух мегуфту ҳазорсола меҳисобид ва ҳар дафъа пеш аз амалкард аввал сари онро сила намуда, баъд китоби муқаддасро мебӯсиду ба дидагонаш мемолид.

Муясарбону аввал як тангаи нуқра рӯёнду ба кӯзачаи лаби ток андохта, баъд аз Бимастура ҳол пурсид. Даррав ҷинчароғ гиронду ойиначаи лабшикастаро аз дуди ғализи равғани зағир сиёҳ карда, ба ҷавонзан фармуд, то онро ба пешониаш совида, пок гардонад. Дар ин асно кампирак зери лаб чанд ҷумлаю ибораи нофаҳмо ба забон оварду бо нигоҳи аҷиб ба ойина нигарист ва қоҳ-қоҳ хандида гуфт:

– Чорсола роҳи рафтаю кори кардаат ҳамааш бефойида будааст! Об-бо…

Ҳамон замон ашк аз чашмони Бимастура шашқатор рехту кампир саросема шуд:

– Даррав зиқ нашав, балом. Дар пешунии ту як духтар ҳаст. Лекин пойин фуромаданаш душвору кай ба дунё умаданаш номаълум. Гап тамум, балом, ман ба ту дигар ёрдам кардан наметунам.

– Кӣ метунад?

– Инашро имрӯз гуфтан наметунам. Пагоҳ биё…

Рӯзи дигар Бимастура чоштгоҳон ба ҳавлии Муясарбону расиду вайро бемадор ва бемор дарёфт.

– Барвақттар умадан натунистӣ?! – беҳол ғур-ғур кард кампир. –Борат ҷудо ҳам вазнин будас, мана аз по ғалтунд. Агар андаки дигар дер меумадӣ, париҳо мекуштанд мана…

Бимастура гунаҳкорона табассум карда, ноҷунбон рост меистод. Боз ғаши кампир омад:

– Чува сутун барин рост истодӣ? Танга овардӣ?

– Ҳо. Ана гиред.

– Аз ҷой ҷунбидан наметунам, балом. Пештар биёру ба чашмам нишун тею ба куза андоз…

Ҷарангоси нуқраро шунидан ҳамон мурғон қуд-қуд карданду саг нӯла кашиду буз баос карду пишак мияв гуфт ва кампир аз ҷой хест. Бимастура бошад, аз ҳайрат саргаранг шуда, мисли кулӯхи бачашм карахт гашт. Кампир ба вай эътиборе надода, зуд қаламу қоғаз гирифт. Саросема хаткашак кард, яъне чанд сатри чаппаю роста навишт ва нимовоз дуое хонда, се бор куфу суф намуд. Баъд коғазро пора-пора дарронда, ба дасти Бимастура дод ва гуфт:

– Ин коғаза дар об ҷушунда, хурданат даркор, то ки торикистуни дарунат рушан шавад, балом. Ана ин обдастая гиру аз чашма об биёр. Қади роҳ хасу хошоку ҳезуме, ки дидӣ, ғундошта биё!

Муясарбону коғазпораҳоро ҳамроҳи як каф алафмайда мисли чойи хушк ба даруни обдаста андохту дар оташи баланд ҷӯшонд. Сипас як пиёлаи лаболабро гармогарм ба ҷавонзани фарзандталаб нӯшонд. Ҳарчанд нӯшидани коғазоби бемаза ногувор ва басо душвор буд, Бимастура ба нияти шифо ва сафо боз ним пиёлаи дигар нӯшиду лаҳзае ноҷунбон нишаст. Ҳис кард, ки оби ҷӯш қатра-қатра аз фарғи сар то нохуни пой ба тамоми вуҷудаш шорида, сиёҳии дилро ба сафедӣ бадал намуд.

Аз чунин тағйироти фараҳбахш хотири парешон ва дили ранҷураш андаке таскин ёфту бо арзи сипосу меҳрубонӣ хост аз ҷой хезад. Натавонист. Дурмадароз ҳамёза кашида, бо чашми имдод соҳибхонаро нигарист. Вай худро ба нодонӣ андохта, обдастаро гирифту аз дар берун баромад. Акнун ҷавонзан беист ҳамёза мекашиду чашмонаш худ аз худ нимпӯш шуданд. Тамоми қувваташро ҷамъ оварда, бо азобе нимхез шуд, вале лашкари гаронбори хоб бо шасти дучанд ҳамла карду рӯйи палоси чиркин якпаҳлӯ афтид ва дарзамон хобаш бурд. Баъди лаҳзае рӯйболо гашту сар болои даст ниҳода, гӯиё болои даҳ қабат кӯрпаю болини мулойим хобида бошад, бо лаби инҷ ширин-ширин табассум мекард.

Бимастура хоб медид. Хобе дилписанду гуворо ва ҳам нӯшину малакутӣ: худро пироҳани сафед дар бар ва сарбанди нилгун бар сар соҳили рӯди шӯхоб нишаста дид машғули нақшдӯзӣ. Ногаҳон аз он тарафи дарё, ки кӯҳи начандон баланд ва бедолу дарахти Душоха қомат афрохта буд, кабутаре сап-сафеди оҳарӣ сабук болу пар афшонда, паҳлӯяш омаду болои суфасанги соҳил нишаст. Лаҳзае ором истода, курр-курр овоз бароварду сару тан афшонд ва чангу ғубор дур афканд. Баъд сӯйи ҷавонзан булъаҷаб нигоҳе карду ӯро ба гап даровард: «Хуш омадӣ, эй паррандаи латифу зебо! Ба диёри булбулон ва макони кабки дарӣ аз кадом дашту дара меҳмон омадӣ?»

Ҷавобан ба пурсиши бесадо кафтарак сабук ҷаҳида, ба китфи бонуи гулдӯз нишасту бо шеваи кабутарӣ ҷавобе гуфт. Маънии ҷавобияро, албатта, Бимастура нафаҳмид, вале нуктафаҳмии ин ҷонвари безабон шавқу меҳрашро зиёда гардонду хост онро ба даст гирифта, бо муҳаббат навозиш кунад. Кабутар ҳам магар маътали ин амал буд, ки зуд рӯйи кафи бонуи хубсурат баромада, бо виқору таманно ба тори кӯҳ нигарист. Нигаристу ноором гашта, қанотак зад. Бимастура дар шигифт монда, беихтиёр ба осмон дида дӯхт: паррандаи азимҷуссае болҳои паҳну зардашро васеъ кушода, тори сараш давр мезад!

Ҷавонзан аҳли шикор набуд ва тахмин зад, ки мурғи даҳшатфикан шояд каргас асту қасди ҷони кабутар дорад. Хост баҳри наҷот тадбире андешад ва бо умед ба атроф чашм давонд. Вале дар гирду пеш ғайри дарё, суфасанг ва алафу дарахтон дигар чизе набуд, ки воситаи муҳофизат шавад. Парандаи ваҳмафкан бошад, торафт поён мехамид ва Бимастура дигар илоҷе наёфта, тибқи фармудаи волидон бо забони бурро «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Аъузу биллоҳи мин аш-шайтони раҷим. Оманту биллоҳи ва расулиҳи» гуфту нидо кард: «Ё Пирон, бузургворон! Мадад кунед!»

Вақте маротибаи сеюм калима гардонд, мӯъҷиза ба амал омад: мӯйсафеде хушқадубаст ва нуронӣ, ки дар бар абрапӯстини оҳарӣ, дар сар саллаи ҳафтпечи нуқрафом дошту яктаҳи сафеду дарози урфӣ ва пойафзоли ҳамранги он пӯшида буд, рӯйи суфасанг намудор гардид ва бо овози ширадори форам садо кард:

– Осуда бош, мастураам! Кабутари туро зиёне намерасад. Парандае, ки дар осмон мебинӣ, шарафманд аст – фақат дону гиёҳи пок хӯрад ва ҷонваре наёзорад…

Ором шав, мастураам.

Дил қавӣ дор, ки ҳар гоҳ маслиҳате зарур шавад, туро мададгорем…

Бимастура аз шодӣ як қад парида, бедор шуд. Вале, ҳайҳот: на кабутари сапед буду на Пири ҷомасафед… Аз ҳайрату надомат пушти даст газида, шӯру валвалаи дилро андаке паст нишонд ва саҳл ба худ омада, оҳиста гирду атрофро нигарист – нашавад, ки чашми бегонае рафторашро назора кунаду ба ҳама гӯшрас намуда, масхара созад. Хайрият, хона беодам буду кампирак дар берун ба мурғу сагу пишаку буз обу ғизо медод. Вай безобита шудани «меҳмон»-ро дида, дарҳол наздаш омаду бо лабханди нозебо гуфт:

– Дилу ниятат холис будаст, балом, ки даррав хуфтию тез бедор шудӣ. Чанд вақт пеш як занак тамуми руз ба хоби ғафлат рафту бо азобе бедор карда будам. Гап зан балом, ягун хоби хуш дидӣ?

Бимастура хобашро мӯ ба мӯ қисса карду Муясарбону бодиққат шунид.

– Хобат муборак аст, балом, аммо ҷудо ҳам банду басташ бисёр. Ин хоби одӣ не, хоби табъӣ…

– Ин гапа маънияш чӣ?

– Як маънояш ҳамин ки оқибаташ нек асту ба муроду мақсадат мерасӣ.

– Даҳанатунба шакар, холаҷун!

– Дидани кабутар дар хоб далели ун аст, ки модари духтар мешӣ, балом!

– Забунатунба асал, холаҷун!

– Лекин…

– Чӣ?!

– Хоби кутоҳи туя номуайяниҳош бисёр балом. Он қадаре, ки тунистам, тадбир кардаму дигар наметунам. Хобат ун қадар нуронию раббонӣ, ки фақат аз китобҳои нуҷумӣ рушан мешад. Ин хоби калуна фақат ягун муаббир таъвил кардан метунад, балом.

– Соддатар фаҳмунед, холаҷун. Нуҷуму муаббиру таъвил чӣ маънӣ дорад?

– Дигар хел фаҳмунда наметунам, балом. Боз як бори дигар мегум, ки хобат бисмил не, яъне ҳавлноку торик не, балки чорпаҳлу, яъне тинҷу осудаю оқибаташ нек, балом. Иловатан ҳамин қадар мегум, ки кабутари ту, яъне духтари туя кадум як бузургвор ба шафоат гирифтагӣ, лекин кӣ буданаша намедунам. Аз таъбири мурғи осмун ҳам оҷизӣ мекашам, балом. – Муясарбону узромез табассум карда, аз дарбача ба ҷонварони дастомӯхташ нигаристу чеҳрааш андаке кушода шуд. – Ёфтам, балом: гиреҳи муаммо дар гуши буз банд будаст! Бодиққат гуш кун, балом: аз пагоҳ сар карда, ба ҳафт мазори табарруку муқаддаси Ворух банавбат назру ниёз мебарию мақбараи ҳар кадум бузургвора бо нуки остину бари думан руфта, покиза мекунӣ. Агар бо дили софу тани пок зиёрату ибодат кунӣ, парастори кудак аз худаш дарак метияд…

– Ба ҳамаи ин мазорҳо назру ниёз бурда, гапҳои шумо гуфтагия иҷро кардагӣ ман. Ба мазори Хоҷаи Бобоалӣ чор бор, ба Хоҷаи Мастону Чорсангу Балогардон се борӣ, бо Хоҷаи Имому Шибирғонбобо ва Рахнаи оташон ду борӣ рафтаам. Ягун мурод ки ҳосил нашуд, пеши шумо умадам, холаҷун…

– Ба мазори дигар бузургворо ҳам рафтагӣ?

– Дар Чоркую Исфараю Канд, Марғинону Масчо мазори нарафтагиям намонд…

– Ба Хуҷанд чӣ?

– Рафтагим не…

– Исто, балом. Охирин гапи бузургворе, ки дар хоб дидӣ, чӣ буд?

– Гуфтанд, ки… «ҳар гоҳ маслиҳате зарур шавад, туро мададгорем…»

– Шуд! Ана акнун ҳамааш фаҳмо: мададгори ту бузургтарин бузургвори замун Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ!! Фақат ҳамин Подшоҳмарди Валӣ кабутари бисёр дар ихтиёр дорад. Хез балом, ба хунаат раву тушаю талқуната гирифта, ба шаҳри Хуҷанд давун шав! Пири бузургвора ёв!!

– Он каса чӣ хел меёвам?!

– Аз амакат пурс, ки Хуҷанда хуб медунад, балом. Агар надунад, пеши ман биёяд, ҳама гапу кора мефаҳмунам. Зуд бош, ки танур хунук нашавад. Агар сустӣ кунем, балом, на ту нун бастан метунию на ман! Роҳи сафед, балом…

* * *

Амаки Бимастура-савдогари чорбозоргард Аҳмадсайид кӣ будани шайхи муаззами Хуҷандро медонистаасту садҳо ворухиёни китобхон ва донишманд муриди ин Пири комил будаанд.

– Мардуми Хуҷанд Шайх Маслиҳатдинро аз падару модари худ зиёдтар ҳурмат мекунанду хоки пояшро чун тутиё ба чашм мемоланд, – гуфт бо оҳанги боварибахш Аҳмадсайид. – Зеро бовар доранд, ки ин Бузургвор ҳақиқатан ҳам писархонди Пайғамбари гиромии мо Муҳаммад Мустафо саллалоҳи алайҳи ва олиҳи вассалам мебошаду кафи Мӯсо ва дами Исо дорад…

– Чӣ хел писархонд? – бо ҳайрат нидо баровард Бимастура. – Оъ… Пайғамбари гиромӣ ким-кайҳо, чандсад сол пеш аз дунё гузаштагӣ…

– Шак набиёр, ҷони амак. Беҳтараш, ривояти таърихиро шунав, ки аз китобҳо хондаву аз одамони мӯътабар шунидаам, – Аҳмадсайид сари ҷиянашро сила карда, бо забони содаю фаҳмо нақлашро давом дод. – Ҳамаи мо медонем, ки дар шаби меъроҷ Пайғамбари гиромии мо савори аспи Буроқ ҳафт қабати осмонро гузашта, боло баромада, ба дидор ва сӯҳбати Парвардгори олам мушарраф шудагӣ. Пас аз гуфтушунуфт дар ҷаннат рӯҳи зебоеро дидагӣ, ки байни кунгураҳои арш ва гулзори боғистони ҷаннат аз шох ба шохе мепарид.

Пайғамбари гиромӣ пурсид: «Ин рӯҳи кист? Мард аст ё зан?» Ҷавоб омад, ки рӯҳи мард аст. Пайғамбари гиромӣ андешаманд шуд ва гуфт: «Дар ин дунё фарзанди писар надорам. Иҷозат ҳаст, агар ӯро писар хонам? Парвардгори олам розӣ шуд ва гуфт: «Вай пас аз панҷсад соли реҳлати ту ба дунё падид меояд дар шаҳри Хуҷанд, ки Тироз-ул-оламин аст. Падар ӯро Шамсуддин меномаду чун армуғонат ба вай расад, Бадеъуддини Нурӣ шавад ва аламбардори дини мубини ислом гардад».

– Армуғонаш чӣ?

– Саросема нашав, ҷони амак. Ҳама рӯйдодро ботартиб мегӯям, ту бодиққат шунав. Хуш ки бошад, баъди фуруд омадан аз осмон Ҳазрати олимақом ба саҳобаҳо чизҳои дар меъроҷ дидаю шунидаашро нақл карду он рӯҳи дилписандро ёдовар шуда, афсӯс хӯрд, ки писархондашро дида наметавонад. Товуси Ҳарамайн ном саҳобаи ҷавон, ки хидматгузори ду масҷиди бузурги Маккаю Мадина буд, дарҳол аз ҷой хест ва бо сидқу тавозӯъ гуфт:

– Агар иҷозат шавад, ман тайёрам, ки сабр пеша гирам, то рӯйи мубораки писархонди азиз бубинам ва пайку паёми Шумо ба вай расонам.

Азми ҷазми ёри вафодор Ҳазрати олимақомро хушнуд гардонд ва даст ба дуо бардошта, аз Парвардгори олам барои Товуси Ҳарамайн умри пурбаракат талабид. Дуо мустаҷоб гашт ва саҳобаи гиромӣ мисли Хоҷаи Хизр умри дароз дида, пайку армуғони Пайғамбари оламро ба дасти писархондаш дар синни ҳафтсолагии ӯ супорид.

– Вай чиҳо супорид?

– Ҳар кас ҳар чӣ мегӯяд, ҷони амак. Аз хурмо сар карда, то тиру камону китобу тасбеҳ чизҳои бисёреро ном мебаранд. Лекин шахсиятҳои ҳолдон ин рӯйдоди раббониро як гуна тафсир додаанду агар мароқ дошта бошӣ, ихтисоран нақл мекунам.

– Муфассал гӯед, амак, қиссаи дароз роҳи дарозро кӯтоҳ мекунад.

Аз тасвири муфассали амак Бимастура баръало дид, ки Шамсиддини ҳафтсола ҳамроҳи падараш дар суфакати таги боғи ангур нишаста, сабақ меомӯхтанд. Ғафлатан тири камоне фуруд омада, бар замин парчам шуд. Падар безобита гашта, бо овози ларзон гуфт:

– Ё наузанбиллоҳ! Боварам намеояд, ки нохалафе сӯйи мо тир кушода бошад. Шояд тири марди шикорӣ хато хӯрдааст?

Писари ҳафтсола ором нишаста, бо табассуми беғаш ба рӯйи падар нигарист ва бо лафзи кӯдакона хитоб кард:

– На ину на он, дадо! Касе, ки тир паррондааст, маҳбуби Худо ва дӯсти беҳтарини мост!

– Чиҳо мегӯйӣ, ҷони дадо: дӯст ба сӯйи дӯст ҳаргиз тир накушояд! – шайх Нуриддин саволомез, ҳатто бо андак изтиробу тавалло ба чашмони шӯълапоши фарзанд нигарист. – Ё… ин кори ягон ҷӯраи камонбози туст?!

– Неъ. Чунин гуфтан нашояд, падари гиромӣ.

– Пас, чӣ бояд гуфтан, писарам?

– Касе, ки тир паррондааст, ба суроғи ман омадааст. Моро пеши худ мехонад… Гӯш кунед, дадоҷон, андар дили шаб Пири шукӯҳманде ба хоб дидам, ки бо тавозӯъ пеш омаду аввал дасти сила бар сарам ниҳод ва сипас хурмои тиллоранге ба кафам ниҳоду гуфт: «Ассалому алайкум, эй писархонди Пайғамбари Худо! Ин меваи биҳиштӣ бихӯру ором бихоб ва рӯзи дигар чун тири камон наздат афтад, зуд бархезу ҳамроҳи падар ҷониби мо биё ва дигар амонатҳои пайғамбарӣ аз мо биситон». Каломи хайрбод ба забон наоварда, нопадид гардид…

Даме, ки тири камон пешамон афтид, фаҳмидам башорате аз Ҳақ Таъолоҳ нозил гаштааст.

Эй дадоҷон, биёед, зудтар биравем, ки бузургворе чашм дар роҳи мост…

Хотири парешони падар то андозае ҷамъ гардид, вале изтиробу ғалаёни дил торафт боло мешуд. Зери лаб «писари ман…писархонди пайғамбар… Худоҷон, чӣ хушбахтӣ!» гӯён аз тарзи афтидани тир муайян кард, ки камонвар дар самти қибла мавқеъ дорад. Зуд ба роҳ баромада, дар назди масҷиди маҳаллаи Арабон марде дар либоси қадима диданд кӯтоҳқомату сиёҳҷурда бо мӯйи сафеде чун кофур.

Шутури сафед, ки наздаш чукка зада буд, баробари дидани падару писар даҳон аз кафша боздошта, ҳаракати хестан кард. Шамсиддин дар зини шутур камони мисрӣ овезон дид ва донист, ки тири дар даст овардааш аз он паридааст. Бо нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оварда, хост пеши пирамард дузону шинад. Вале пиру ҳам уштур бо чаққонии ҳаёратовар ба по рост шуданд. Ҳайвони безабон Шамсиддинро бӯйиду сар хам карда, ором истод. Мӯйсафед бошад, ду қадам пеш гузашта, Шамсиддинро гарм ба оғӯш кашид:

– Ассалому алайкум, эй мӯҳтарамзода ва мӯҳташамниҳод Шамсиддин ибни Нуриддин. Шукри беҳад ва сипоси олӣ Парвардгори оламро ва дуруди фаровон Ҳазрати ҳумоюнӣ Мустафои Акрамро, ки ба дидани чеҳраи мубораки писархонди хотами пайғамбарони олам мушарраф шудам ва амонат бехиёнат ба соҳибаш мерасонам! – саҳобаи ҳурлиқо аз ғайб ангуштари яманӣ бароварда, бӯсиду ба чашмонаш молид ва сухан бо оҳанги дигар идома бахшид. – Қабл аз супоридани ангуштарини муқаддаси Расули кирдугор ба фарзандхондашон маро дастур шудааст, ки рӯйдоди шабу рӯзи меъроҷ ва пайомади онро ба шумо қисса кунам.

Ҳар се давра нишастанду саҳобаи масъул ҳама суханҳои гаронқадри пайғамбари гиромиро айнан гӯшрас карда, рӯйдодҳои хотирмони сафари худро то шаҳри Хуҷанд батафсил тасвир кард ва ангуштарини Пайғамбари гиромӣ бо ду дасти адаб ба кафи писархонд ниҳод.

Шамсиддини навғунча аз шодию фараҳ варақ-варақ шукуфта, аввал ангуштарини ҳумоюнӣ бӯсиду ба ҳар ду дида молид ва сипас ба ангушти ишоратии дасти рост андохт. Дарзамон ҳис кард, ки аз ҷониби руди Сайҳун насими фораму рӯҳафзо вазиду ӯро чун парниён сабук боло бардошта, то осмони баланд расонд. Баҳру бару дашту кӯҳсор – кулли оламу одам чун дар кафи даст пеши назараш ба ҷилва омад. Дар вуҷуди хеш қудрати азим, зӯру тавоноӣ ва нерӯи бузург эҳсос намуд.

Айнан дар ҳамин лаҳза Товуси Ҳарамайн ва Эшони Нуриддин диданд, ки аз чеҳраи кӯдаки ҳафтсола нуре падид омад ба сони шӯълаи хуршед ва чашмони ӯ дурахше пайдо карданд мисли ситораи бомдод. Ҳар ду бағоят хушҳол гашта, бо шукру шодӣ даст ба гиребон бурданд.

Саҳобаи мӯҳтарам даст ба китфи Эшони Нуриддин гузошта, лаб ширин кард:

– Эй падари хуштолеъ, шод бошу дер зӣ! Аз ин лаҳза эътиборан шоҳписари ту Нуриддин писархонди Пайғамбари гиромии мост, ки бо лисони мубораки хеш ӯро Бадеуддини Нурӣ ном кардааст! Фарзанди гиромӣ бо лутфи Худованди меҳрубон вақте соҳиби ангуштари пайғамбарӣ гардид, мартабаи олӣ ёфт, ҳомили ганҷинаи Илоҳӣ шуд. Вай акнун воқифи ахбори маонӣ ва кошифи асрори ниҳонӣ аст. Бо шарофати нури абад қомати расояш талъати мавзун гирифт ва дар дили покаш ҷавҳари илҳом ба ислом дурахшон гашт. Акнун аз партави идроки ӯ шамъи Худо ва қутби ҷаҳон равшан шуда, дилу дидаи халқ аз ҷамоли ин машъалафрӯзи роҳи ҳақ пурзиё мегардад ва ҳама мӯҳтоҷи маслиҳати ӯ мешаванд.

Вақте каломи саҳоба ба нуктаи интиҳо расид, падар Худои оламиёнро сипоси беҳад хонд, ки ба нури чашми ӯ чунин давлати бузург муносиб дидааст ва ба тариқи насиҳат афзуд:

– Бовар дорам, ки фарзанди мо сол ба сол беҳтар аз пештар қулфкушои муроди халқ мешавад ва кори каҷи аҳли хаторо рост намуда, ҳар дари сарбаста ба рӯйи мардуми дилхаста мекушояд.

Саҳоба падарро офарин хонд ва тиру камонро аз зини уштур ба даст гирифт:

– Ин камони мисрӣ, ки изи дасти Пайғамбари гиромӣ ва ёрони ӯро дар худ ниҳон дорад, мисли ангуштари муқаддас қудрати бемунтаҳо надорад, аммо муҳофизи ҷисму ҷони ширини писархондаи азиз хоҳад шуд. Дастур ин аст, ки ҳамеша дар ҷойи дастрас ва назарнамо истад ва фақат ба рағми душманони дини мубини ислом истифода шавад.

Баъди супурдани камону тирдон Товуси Ҳарамайн абрапӯстини сафед аз тан кашиду ба дасти Шайх Нуриддин дод. Боисрор таъкид кард, ки вақте Бадеуддини Нурӣ ба синни камолот расад, онро бипӯшад ва ҳар рӯзе ҳафт карат Оятулкурсӣ қироат кунад, ки дар домани ҷома бо шир навишта шудааст.

Баъди супурдани қабои муқаддас Товуси Ҳарамайн расани шутур ба дасти Бадууддини Нурӣ дод ва гуфт:

– Ин уштури сафед тӯҳфаи хоксоронаи ман ба писархонди гиромист. Алҳамдулиллоҳ, ки супориши муқаддас мукаммал иҷро шуд. Хайр, азизонам, паноҳатон ба Худо! Акнун маро як порча хокҷой арзонӣ доред…

Падару писар фурсати лабкушоӣ наёфта, дасти аҷал ба домани умри Пири муваккал чанг андохт. Саҳобаи вафодор бо хотири осуда ҷон ба Ҷонофарин таслим кард…

Бимастура, ки ҳикояти амакро бо иштиёқи том мешунид, фурсате хомӯшона ба дуриҳои дур нигаристу гиряолуд пурсид:

– Мурдаи ин бузургвора ба Арабистон бурданд?

– Не, ҷони амак. Сағонаи саҳобаи муаззам дар дили Хуҷанд, паҳлӯи масҷиди марказӣ ҷойгоҳи сазовор дорад. Ҳазрати Шайх Бадеуддини Нурӣ рӯзу шаб посдори рӯҳи содиқтарин ёри Пайғамбари Худоянд…

– Яъне ки мо аввал ба зиёрати сағонаи саҳоба меравем?

– Бале, ҷони амак…

Аҳмадсайид пешопешу Бимастура аз дунбол бо ишораи шайхи мазор оҳиста қадам ниҳода, ба сағонаи мӯҳташаме расиданд, ки аз сангу хишти пухта бунёд гашта, болояш бо каҳгили зард андова шуда буд. Баъди пурра ба ҷо овардани рукнҳои зиёрат ва ниёиш Бимастура фармоиши Муясараи фолбинро ба ёд оварда, девори сағонаро бо остину домони ҷомаи наваш пок намуд. Сипас атроф-ро аз дуди ҳазориспанди бо худ овардааш муаттар гардонда, бо дили пурумед ба мурғу кабутарҳои гирди сада каф-каф дон пошид ва назрашро ба нигаҳбони оромгоҳ бахшид.

Шайхи кӯтоҳқомат фарзандталаб будани ҷавонзани баландҳимматро дониста, тахтасанги сап-сафеди назди дарвозаро нишон доду бо овози паст гуфт:

– Санги Ҳақдор ана ҳамин. Дар китобҳо набиштаанд, ки ин хел санг ба ҳафт ранг ҳафт адад бошад дар ҳафт иқлими олам. Ин шахпораи одӣ не, санги осмонӣ ва раҳмонист пас аз санги сиёҳи муқаддас дар хонаи Каъба! Санги бахткушо аст барои духтарони дилхаста ва санги ҳоҷатбарорест барои бонувони фарзандталаб. Рӯ ба қибла истода, бо дасти рост сангро дошта, «Дасти ман не, дасти Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ҳақ ба ҳақдор расон» гуфта ва бо пешонӣ сангро суфта, сидқан калима гардонда, талабу ният кардан даркор…

Бимастура нишондоди раҳнаморо мӯ ба мӯ риоя карду ҳини саҷдаи ҳафтум поёни нофаш мисли лахчаи ҳезуми зардолу гармакак шуд басо фораму рӯҳнавоз. Умед кард, ки шояд ниёиш қабул шудаву ҳақ ба ҳақдор расида бошад. Дар чунин лаҳзаи ҳассос шайхи мазор шитобон омаду ҳадаҳа кард:

– Кори заруре баромаду Пирам Подшоҳмарди Валӣ рафтанашон даркор. Таъхир халал меорад, сустӣ ба дурустӣ намерасонад. Кафшро кашида, шиппас ба хонақоҳ даромадан даркор…

Хонагоҳ тозаву озода ва хушбӯй буд, аммо ғайр аз як палоси сафеди туркманӣ, ду кӯрпачаи ба шакли мусовӣ густурда ва сандалии урён, ки болояш давоту қоғаз ва чанд китоби гуногунҳаҷм меистод, дигар бисоте ё ҷиҳозе надошт. Ба девори яклухт ва бетоки тарафи рост мехи чӯбине кӯфта, ҷойнамоз овехта буданд. Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ, ки дар кунҷи боло рӯйи пӯстак нишаставу ҳар замон ба китоби сари зонуяш нигариста, тасбеҳ мегардонд, Бимастураро бо ишораи абрӯ иҷозати нишастан дод. Аммо вай маҷоли ҷунбидан надошт, моту мабҳут ва саропо карахт шуда буд. Зеро рӯ ба рӯяш ҳамон мӯйсафеди нуронӣ ва сафедпӯше менишаст, ки дар хоб дида буд!! Ҳамон саллаи ҳафтпечу ришу мӯйлаби нуқрафом ва абрувони пайвасту чашмони пурмеҳр, ҳамон яктаҳи васеъ ва дарози урфӣ…

Бимастураро ҳаё пахш кард. Ҳарчанд кӯшид, суханҳои қаблан тайёркардаашро ба забон оварда натавонист. Вай гуфтан мехост, ки аз хонадоршавиаш чор сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз бефарзанд аст. Ҳамсолҳояш аллакай дутоӣ ва ҳатто се кӯдак доранду ҳар гоҳе онҳоро бинад, чашмаш чашмаи пуроб мешавад. Шавҳараш низ ҳоли табоҳ дорад, ҷигаркабобу синагирён ва дилбирён асту ғӯла ба танг омада… Ва ғайраю ҳоказо гуфта, маддаи дил кафондан мехост. Вале натавонист. Зеро ҳис кард, ки Ҳазрати Бузургвор ҳамаи ин гапҳоро, ҳатто бештар аз инро хуб медонаду аёнро ҳоҷати баён нест.

Бо чунин андеша муқаддимаи дарднокро нагуфта, рост ба сари мақсад омад:

– Як хоби аҷоиб дидам… Хобкушои деҳа дар таъбираш оҷиз монд… Пеши Шумо гусел кард…

– Хуш омадӣ, Мастураи ворухӣ. Ба Хуҷанд, ки омадӣ, лаби ғунча ба табассум кушо ва дар шаҳри хубони олам гарду ғубор аз дилу чеҳра дур афкан. Зеро ба ту дуруст фаҳмондаанд, ки агар зани чашминтизор кабутар ба хоб бинад, модари духтар шавад. Аммо ту татайюр накун! Яъне аз парвози мурғ дар хоб фоли бад нагир. Ту ба шодию нишоти бештар ҳақ дорӣ. Зеро кабутари сафеди дар хоб дидаат парандаи биҳиштист ва аз кафтархонаи Ҳасти Бибӣ Марям (раҳиматуллоҳ) ирсол гардида, чунин маъно дорад: аз батни ту шоҳдухтаре падид меояд он қадар гулчеҳра ва гуландом, ки аз машриқ то мағриб сурате ба хубию хушӣ тимсоли ӯ нест ва гузаш- тагон мисли ӯ нозанин надидаанду ояндагон нахоҳанд дид!

Акнун сухане бишнав дар бораи он парандаи осмонӣ, ки тори сари ту ва кабутари бағалат тоб мехӯрд: он мурғи ҳумой аст ва бо амри Ҳақ Таъолоҳ агар сояаш бар сари касе афтад, ҳумоюнбахт мешавад. Яъне, кафтараки ту ҷойгузин хоҳад шудан зери болу пари бузургворе, ки он… на манам! Замоне туву амакат дар роҳ будед, «Китобу-т-тафҳим»-и Беруниро назар кардам. Гардиши фалак, ҳаракати ситораҳо ва навиштаҳои дафтари нуҷумият аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзи дар дунё ба парвоз омадани кабутари ту дар машриқзамин шоҳи бузургманиш ба тахт мешинад ва кафтари ту дар сояи давлати ӯ болу пар меафшонад.

Ҳоло сабаби дар хоби табъӣ намудор шудани маро бишнав, Мастураам. Чоштгоҳи рӯзи ҷумъа дар ин хонақоҳ ду ракъат намоз аз баҳри Ягона адо карда, дар муроқиба будам, ки нидое аз ғайб ба гӯш расид: «Дар деҳаи дурдасти саргаҳи Сайҳун мастурае, ки решаи маҷнунбед ва садаи зиёратгоҳҳо бо ашки чашм шодоб кардааст, мӯҳтоҷи маслиҳати туст. Фарзандгадои дарбадарро навозиш намо.»

Бо амри Парвардигори олам дарҳол ба имдод расида, дасти иноят сӯят дароз кардам, эй Мастураам, то ҳама кори ту некӯ шавад.

Вуҷуди ҷавонзан ларзид, дар баданаш рашъа дамид ва ба обу арақ ғӯтид. Зеро «мастураам» гуфтани ин Пир ва он Пире, ки дар хоб дида буд, комилан ҳамсадову ҳамоҳанг буд ва дар дилаш ягон зарра шубҳа намонд. Худро пеши пойи Ҳазрати Бузургвор пар- тофт ва дасту домони вайро беист бӯсида, ашки шодӣ мисли дурдона мерехт.

Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ пас аз андаке тааммул бо нӯги ангуштони муборак сари оҷизаро аз замин боло бардоштаву сила намуда, дар бедорӣ низ дасти шафоат ба китфаш гузошт:

– Дуоҳоят, гиряву нолаҳоят шунида ва пазируфта шуд, Мастураам.

Назру ниёзҳоят, садақа ва бахшишҳои бешуморат қабул гардид, Маъсумаам.

Вақте назди санги Ҳақдор нолиш ва ниёиш мекардӣ, барои таъвил китоби муборак кушодам ва иборае табаррук пеши назар омад: таҳмилуҳу – малоикату2. Ин башорат аз он аст, ки ҷисми поки тифли некро малоикаҳо аз нур хоҳанд сиришт ва дар зиндагӣ фаришта магасрони он баландахтар мешавад!

Ин каломи муборакро рӯйи коғаз овардаю дам андохта, бароят тӯмор сохтам. Ё Мастура, ақбил ва ло тахаф! Пеш ой ва матарс! Туро маслиҳат ин аст, ки ҳамеша онро бо худ дошта бошӣ ва мисли гавҳараки чашм ҳифз кунӣ. Зеро агар тумори нигаҳдошт гум шавад, фаришта бигурезад…

Бимастура тумори чаҳоркунҷаро бо тавозӯъ аз дасти Шайх Бадеуддини Нурӣ гирифта, ба дидаҳояш молид ва барои шунидани давоми сухан боз дузону нишаст. Ҳазрати Бузургвор ояте аз каломи Маҷид қироат карду бо дуои нек таъвил, таъбир ва тадбирро ҳусни хотима бахшид:

– Эй духтари чашминтизори бобо! Вақти хайрбод ҳам фаро расид. Дигар маслиҳат ин аст, ки хезу лаби ҳавзи масҷид рав, ки обаш файзи оби Замзам дорад. Се каф нӯшида, насибаи худ дарёфта, вақти хориҷ шудан занҷири Дари мурод-баромадгоҳро бӯсида, бо касе ягон ҳарфи зиёдатӣ магӯ ва худро ба Ворух расон. Давоми нек роҳатро, пешонаатро Худо кушояд.

Ором ва омода бош, Макнунаам…

Ба шавҳарат аз номи мо дуруд бигӯ. Зеро пуртоқатӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки писанди Худост, меҳвари мазҳаби мост. Калиди бахту саодат, қулфкушои дилҳо ва ҳама мушкилҳо сабр аст.

Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ,

Бикун тамкин, гар ором хоҳӣ.

Бимастура бори дигар одоби пойбӯсӣ ба ҷо оварда, бардам аз ҷой хесту «Раҳмати Худо ба саратон борад, Пири Бузургворам! Умри пурбаракат бинеду ҳазорсола шавед, Пирам Подшоҳмарди Валӣ!» гӯён қафонокӣ аз дар баромада, базудӣ худро ба ҳавзи мусаффо расонд.

Аввал дасту рӯй шусту ба нияти сафо шурӯъ кард обнӯширо. Чун маротибаи сеюм ба каф оби зулол бардошт, кабутари сап-сафеде аз шохи сиёҳбед ба лаби ҳавз нишаст, ки дар минқор ҳалқаи зард дошт. Ҷавонзан об дар каф лаҳзае интизор истод, то ба парандаи беозор халал нарасонад. Вале кабутар ба вай нигоҳе накарда, ҳалқаро лаби ҳавз гузошту нӯл ба об андохт. Бо чанд қатраи пок ташнагӣ бишкасту болу пар афшонда, сабук боло парид. Аммо ҳалқа ба минқор нагирифт: ё фаромӯш кард, ё барои Бимастура ҳадя гузошт.

Оҷизаи ҳайратзада оби дар каф доштаашро, ки аллакай нисф кам шуда буд, саросема нӯшиду бо кунҷковии хоси занона ҳалқа аз замин бардошт. Дид, ки ангуштарест бенигин. Хост бозгашт ба ҷояш ниҳад. Вале дудила шуд. Барои санҷиш ҳалқа ба ангушт андохт. Завқаш омад – ончунон чену чамма, ки гӯё махсус барояш сохтаанд!

«Насибаи худ дарёб» гуфтани Пири Бузургвор ёдаш омад. Аз таҳти дил «Асло рӯзи камия набинед, Пири ҳамабин ва ҳамадонам!» гӯён бо чашми пуршарар гоҳ ба чаллаи ангушту гоҳ ба кафтари чаллабиёр нигариста, баъди бӯсидани занҷири Дари мурод ҷониби ароба бардам-бардам қадам ниҳод. Кабутар лаҳзае дар болои ҳавз бол афшонда, интизор истоду сипас аз қафои ароба парида, вақте аз дарвозаи Хуҷанд берун шуданд, ба боми гардуна нишаст. Аз он ҷо ба китфи кадбону гузашт…

* * *

Бимастура аз дарвозаи ҳавлияш даромадан замон кабутарро раҳо кард. Паррандаи хастагашта муддате қанотак зада, пешу қафо роҳ гашту фиррӣ парида, ба шаҳтоки айвон баромад. Боҳаловат нишаста, «курр-курр» садо баровард. Кадбону сармаст аз суруди кабутар каф-каф биринҷу арзан ба пешаш пошид ва бозавқ хурӯшид:

– Хуш умадӣ, кафтари бахтоварам! Акнун хунаи ман – лунаи ту. Кошунаи ман – ошюнаи ту. Майли хотир боли парвоз кушо!

Кабутари умедро кадхудои хонадон Абдулсайид ҳам хуш пазируфт. Устои гулдаст ҳама корашро як тараф монда, дар кунҷи бом барои ин паррандаи биҳиштӣ кафтархона сохту дар саҳни ҳавлӣ патвоз – ду шохи сафедор ба замин кӯфта, навдаи аз нарангушт ғафстари бедро болочӯб намуд, то нишемангоҳи кафтар шавад. Ҳам дар боло ва ҳам дар поён обу дони беҳтаринро фаровон фароҳам овард.

Ҳафтае нагузашта, кадбону ва кабутар ба ҳам унс гирифтанд. Паррандаи саҳроӣ тадриҷан хонагӣ ва дастомӯз шуд. Бетарсу ҳарос ба хона медаромад, болои сандалӣ мебаромад, сари китфу рӯйи зону менишаст. Андактар кор ба ҷое расид, ки кадбону ва кабутар якҷоя – аз як табақ ғизо тановул мекарданд. Ва рӯзе, ки кадбонуро нишони фарзанд падид омад ва ӯро узри занон баста шуд, қариб буд ба маҳфили онҳо боз як парранда ҳамроҳ шавад.

Лаҳзаи офтоббаро Бимастура дар шохи дарахти мирсанҷалӣ, ки ширинтарин зардолуи Ворух ба ҳисоб мерафт, мурғаке дид зарринболу зебопайкар, хурдҷусса, аммо бовиқор. Беист аз як шиппа ба дигараш ҷаҳида, мисли булбул чаҳ-чаҳ мезад фораму гӯшнавоз. Кадбону ба шавқ омада, дасти рост саҳле боло бардошт, ба умеде, ки паррандачаи зебо рӯйи кафаш биёяд. Вале мурғак рост ба кафтархона париду лаҳзае гирди кабутар парвона шуд. Аз обу донаш насиба гирифту босуръат ҷониби кӯҳи Душоха парвоз кард.

1.Буғуз – равшанӣ ва тулӯи моҳу офтоб
2.Қуръон, сураи 28, ояи 31
Возрастное ограничение:
16+
Дата выхода на Литрес:
10 февраля 2023
Дата написания:
2023
Объем:
690 стр. 1 иллюстрация
Правообладатель:
Автор
Формат скачивания:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip

С этой книгой читают

Новинка
Черновик
4,9
167